• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

2-юми апрели соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Ганҷинаи дастхатҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода» таъсис ёфт. Дар маросими ифтитоҳи ин махзани бебаҳо вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва устодони Донишгоҳи миллӣ ширкат варзиданд. Дар оғоз ҳозирин бо шароити ганҷина ва китобҳову дастхатҳои нодире, ки дар он маҳфузанд, шинос шуданд.

 Сипас дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ба муносибати таъсис ёфтани ганҷинаи мазкур ҷамъомади илмӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Кобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки китобҳо ва дастхатҳои маҳфуз дар ганҷинаро устоди зиндаёди донишгоҳ Шарифҷон Ҳусейнзода дар тўли фаъолияти хеш дар ин боргоҳи илм ҷамъ овардааст.

Вазири маориф ва илм М. Имомзода дар сунхаронияш таъсисёбии ганҷинаро дар донишгоҳ падидаи муҳим дониста, изҳор намуд, ки он бояд аз ҳисоби дастхатҳои парокандаи дигар ва китобҳои арзишманди илмиву адабӣ ғанитар кардашавад.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар бораи аҳамияту муҳимияти ганҷина барои устодону донишҷўён изҳори назар намуда, ҳамзамон аз фазилатҳои инсониву устодӣ ва хидматҳои шоёни Шарифҷон Ҳусейнзода ёд кард.

Сипас барои иштироки фаъолонаи раиси ИНТ ва ҳамкориҳои доимии созмони адибон бо Донишгоҳи миллӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба Низом Қосим сипосномаи махсус супорида шуд.

Устодони факултаи филологияи донишгоҳ Мирзо Солеҳов, Бадриддин Мақсудзода ва Мисбоҳиддини Нарзиқул маърўзаҳои илмии худро ироа намуданд.

Хабарнигори «АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved