• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Номи Шумо ҳамчун шоири хушбаёну хушсухан барои хонандагони тоҷику ўзбек дер боз ошност. Шумо аз оғози фаъолияти эҷодии худ рисолати суханвариро то кунун содиқона анҷом медиҳед. Баъди хатми факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  қобилияти худро дар маслакҳои омўзгорӣ ва рўзноманигорӣ санҷида, дар ҳар вазифае, ки будаед, кори эҷодиро раҳо накарда, барои рушди бахши ўзбекии адабиёти Тоҷикистон хидматҳои сазовор анҷом додаед. Бахусус, ҳангоми фаъолиятатон ба ҳайси сармуҳаррири рўзномаи "қадрият" ба пешрафти ин соҳа ҳиммат гумоштед ва дар дили чандин насл базри сухан коштед.

 

То имрўз чандин асарҳои хонданиву муассиратон тавассути маҷмўаву китобҳои "Чайса ҳили" (1983), "Ёруғ сўз" (1987), "Хазонрез кунлар" (1991), "Бўладиган эл" (1951), "Зангори япроқлар" (1997) "Корвон" (1997), "Том китоб" (тарҷумаҳо, 2008), "қўёш фарзанди" (тарҷумаҳо, 2008), "Саодат соҳили" (2010), "Моҳият" (2014) ва ғайраҳо ба дасти хонандагон расида, Шуморо чун нависандаи соҳибзавқу ҳақиқатнигор дар Тоҷикистону  Ўзбекистон муаррифӣ намудаанд. Дар тарҷумаи осори адибони тоҷик -  Мирзо Турсунзода, Муъмин қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Низом қосим, Зулфия Атоӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Неъмат Оташ, Камол Насрулло, Мавҷуда ҳакимова, ҳақназар ғоиб, Фазлиддин Муҳаммадиев, Раҳим ҷалил ба забони ўзбекӣ  ва дар ин замина тарғиби адабиёти мо дар ҷумҳурии Ўзбекистон саҳми назаррас ва шоистаи қадрдонӣ гузоштаед. Осори Шумо ҳам ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қирғизӣ тарҷума шудааст. Хунёгарони номдор ба шеърҳои Шумо оҳанг бастаанд ва онҳо аз тарафи овозхонони машҳур суруда мешаванд.

Заҳмату талошҳоятон бо унвони Аълочии маориф ва фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаҳои адабии ба номи Зуфархон ҷавҳарӣ, ҳамза ҳакимзода Ниёзӣ, "Нишони Сухан"-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Баҳори 70-уми умр ба Шумо муборак бод! Тансиҳатӣ ва комёбиҳои нав ба нави эҷодиатон таманнои ҳамқаламон ва ҳаводорони осори хушгувори Шумост!

 

РАЁСАТИ ИТТИФОқИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҷИКИСТОН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved