• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

8-уми апрели соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон матлабҳои соли 2020 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашршуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар ибтидо гуфт, ки соли гузашта дар саҳифаҳои ҳафтанома матлабҳои зиёди хонданӣ пешкаши хонандагон шуданд ва дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба паҳлуҳои гуногуни адабиёт ва дигар ҷанбаҳои ҳунари нафиса матраҳ гардиданд.

Профессор Мурод Муродӣ ҳангоми таҳлилу баррасии маводи публитсистӣ изҳор дошт, ки соли гузашта дар ҳафтанома масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар қолабҳои гуногун бозтоб ёфтаанд ва фаъолияти ҳафтаномаро дар ин замина метавон пурбор арзёбӣ кард.

Ашъори соли гузашта дар ҳафтаномаинтишорёфтаро шоир ва адабиётшинос Баҳроми Раҳматзод нақду баррасӣ кард. Номбурда аз зовияҳои гуногуни ҳунарӣ ба шеърҳо назар андохта, нуқтаҳои қувват ва заъфи онҳоро баршумурд.

Ҳикояҳо ва дигар асарҳои насрии дар давраи мазкур чопшуда аз ҷониби мудири бахши насри ИНТ, нависанда Сироҷиддин Икромӣ таҳлилу баррасӣ шуданд. Дар баробари зикри ҷиҳатҳои хуби асарҳо таъкид шуд, ки маҳсуси қалами нависандагони ҷавон хеле кам нашр шудааст ва минбаъд барои бештар ҷалб кардани онҳо ва нашри асарҳояшон талош бояд кард.

Сипас маърўзаеро, ки аз ҷониби адабиётшиноси шинохта равоншод Абдушукури Абдусаттор вобаста ба мақолаҳои нақди адабӣ ва адабиётшиносии ҳафтанома таҳия шуда буд, Муртазо Зайниддинзода ба ҳозирин пешкаш кард. Дар ин маърўза маводи вобаста ба нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар соли сипаришуда борикбинона баррасӣ шудаанд.

Дар қисмати музокира адибону пажўҳишгарон Абдунабӣ Сатторзода, Рустам Ваҳҳобзода, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдуллоҳи Раҳнамо ва дигарон дар бораи муҳтавои маводи дар ин давра чопшуда андешаҳои судманди худро баён карданд.

Сармуҳаррири ҳафтанома Парда Ҳабиб барои андешаву пешниҳодҳои баёншуда ба ҳамагон арзи сипос намуд.

«АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved