• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeПОЭЗИЯАкбар Абдулло

ГИРЯИ ДИЛ

Дили бечораам хун гиряд имшаб,
Парешонҳолу маҳзун гиряд имшаб.

Ту гӯӣ Лайлӣ андар шоми ҳиҷрон
Ба ҳоли зори Маҷнун гиряд имшаб.

Дили овораву сарсону зорам
Ба кӯҳу дашту ҳомун гиряд имшаб.

Идомаи: ГИРЯИ ДИЛ

СУРУДИ ИШҚ

Чи мепурсӣ чунинам ё чунонам,
Суруди ишқ бошад дар забонам.

Чароҳатҳо даруни синаи ман
Ҳама рамзи ғами деринаи ман.

Гули ман, чанд бояд дарду ҳасрат?
Бурун бозо, бурун аз шоми хилват.

Зи дасти дарду ғам бо синаи чок
Шавам рӯзе ниҳон дар синаи хок.

Идомаи: СУРУДИ ИШҚ

ТАВАЛЛУДИ НАВ

Хушам, гарчи тамоми умри худро
Ба сар бурдам ҳаме дар ҷустуҷӯят.
Туро кардам ба пирӣ боз пайдо,
Ҷавон гаштам зи нав дар рӯ ба рӯят.

Ва ёдам рафт сӯи лолазорон,
Миёни лолаҳо ту дар канорам.
Мани ошиқдил аз нав бо ҳавасҳо
Бикардам ҳис ҳамбазми баҳорам.

Идомаи: ТАВАЛЛУДИ НАВ

ДИЛИ ҒАМХАСТА

Ин дили шӯрида дигар дилситонӣ мекунад,
Дар дами пирӣ талоши навҷавонӣ мекунад.

Дар дили ёрон бикорад донаи меҳру вафо,
Аз муҳаббат, аз садоқат гулфишонӣ мекунад.

Хуш касе дар роҳи ишқ аз ину аз он бигзарад,
Ҳастии худро фидои ёри ҷонӣ мекунад.

Идомаи: ДИЛИ ҒАМХАСТА

НОМА БА ЯК ХУДХОҲ

Ҷоно, дигар зи лофу газофат ба мо магӯ,
Худро ягона бандаи поки Худо магӯ.

Дурӣ ту аз садоқату имону эътиқод,
Афсонаҳо дигар ту зи меҳру вафо магӯ.

Аз тирагии ҷону дили худ раҳо бишав,
Бар рӯшании ҷону дилам носазо магӯ.

Идомаи: НОМА БА ЯК ХУДХОҲ

ОВОИ ТАЪРИХ


                                                   Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон…
                                                                                                            М. Турсунзода
Ҷони ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.
Чарх аз меҳвар бадар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.

Қисмати талхи ману ин чарх анҷоме наёфт,
Синаҳо хуни ҷигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.

Идомаи: ОВОИ ТАЪРИХ

ЗЕРИ БОРИ ҒАМ

(Дар реҳлати бародари бузургам Ҳоҷӣ Алиҳайдар)

Дар ҷаҳони фисқу ғавғо зиндагӣ кардӣ ҳалол,
Хоксорӣ пешаат буд, родмарди безавол,
Аз баландии ҷаҳон рафтӣ ба монанди уқоб,
То қиёмат алвидоъ , эй додари бишкастабол.

Ногаҳон рафтӣ зи олам, ҳарфи ту ногуфта монд,
Рози пинҳони дилат дар синаат бинҳуфта монд,
Сад ҳазорон орзу будат ба дил, аммо дареғ,
Ғунчаҳои орзуят сар ба сар нашкуфта монд.

Идомаи: ЗЕРИ БОРИ ҒАМ

ТО БИРӮЯД ШЕЪР…

Ман ба дунё омадам фасли баҳор,
Фасли сабзи гулфишонии чаман,
Фасли ишқу нолаву фарёдҳо,
Фасли рангомезии кӯҳу даман.

Тифли гирён чун ба дунё омадам,
Аз баҳори гиряам гулҳо шукуфт.
Гашт равшан синаам аз нури барқ
Наъраи тундар ба гӯшам қисса гуфт.

Идомаи: ТО БИРӮЯД ШЕЪР…

БӮСТОНИ ХОТИР

Ба ёди қадди ту беёдам имшаб,
Ба сар шуд, сарнавишти содаи ман.
Туро дар бӯстони сабзи хотир
Ҷавон дидам, ҷавон, озодаи ман.

Шукуфо гаштаӣ дар ёд чун боғ
Қалам ҳамрози дафтар мешавад боз.
Ба ёдат вожа-вожа ҳасрати ман,
Чу фасли зард пар-пар мешавад боз.

Идомаи: БӮСТОНИ ХОТИР

ҚИССАИ ДИЛ

Қиссаи дилро мани девона бинвисам,
Шарҳи ҳусни рӯи он ҷонона бинвисам.

Аз ҷафояш сокини майхона гардидам,
Номаи ғамро дар ин майхона бинвисам.

Идомаи: ҚИССАИ ДИЛ

КОНТАКТЫ

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе. проспект Исмоили Сомони 8
  • ФАКС (+992 37) 224-57-37