• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Устод Садриддин Айнӣ бо эҷоди "Марши ҳуррият" шеъри муосири моро ба маҷрои комилан тозае ворид намуд ва барои ташаккулу таҳаввули минбаъдаи он заминаи созгор фароҳам овард. Аз эҷоди ин шеъри навоварона 100 сол сипарӣ гардид ва то кунун аҳаммияти он ҳамчун нахустин шеъри ѓайрисуннатӣ аз назари шаклу қолаб гум нашудааст.

Дар робита бо ин дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

 Раиси ИНТ Низом Қосим назарашро дар бораи навоварии устод Айнӣ дар "Марши ҳуррият" баён намуда, солҷашни ин шеъри устодро идомаи анъанаи солҷашни асарҳои мондагори адабиёти муосирамон донист.

Ато Мирхоҷа бо руҷӯъи мухтасар ба эҷодиёти устод Айнӣ, андешаҳояшро дар бораи "Марши ҳуррият" иброз намуда, онро нахустин гимни ранҷбарони тоҷик ба шумор овард.

Шоир ва адабиётшиноси маъруф Рустам Ваҳҳобзода зимни ироаи маърӯзаи асосӣ дар бораи умдатарин вежагиҳои он иброз дошт, ки дар канори дигар навовариҳои устод Айнӣ дар адабиёти муосир "Марши ҳуррият" низ шоҳкори ин пири адаби муосири мост.

- "Марши ҳуррият" равиши шеъри моро дигар кард. Мо аз Раҳим Ҳошим ва Т. Зеҳнӣ бисёр шунидаем, ки устод Айнӣ чӣ гуна диди наву замонавӣ ва дурандешонае дошт. Гуфтан мумкин аст, ки "Марши ҳуррият" дар адабиёти муосири мо аввалин шеъри публитсистии бадеист, - изҳор дошт адабиётшиноси шинохта Абдураҳмони Абдуманнон .

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким зимни суханронияш таъкид намуд, ки гарчанде бахши бештари осори устод Айниро асарҳои мансур ташкил медиҳанд, вале ӯ ҳамчун шоир ба адабиёт ворид шуд ва то охири умр шоир буд.

Профессор Аламхон Кӯчаров дар бораи мавзӯи мавриди назар чунин гуфт: " Ин шеър шароит фароҳам овард, ки дар бораи имконоти арӯзи тоҷикӣ фикр кунем. Ҳатто худи устод Айнӣ рисолае бо номи "Арӯз" навишт ва дар он зикр намуд, ки арӯзи мо қабл аз омадани арабҳо шакл гирифтааст".

 Ҷамолиддин Саидзода  иброз дошт, ки устод Айнӣ ба шеър рӯҳи иҷтимоӣ ва миллӣ бахшид, навоварии Нимо бештар ба сувари хаёл марбут аст ва ҳар кадоми инҳо дар адабиёт мақоми хос доранд.

Дар бораи вазъи замон ва шароити эҷоди "Марши ҳуррият" Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон ибрози назар намуд.

Ёдовар мешавем, ки шеъри "Марши ҳуррият"-и устод Айнӣ соли 1918 бо оҳанги Марселеза эҷод шуда, дар адабиёти муосири тоҷик нахустин шеъри нав ба ҳисоб меравад. 

Т. Халилӣ 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved