• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯНазри Яздонӣ

ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ

Косаи тақдири мо, иқболи мо,
Бод моломоли истиқлоли мо.
Мавҷи табрику зиҳӣ беинтиҳо,
Месарояд бисту панҷу бисту панҷ.

Меҳнати сӯзандаро бишкастаем,
Заҳмати созандаи мо дод ганҷ.
Донаи мо хӯшаи пурбор дод,
Бисту панҷ андар ҳисоби бисту панҷ.

Идомаи: ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ

ШИКАСТАБАНДӢ

Буқроти замона, ки диламро медид,
Аз банди ҷигар оҳи пур аз дард кашид.
Гуфто, ки аҷаб диле, диле бишкаста,
Инро ба дари шикастабанде бибаред.

Дар шуъбаи дилшиносӣ эй бас ҳунар аст,
Буррандаву дӯзандаву кафшергар аст.
Дардо, ки яке шикастабанди дил нест,
Қаллобиву ҷуллобиву парчингар аст.

НАЗРИ ЯЗДОНӢ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37