• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

АЗ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН!!

 
 

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо андӯҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 1-уми майи соли ҷорӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабари даргузашти шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир расид. Адабиёти тоҷик ба талафи ниҳоят гарон рӯ ба рӯ шуд: бар асари бемории тӯлонӣ дар остонаи 80-солагӣ дили ҳассоси шоир аз тапидан бозмонд.

Идомаи: АЗ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН!!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки 18-уми майи соли 2018 риштаи ҳаёти Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, адиби ҷаҳоншумули тоҷик, арбоби барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ Муъмин Қаноат канда шуд.

Идомаи: РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

Абдулҳамид Самад
Овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид. Шоири тавоно, рангинхаёлу озодандеш Бозор Собир дар айёми гулшукуфт ба рӯзгори пур аз талош ва шебу фарози пуразияти шоирона пас аз бемории зиёд дар Амрико падруд гуфт ва шахсияташ ба хотира, осори арзишмандаш ба сарвати адабӣ табдил ёфт. ӯ дар авҷи даврони навҷӯӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, якбора не, бо тамкину фурсат, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ангезаи эҳсосҳои нотакрор, ҷасорату ирода мавзӯъҳои ватан, модар, ишқу худшиносӣ, ҳақталошиву армонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар адабиёт ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор... ҷону ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардани Бозор ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд; соҳибмактаб низ кард.

Идомаи: ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

АВРУПО: ХОНАИ ОЗОДӢ Ё ПАНОҲГОҲИ ҶИНОЯТКОРОН?!!

Чанде пеш бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА  дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад, анҷом ёфт.

Идомаи: АВРУПО: ХОНАИ ОЗОДӢ Ё ПАНОҲГОҲИ ҶИНОЯТКОРОН?!!

ГУЛДАСТАИ ДӮСТИИ «САДОИ ШАРҚ»

Саҳифаҳои аввали шумораи навбатии маҷаллаи миллии адабии ИНТ "Садои шарқ" (№ 7) бо матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом оғоз меёбад.

Идомаи: ГУЛДАСТАИ ДӮСТИИ «САДОИ ШАРҚ»

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved