• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Аслан шоирию нависандагӣ мактаб надорад ва ин ҳунари  худодод дар натиҷаи омӯзиш ва меҳнати шабонарӯзӣ метавонад бор оварад. Дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти тоҷик низ,  адибоне ҳастанд, ки бо вуҷуди соҳиби касбу кори дигар будан, оқибат меҳру муҳаббати сухану қалам онҳоро ба майдони адабиёт оварду эшон асарҳои хуб эҷод карданд.

Шумо низ, ҳарчанд факултаи автомобил ва хоҷагии автомобили Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намуда, чандин сол ба ҳайси сармеханик, муҳандис ва директори автобаза фаъолият доштед, шавқу завқи беандозаатон ба адабиёт маҷбур сохт, ки қалам ба даст бигиред. То имрӯз китобҳои қиссаю ҳикояҳоятон - "Хирмани сӯхта", "Шаби душвор", "Бозгашти Кунгур" ва ғайраҳо дастраси хонандагон гардида, баҳои сазовор гирифтанд.

Алалхусус дар романи "Оташ дар хонаи қадим" ҳунари нависандагии Шумо бештар аён гашт. Ин асари калонҳаҷм, ки ба мавзӯи инқилоби Бухоро, ҳаракати босмачигарӣ ва барқарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ дар Бухорои шарқӣ бахшида шудааст, дар насри муосири мо падидаи навест. Вусъати воқиаҳо, нигоҳи нав ба муқовимати шаҳрвандии солҳои бистуми қарни гузашта, инъикоси паҳлуҳои то ҳол норӯшани инқилоб ва офариниши чеҳраҳои хотирмони адабӣ афзалияти романи мазкур аст. Шумо бо ин асаратон ба ҷоизаи адабии ИНТ ба номи Садриддин Айнӣ сазовор гардидед.

Ҳамқалами азиз, Шуморо бо ҳафтодумин баҳори умратон муборакбод намуда, бароятон саломатӣ ва ба корҳои эҷодиатон комёбиҳо орзумандем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved