• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Низом Қосим

Марзбон дар посгаҳ истода буд.

Навҷавону покҷону сода буд.

Марзро пўшида бо ҷисми ҷавон,

Ҷону дилро бар Ватан бикшода буд.

 

Посгоҳаш боғу гулшан менамуд,

Ҷомаи садранг бар тан менамуд;

Буд шояд он ба Меҳан ноаён,

Лек аз он кулли Меҳан менамуд!

 

Модар омад пеши чашми марзбон,

Бештар пир аст гўё ин замон…

Ҳам падарро дид банди кори хеш,

Дар такопў баҳри ризқи хонадон.

 

Додараш мерафт мактаб бошитоб,

Андаруни сумкааш нону китоб;

Хоҳараш бишкуфта аз он сў расид,

Гуфт ў дар дил: «Шуд аз мактаб ҷавоб…»

 

Марзбонро тунд ногаҳ дил тапид –

Дилбари худро канори ҳота дид;

Духтарак ҳам дид ёри хешро,

Аз ҳаё рў ҷониби ҳавлӣ давид!

 

Лолае афтод аз дасташ ба раҳ,

Зад раги хун гўиё ногаҳ гираҳ…

Хуни ў бо лолаҳо омехт, оҳ!

Хуб шуд, инро надид он сода маҳ…

 

…Аз камин душман яке оташ кушод…

Буд танҳо марзбон, душман – зиёд.

Тир дар тан, чанд тир ў ҳам фиканд,

Дид – чанде уфтод.

Ў ҳам фитод.

 

Марзбонро шуд нигоҳи вопасин

Пуралам сўи само, сўи замин;

Чашми ў раҳ мебарад сўи само,

Хуни ў хат мекашад рўи замин…

 

…Марзбон дар посгаҳ истодааст.

Навҷавону покҷону сода аст.

Марзро пўшида бо ҷисми ҷавон,

Ҷону дилро бар Ватан бикшодааст.

 

Дидааш бар сўи марз аст ин замон,

Қад-қади марзи Ватан бинад аён:

Чун ватандору Ватан омехта

Хатти марзу хатти хуни марзбон.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved