• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ҲИЛОЛИЁН АСКАР 25 марти соли 1923 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таваллуд шудааст.

Солҳои 1929-1938 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи тибби Машҳад, баъдан дар Донишкадаи     давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров таҳсил кардааст.

Аз соли 1948 машғули фаъолияти босамари рӯзноманигорӣ будааст.

Оғози фаъолияташ дар соҳаи адабиёт ба соли 1942 рост омада, муааллифи китобҳои

«Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ» (ҳамроҳи Ҳоҷӣ Содиқ, 1961) ва ҳикояи «Нозанин» (1964) мебошад.

Дар  ҳамқаламии  Аминҷон  Шукӯҳӣ ҳикояи

«Шаҳло», қиссаҳои  «Шаҳло ва Шифо» (1960),

«Имзои шахсӣ» (1967), романи «Печутоби роҳҳо» (1977-1979)-ро таълиф кардааст.

Асари М.Горкий «Университетҳои ман», қиссаву ҳикояҳои алоҳидаи В. Гюго, романи Н.Островский «Зодагони тӯфон»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ходими    хизматнишондодаи  фарҳанги Тоҷикистон.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1994 вафот кард.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved