• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар Хонаи адибон ба муносибати 80-солагии Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир гардид.

Имрӯз дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии яке аз устодони барҷастаи назми муосир, шоири маъруф устод Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ баргузор шуд.

 Тавре аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зимни ифтитоҳи маҳфил иброз дошт, ки “устод Лоиқ дар навсозии шеъри муосири мо нақши барҷаста дошта, аз маҳбубтарин шоирони тоҷик ба шумор меравад”. Мавсуф дар суханронии худ муҳимтарин хусусияти шеъри Лоиқ, тарҷумаҳо, мақолаҳои публитсистӣ, мусоҳибаҳо ва нигориши инсониву эҷодии ӯро ба таври мушаххас зикр намуд.

Дар бораи зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоири зиндаёд гардонандаи маҳфил – Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба таври муфассал андеша ронда, ҷойгоҳи устод Лоиқро дар шеъри  Тоҷикистон ва ҳам Эрону Афғонистон хеле назаррас донист.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ пораҳои ҷолиберо аз рӯзгори ҳамсабқиву дӯстӣ бо шоири равоншод ба ёд оварда, изҳор дошт, ки «Лоиқ аз замони донишҷӯӣ бо ҳушмандиву лаёқати хосаш фарқ мекард ва то охири умр ба дӯстону ҳамқаламонаш муҳаббату садоқати беандоза дошт».

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар суханронияш, аз ҷумла иброз дошт, ки “шеъри Лоиқ хонандагони зиёд дорад ва ӯ дар байни халқ то кунун ҳам аз замонавитарин шоирони мост”. Гулрухсор  иродати худро бо хондани шеъри муассире бахшида ба Лоиқ баён намуд.

Ҳамчунин донишмандону адибони маъруф Ҳақназар Ғоиб, Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон дар бораи сифатҳои волои инсонӣ ва хусусияти шеъри Лоиқ сухан гуфта, дар васфаш шеърҳо хонданд. Аз ҷумла  муовини Раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа шеъри  “Тарозуи ростӣ”-ашро, ки ба Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст, қироат намуд:

 

Аз Зарафшон зари сухан овард,

Бар сари ошиқон нисор намуд.

 

Форсии бузургро Лоиқ

Рӯдакивор зарнигор намуд.

 

Шоири шӯр, шоири исён,

Шоири ишқ, шоири риндон,

 

Шоири дард, шоири дармон,

Шоири сӯз, шоири вулқон

 

Ошиқиро ба содиқон бинмуд,

Содиқиро ба ошиқон бинмуд.

 

Лоиқиро ба шоирон омӯхт,

Шоириро ба лоиқон бинмуд.

 

Сӯйи мо сахту гар мулоим буд,

Зарбаи химчаи азоим буд.

 

Ҳуши моро ба сар ҳамеовард,

Эй дареғо, чи гуна қоим буд!

 

Дар тарозуи ростиву ҳунар

Шеъри моро дигар кӣ месанҷад?

 

Аз дурустии мо кӣ меболад?

Аз дуруштии мо кӣ меранҷад?

 

Сухани ҳақ ба рӯйи ноҳаққон

Баъди Лоиқ дигар кӣ мегӯяд?

 

Баъди ӯ з-ин ҷаҳони бемаънӣ

Маънии нав дигар кӣ меҷӯяд?

 

Аз Зарафшон зари сухан овард,

Бар сари ошиқон нисор намуд.

 

Форсии бузургро Лоиқ

Рӯдакивор зарнигор намуд.

 

Инчунин қироати шеърҳои Лоиқ аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ба ҳамагон ҳаловати маънавӣ бахшид.

Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол, Афзалшоҳи Шодӣ ва сарояндаи хушовоз Абдумаҷид Бердиев бо сурудҳои дилошӯб маҳфилороӣ карда, шукӯҳи онро афзуданд.

АМИТ «ХОВАР»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved