• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

ШОДБОШӢ

Муҳтарам Абдунабӣ САТТОРЗОДА!

Пайванди азаливу сириштии Шумо ба донишу маърифат буда, ки баъди хатми мактаби ҳаштсола таҳсилро дар Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ва пасон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давом додед.

 

Фаъолияти меҳнатиатон аз моҳи августи соли 1963 дар Университети давлатии Тоҷикистон аввал ба сифати лаборанти калон оғоз ёфта, баъдан ҳамчун аспирант, устод ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик то соли 1993 давом кард. Дар ин фосила як муддат мудири шуъбаи танқиди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳам будед, ки фаъолиятатон дар маҷалла ба некӣ ёд мешавад. Баъди докторанти Донишгоҳи Маскав ба номи М. И.

Ломоносов (1979-1980) шуданатон фаъолияти Шумо густардатар гардид. Муддате устодии Пуҳантуни Кобул (Афғонистон, 1985-1987)-ро ба дўш доштед.

Аз соли 1993 то 2000 дар кори Маркази ҳамоҳангии неруҳои демократии Тоҷикистон дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Музокироти сулҳи тоҷикон, Комиссияи муштараки назорат бар оташбас ва Комиссияи оштии миллӣ иштирок доштанатон аз корҳои хуби Шумо дар раванди барқарории сулҳу ваҳдати миллист.

Аз ин ҷост, ки 17 марти соли 1999 бо фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ таъйин шуда, то 30 январи соли 2006 ифои вазифа намудед ва рутбаи дипломатии Кордори фавқулода ва мухтори дараҷаи як ва рутбаи тахассусии Мушовири давлатиро соҳиб гардидед. Аз 1 апрели соли 2006 то 14 майи 2012 сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии берунаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ буданатон идомаи корҳои босалоҳияти Шумо дар раванди давлатдорист. Ҳоло ки мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳастед, пешрафти корҳои ин шуъбаро ба хубӣ эҳсос мекунем.

Таҳқиқоти илмию адабии Шумо дар заминаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, поэтика, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ хеле густурда ва назаррас аст. 24 китобу рисола ва ҳудуди 500 мақолаи таълифнамудаи Шумо, ки ба забонҳои гуногуни дунё чоп шудаанд, таваҷҷуҳи натанҳо аҳли илми тоҷик, балки олимони дигар кишварҳоро ба худ ҷалб намудааст, ки бисёре аз онҳо дар бораи Шумо суханҳои хубу ситуданӣ арза доштаанд.

«Нуқтаи пайванд» (1982), «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ» (2001), «Арасту ва назариёти адабии тоҷикӣ-форсӣ» (2002), «Куҳна ва нав» (2004), «Такмилаи бадеи форсии тоҷикӣ» (2011), «Аз Рўдакӣ то Лоиқ» (2013), «Назариёти адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ» (2014) ва ғ. аз зумраи мондагортарин таълифотатон дар бахши улуми адабист.

Узви раёсатҳои Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаҳои мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ ва Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, Шўрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шўрои назорати илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон ва Шўрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ, ҷонишини раиси Шўрои дифои доктории ВАК Русияи Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ, раиси Шўрои экспертии Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи силсилаи “Ахтарони адаб” ва ниҳоят узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1980) буданатон мояи ифтихори мо, ҳамқаламон, аст.

Натиҷаи заҳматҳои пай дар паятон дар ҷодаи илм ва сиёсат буд, ки соли 1999 бо фармони Президенти ҶТ ба ордени «Шараф» ва соли 2011 ба медали «20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», соли 2005 барои китоби «Куҳна ва нав» ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва ғайра шарафёб гардидед.

Мо, ҳамқаламон, ба синни мубораки 80-солагӣ расиданатонро бо камоли эҳтиром шодбош намуда, идомаи таълифоти пурборатонро орзумандем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 


 

ДАР БОРАИ А. САТТОРЗОДА ВА АСАРҲОИ Ў

Истифода аз дастовардҳои профессор Абдунабӣ Сатторзода, бидуни шак, адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосири тоҷикро комилтар ва гиротар гардонида, ба таҳлилу танқиди адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносии муосир боис мегардад. Самара ва дурнамои онро мо дар мисоли таъ- лифоти танқидии худи муаллиф оид ба раванди адабии имрўза мушоҳида мекунем. Донистани назариёти адабии миллӣ ба вай имкон додааст, ки ҳусну қубҳ ва худвижагиҳои адабиёти гузашта ва имрўзаи мо ва қонунмандиҳои нотакрори инкишофи онро ба хубӣ ошкор созад.

Муҳаммадҷон ШАКУРӢ


 

ГУЛНАЗАР:

Тақдим ба Абдунабии гиромӣ:

Аз ман дуруд фозилиСатторзодаро,

Бикшода бар ҷаҳони данӣ қалби содаро.

Аз Рўдакӣ гирифтаву гўям, ки “эй азиз,

Бод аст оламу манеҳ аз даст бодаро!


 

ОЗАРАХШ:

Эҳдо ба устоди арҷманд Абдунабӣ Сатторзода:

Касе дарси суханро ҷон надода,

Ба ҷуз Абдунабӣ Сатторзода.


 

Дар рисолаи А. Сатторзода “Арасту ва назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (асрҳои 9-15) ҳама чиз нав аст: ҳам усули таҳқиқи мавзўъ ва ҳам натиҷаҳои он.

И. С. БРАГИНСКИЙ, узви вобастаи АИ ҶТ


 

Хусусияти хоси Абдунабӣ Сатторзода ба ҳайси адабиётшинос ва мунаққид он аст, ки корҳои ў ҷиддӣ мебошанд. Ў ба анҷоми корҳои саросемавор, норасида ва нопухта майл надорад ва равшан аст, ки ҳаргиз чунин нахоҳад кард. Ҳамаи он чизҳое, ки ба қалами ў тааллуқ доранд, дар байни аҳли илму адаб шуҳрати сазовор ёфтаанд.

Раҷаб АМОНОВ


 

Бузургтарин хидмати профессор Абдунабӣ Сатторзода дар он аст, ки вай ба мавзўе даст зад ва онро мавриди баррасӣ қарор дод, ки то кунун касе ба он ҷуръат ва ҷасорат накарда буд. Вай дар андешаҳои шеършиносии мо як инқилоби илмиро ба вуҷуд овард.

 Тарлан ГУЛИЕВ,(Озарбойҷон)


 

Абдунабӣ Сатторов (Сатторзода) ба доираи беҳтарин намояндагони зиёии муосири тоҷик мансуб аст, ки бо фарҳанги баланд, ҷаҳонбинии васеъ, ростқавлӣ ва одоб, садоқат ба манфиатҳои мардуми худ фарқ мекунад.

В. НАУМКИН, роҳбари илмии Институти шарқшиносии АИ Русия


 

Жарфнигарии таҳлили илмӣ ва муносибати дурусти методологӣ ба ҳалли мушкилоти мураккаби таърихӣ ва назариявии илми адабиёти тоҷик рисолаи Абдунабӣ Сатторовро ба яке аз асарҳои бунёдии адабиётшиносии мо табдил медиҳад. Ин саҳми арзанда дар илми миллии мост.

Расул ҲОДИЗОДА


 

Дар асарҳои солҳои охири беҳтарин мунаққидони мо, монанди Муҳаммадҷон Шукуров, Атахон Сайфуллоев, Абдунабӣ Сатторов, Аскар Ҳакимов ва дигарон эҳсоси амиқи ҷараёни адабиёт, вусъати назар ва партияви- яти ҷиддӣ ба назар мерасад. Мақола ва рисолаҳои онҳо нишон медиҳанд, ки мунаққидони тоҷик на фақат ба воқеъаҳои адабӣ дахолат мекунанд, балки бо ин роҳ бевосита ба ҳаёт наздик мешаванд.

Мирзо ТУРСУНЗОДА


 

Ба фикри ман, бештар баҳои Абдунабӣ Сатторов ва Гулназар хубтар буд. Баҳои хуб на ба он маъное, ки бештар таъриф кардаанд, балки онҳо тавонистанд он сирру асрореро, ки худам медонаму дигарон не, дарк карда, ба мардум пешкаш кунанд. Ва баъд аз ин мунаққидони рус аз рўйи тарҷумаи русӣ нақди хуб кардаанд. Аз ҳар ҷиҳат нақди онҳо навтар аст. Мунаққидони мо аксар аз рўйи он мақому манзалате, ки шахс дорад, баҳо медиҳанд.

Муъмин ҚАНОАТ, (Пора аз мусоҳиба)


 

Намеарзад барои моли дунё

Бародарзода бифребад бародар.

Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,

Ба мо пастӣ намезебад, бародар.

Лоиқ ШЕРАЛӢ


 

 Барои дӯсти покдилу озодаам Абдунабӣ, ки ҳама хубиҳои табиати одамӣ дар ӯ ҳаст:

Зиндагӣ

Гар яке ғайри рӯи аслии худ

Боз ҳам гуна-гуна рў дорад,

Дигаре бо тамоми берўӣ

Обшоре аз обрӯ дорад.

Бозор СОБИР


 

 Ба устоди гаронмояам, донишманди варзидаву инсони соҳибдил Абдунабӣ Сатторзода:

Кӣ шуд аз баҳри илму кор зода?

Ҳамин Абдунабӣ Сатторзода.

Аскар ҲАКИМ


 

Аз ин рў дар дилу дар дидаҳомон

Ба илмаш нақши заррине ниҳода.

Маро Абдунабӣ беҳтар зи ҷон аст,

Ки донишманди беҳин дар замон аст.

Ҳақназар ҒОИБ


 

Ба устоди субҳнасаб ва хуршедмашраби мо Абдунабӣ Сатторзода:

Баргӯ ба хомаат, ки ба ман низ андаке

Омӯзад аз тариқаи гавҳарфишоният.

ФАРЗОНА

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved