• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

САФАР АБДУЛЛО 30 январи соли 1955 дар деҳаиАртучиноҳияиПанҷакент ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1973-1978, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст.

Фаъолияти илмиашро соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шурӯъ намуда, соли 1979 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий (Маскав) ба коромӯзӣ пардохта, аспирантураро (солҳои 1981-1984) дар ҳамин пажӯҳишгоҳ сипарӣ намудааст ва дар мавзӯи «Сунани ҳаммосасароӣ дар шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Солҳои 1981-1991 муаллимиИнститутиадабиётиҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан, Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст.

 Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳиҷрат намуда, аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курсии забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абулайхон мебошад.

Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии «Эроннома»-ро таъсисдода, сардабирии онро низ бар уҳда дорад. Ва то кунун аз ин маҷалла 50 шумора ба чоп расида аст.

Маҷаллаи мазкур, ки ба забони русӣ чоп мешавад, мақола, рисола ва гузоришҳои илмии эроншиносони кишварҳои мухталифи олам ва мухаққиқони Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо мамолику ақвоми ҳамсоя ба табъмерасонад.

Таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ, суннатунавоварӣ дар шеър, танқиди адабӣ, равобити адабӣ ва фарҳангии эрониён бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус, туркитаборон, забони форсӣ ва нақши он дар густариши фарҳанг дар Шарқи асрҳои миёна муҳимтарин мавзӯоти таҳқиқоти ӯ мебошанд.

Роҷеъ ба ин мавзӯот беш аз даҳ китоб ва  300 мақола ва гузоришҳои илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русиява ғ. ба табъ расидаанд.

Бархе аз мақолаҳои ӯ дар китобҳои «Нури сухан» (Алмаато, 2005), Рӯшаноии сухан” Дукшанбе  с.2015 ,«Магические мосты» (Алмаато, 2005, ба забонирусӣ), “ Магия слова” Алмато. 2015 , «Шаранги андӯҳ» (эссе дар бораи Лоиқ ва эҷодиёти ӯ; Душанбе, 2001) чоп шудаанд.

 Мақолаву ёдномаву марсиятҳои иддае аз донишмандону адибонро дар сӯги шоири фақид Лоиқ Шералӣ гирд овардаву бо номи «Марсияи Хуршед» (Маскав, 2000; 2001 дар Маскав, (2001) ба табъ расондааст.

 Ҳамчунин, кори тарҷума ва таҳияи китоби «Магия Навруза» (Алмаато, 2007), мебошад, ки барои нахустин бор хонандагони русизабони маҳдудаи шӯравии собиқро бо таърихи пайдоиш ва таҳаввули ҷашни бузурги миллии эронитаборон ва оинҳои марбути он шинос мекунад.

Ҳамроҳи донишманди эронӣ Сайидбоқири Камолиддинӣ нусхаи форсии мавҷуд дар Китобхонаи миллии Қазоқистонро тавсиф намудааст, ки соли 2008 ба забонирусӣ мунташир гардидааст. «Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ» низ аз таълифоти ӯст, ки соли 2011 дар чопхонаи Донишгоҳи Аблайхон ба табъ расидааст.

Ҳамчунин, таҳиякунандаи Куллиёти осори шоири маъруфи қазоқ Олжас Сулаймонов (дар 8 ҷилд) ва муаллифи сарсухани муфассали он мебошад. Соли 1995 гулчини ашъори Абайро (дар тарҷумаи Фарзона, ба забони форсии тоҷикӣ) дар Теҳрон ба табъ расондааст.

Бо ибтикори Сафар Абдуллоҳ дар Олмотӣ семинори солонаи “Равобити таърихии Эрон ва Дашти Қипчоқ таъсис шуд, ки соле як бор ва гоҳо дар ду сол як бор ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мешавад, ки дар он донишмандони Эрон, Руссия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ширкат ва суханронӣ мекунанд. Натиҷаи ин семинорҳо дар чаҳор ҷилд дар Олмотӣ ба забони русӣ ва як ҷилд дар Эрон ба забони русӣ интишор шуда аст. Сафар Абдуллоҳ шоҳкорҳои адабиёти қазоқ “Китоби Андешаҳои Обой ва достони “Гурги Хокистарӣ “ и Мухтор Авазховро ба забони порсӣ тарҷума ва дар Эрон интишор карда аст, Сафар Абдуллоҳ виростор ва тадвинкунанда ва муалифи даҳҳо китоб ба забони русӣ аст.

Сафар Абдуллоҳ аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони  Шӯравӣ буд ва ҳоло узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст ва ҳамчунин узви Конуни байналмилалии нависандагон аст. Сафар Абдуллоҳ аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Юнеско ва АСЕСКО барандаи ҷоизаи байналмилалии Форобӣ дар риштаи “Эроншиносӣ” ( соли 2019) шуд. Узви ҳайати таҳририяи чандин маҷаллаи илмӣ дар Эрон, Қазоқистон ва Руссия мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved