• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Бозор Собир - шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ доданд, ки ба аёдати ӯ рафта, ба таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

 Тавре қаблан иттилоъ расида буд, шоири маҳбуби тоҷик устод Бозор Собир бо сабаби беморӣ дар беморхонаи шаҳри Сиэтли Иёлоти Муттаҳидаи Америка бистарӣ гардидааст.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дода буданд, ки ба аёдати ӯ рафта,  ба таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Инак, тайи чанд рӯз мешавад, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадамин дар паҳлуи бемор қарор доранд ва ба ӯ кумаку ёрии ҳамаҷониба мерасонанд. Як гурӯҳ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба табобати бемор машѓул буда, рафти табобат, ҳолати воқеӣ ва ҷараёни ба Ватан омадани Бозор Собир зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved