• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Шумо аз зумраи он шоирони тавонову ҳунарманде ҳастед, ки дар пешрафт ва навсозии шеъри имрўзи тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштаанд. Ҳамчун шоири соҳибсабку навовар дар фазои адабии Тоҷикистон ва қаламрави шеъри имрўзи форсӣ ҷойгоҳи муносиб ёфтаед ва ашъоратон аз ҷониби суханшиносону мунаққидон ба хубӣ истиқбол шудааст.

 Фаъолияти шумо баъди хатми Донишгоҳи давлатии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) аз соли 1978 дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз шуд ва минбаъд дар нашрияҳои гуногуни пойтахт пурмаҳсул идома ёфт. Аз соли 1991 сардабирии ҳафтаномаи Бунёди байнаймилалиизабони тоҷикӣ – «Сомон»-ро ба дўш дўштед ва дар замони фаъолиятатон дар саҳифаҳои ин ҳафтанома матлабҳои зиёди пурмуҳтавои марбут ба забону адабамон нашр мешуданду доираи маърифати хонандагонро васеътар менамуданд. Солҳои дароз дар муаррифии осори адибони тоҷикба хонандагони форсизабон хидмати зиёд кардаед.

Маҷмўаи нахустини шеърҳоятон – «Соҳиби кўҳсор», ки соли 1979 ба

нашр расид, гувоҳи собитқадамӣ ва ҳунармандии Шумо дар роҳи шеър буд. Маҷмўаҳои ашъори дигаратон – «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани маҳтоб» (1989), «Тулўъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2012), «Як кашкўл ишқ» ва ғайраҳо марҳала ба марҳала камол ёфтанатонро ба хубӣ бозгў мекунанд. Луғатномаи тартибдодаатон – «Фарҳанги Доро», ки ҳосили заҳматҳои чандинсолаатон мебошад, аз қабили беҳтарин фарҳангҳо ба шумор меравад.

Шумо дар оғози роҳи эҷод анвои суннатии шеърамонро таҷриба кардед ва баъди касби камол дар ин қолабҳо дар қолаби шеъри сапед табъозмоӣ намудед ва дар гуфтани ин навъи шеър ба мартабаи устодӣ расидед. Имрўз Шуморо хонандагон чун гўяндаи муваффақтарини шеъри сапед хуб мешиносанд ва суханшиносон ҳунармандиву чирадастиятонро дар сурудани он эътироф мекунанд.

 Соли 2012 бо китоби «Меоям аз шигифт», ки чеҳраи Шуморо чун шоири тавонои сапедсаро ба хубӣ нишон медиҳад, соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ гардидед. Соҳиби унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон шуданатон гувоҳи хидматҳои шоистаи Шумо ба фарҳангу адабиёти кишварамон мебошад.

Шуморо ба муносибати 75-солагиятон хуҷастабод мегўем ва орзуманди тандурустиву тавфиқи рўзафзунатон ҳастем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved