• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ШАРИФБЕК АЗИЗӢ 24 апрели соли 1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ таваллуд ёфтааст.

Соли 1981 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, барои кор ба ВКД ҶТ фиристода шудааст.

Аз январи соли 1982 то июни 2010 дар мақомоти милитсияи кишвар ифои вазифа намудааст.

Майори мустаъфии милитсия мебошад.

Ба саҳнаи адабиёт аз охири солҳои навадуми асри мозӣ ворид омадааст ва дар муддати кӯтоҳе худро чун қаламкаши касбӣ муаррифӣ намудааст.

Аввалин қиссаи ӯ «Ҷосус» дар давоми моҳҳои ноябри соли 2001 – июни 2002  дар сию чор шумораи ҳафтаномаи «Озодӣ ва инкишоф» дастраси хонандагон гардидааст.

Маҷмӯаи аввалини навиштаҳояш «Дурахши алмос», ки қиссаҳои моҷаройии «Ҷосус» ва «Дурахши алмос»-ро дар бар мегирад, соли 2004 интишор ёфтааст.

Соли         2005маҷмӯаи   дувуми      осораш «Порикоб» қиссаҳои моҷаройии «Оҳ, Тамара!», «Пораи қанд» ва «Порикоб»-ро дастраси ҳаводорони муаллиф гардонидааст.

Маҷмӯаи савуми нависанда «Парвоз» соли 2007 аз чоп баромадааст.

Соли  2012  порае  аз  қиссаи  детективии   ӯ «Кунҷи          нигоҳ»       дар маҷмӯаи         дастҷамъии «Наврӯзи мо», соли 2013 порае аз романи «То реша дар об аст..» дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№9) ба табъ расидаанд.

Соли 2013 романи «Сангчарх»-ашро (дар ҳамқаламӣ бо бародараш Ҳокими Азиз) пешкаши хонандагон намудааст.

Дар  навиштаҳояш   асосмандона     собит намудааст, ки нафси баду мансабхоҳию вазифаталошӣ, булҳавасию фориғболӣ оқибати шуме дошта, одамонро то курсии ҷиноят мебаранд.

Соли 2007 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved