• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

3 апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти яксолаи Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» натиҷагирӣ шуд. Муовини раиси ИНТ Юнус Юсуфӣ ба он оғоз бахшид.

 

Мудири шуъбаи насри ИНТ Равшан Махсумзод, адабиётшинос Мубашшир Акбарзод, профессор Мурод Муродӣ дар бораи бахшҳои наср, назм ва иҷтимоиёт маърўза карданд. Адибон  Алӣ Бобоҷон, Муҳаммадалии Аҷамӣ,  Ато Ҳамдам, Муртазо Зайниддинзода, Холназар Муҳаббатов, сармуҳаррири маҷалла Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон низ андешаҳои худро дар бораи маводи дар соли гузашта чопшуда баён доштанд.

 

Мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва муҳаққиқи шинохта Муҳаммадалии Аҷамӣ дар музокира гуфт, ки маҷалла соли сипаришуда низ маводи ҷолибро пешкаши хонандаи худ гардонид. Номбурда дар баробари ёдовар шудан аз бартариятҳои маводи ба табъ расида, баъзе норасоиҳоро низ ишора намуд:

«Дар шеъре ибораи «ғавғои баргҳо» омадааст. Ҳол он ки баргҳо ғавғо намекунанд, балки наҷво мекунанд. Дар шеъри дигаре, ки дар маҷалла чоп шудааст, муаллифаш «як дашт пур аз мў» гуфтааст. «Як дашт пур аз мў» ташбеҳи ноҷо аст. Албатта, муаллифи ин сухан зебо мебинаду зебо тасвир мекунад. Аммо ин сухан дили хонандаро тасхир наменамояд. Сабзаро метавон барои мисол ба мижгон ташбеҳ дод. Аммо «як дашт пур аз мў» гуфтан аз ҳар ҷиҳат қабул нест.

 

Дар ҳунар назму наср аз ҳам фарқ намекунанд, магар ин  ки қолаби онҳо. Муҳим бадеияти ҳар кадомаш аст. Масалан, насри Юнус Юсуфиро барои бадеияташ мехонам. Шеър ҳам бо бадеияти худ шеър аст. Агар бадеият надорад, ба ҳеҷ дард намехўрад.

Дар ғазал ранг-ранг бишкуфтам,

Ҳар ки диду надид, парво нест.

Ҳусни ишқ офтоби тобон аст,

Дидаро қудрати тамошо нест»!

-Маҷаллаи «Садои Шарқ» соли гузашта дар бахши иҷтимоиёт маводи хондании зиёд ба табъ расонд. Лекин, мутаассифона,  очерке, ки дар он бадеияти баланд бошад, ба назар нарасид. Афсўс, ки танҳо тарҷумаи як асари драмавии адиби қирғиз дар бораи Чингиз Айтматов ба нашр расиду халос. Дигар ягон асари драмавии ҷолиби тоҷикӣ чоп нашудааст. Минбаъд беҳтарин асарҳои драмавӣ низ бояд тавассути маҷалла муаррифӣ шаванд, - гуфт Ато Ҳамдам, мудири бахши робитаҳои адабӣ, тарҷума ва драматургияи ИНТ

 

Тавре Муртазо Зайниддинзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зикр кард, «Садои Шарқ» маҷаллаи умумимиллӣ, ки ҳаст, бояд обунаи зиёд дошта бошад. Номбурда иброз дошт:

«Садои Шарқ»-ро барои он маҷаллаи ҳамагонӣ мегўем, ки барои тамоми соҳаҳои илми филология низ маводи арзишманд дода метавонад. Маҷалла дар соли гузашта асарҳои ҷолиби тарҷумавӣ ба табъ расонд ва ҳамчунин дар бораи робитаҳои адабии мо мақолаҳои арзишманд пешниҳод кард. Нисбат ба чанд соли пеш аз ҳама падидаи нек ҳамин аст, ки ҳар як шумораи «Садои Шарқ» сари вақт ба дасти муштарӣ мерасад».

Яке аз муаллифони фаъол ва доимӣ  публитсист Холназар Муҳаббатов аз маводи маҷалла изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуд, ки агар барои ҳаҷв низ як саҳифа ҷудо гардад, беҳтар мешавад. Ба андешаи ў, бояд тамоми устодони факултетҳои филологияи ҳамаи мактабҳои олии кишвар ба маҷаллаи «Садои Шарқ» обуна шаванд, онро пайваста хонанд, истифода кунанд ва худ низ дар он мавод нашр намоянд. 

Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», дар охир ба ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъолонаашон арзи сипосу миннатдорӣ карда, хулосаҳои худро дар бораи андешаҳои иброзшуда ва сатҳу сифати маҷалла баён намуд:

-Ҳар сол шумори хонандагонаш бештар мешавад. Мо бештар кўшиш кардем, ки муаллифон ҷавонон бошанд. Зеро онҳо фурсати зиёди омўхтан, таҷрибаву беҳбуд пайдо кардан доранд. Вале нафаре, ки дар шастсолагӣ заъфи қофияву радифу вазн дорад, ҳамин тавр мемонад. Нақдҳо ҳам бояд ба як ҷузъиёт набошанд. Дар маҷмўъ нақд бояд ҷомеъ, фарогир, пухта, зебо ва комил бошад. Нақдҳои ҷузъӣ ба монанди онанд, ки масалан, як нафарро барои муоинаи шаҳре фиристанду баргашта, дар бораи ороиши девори беруни он шаҳр бигўяд.

Баъзан ҷузъиёти зоҳирӣ фиребосту бас. Моро гоҳо ба бештар иҷтимоъгаро будан айбдор мекунанд. Иҷтимоиёт дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳамеша бештар буду ҳаст. Адабиёти мо бояд ҷанбаи иҷтимоии қавӣ дошта бошад. Нақду адабиётшиносӣ, ҳунаршиносӣ, таърих, забоншиносӣ, иҷтимоиёт, назму наср дорем. Аммо ҳадди ақал аз ҳар як шумора шаст саҳифа ва шояд бештар аз онро ба насри бадеӣ ихтисос медиҳем. Маҷалла аз 160 саҳифа иборат аст. Яъне, зиёда аз сеяки маҷалларо ба насри бадеъ мебахшем. Агар ин ба назари касе насри бадеӣ нанамуда бошад, мавзўи дигар аст. Албатта, идораи маҷалла асари хуби насрӣ ё шеър, ё чизи дигар навишта, аз номи дигарон чоп карда наметавонад. Романи «Сарои санг», ки бо беҳтарин романҳои таърихии даврони шўравиамон муқоиса мешавад, дар маҷалла нашр шуд. Романи «Киштии Нўҳ» ва дигар қиссаҳои хубро низ нашр кардем. Албатта, маводи заъиф ҳам ҳаст, лекин хуб ҳам ҳамин қадар мешавад. То ҳадди имкон кўшидем, ки беҳтарин намунаҳои адабиёти муосирро ба табъ расонем. Баъзе жанрҳоро бояд зинда кард. Масалан, имрўз касе баъди мутолиаи асари нависанда ё шоире ба ў таассуроташро наменависад. Нақде, ки Муҳриддин Сабурӣ бо номи «Он чӣ бомаъност, худ пайдо шавад» нашр кард, дар тамоми ҷумҳурӣ, ҳатто тавассути интернет ҳам ғулғула андохт. Бояд чунин навъи нақд зиёд бошад.   

Мо маводе дорем, ки хеле ҷолибанду мардум ба суроғашон меоянд. Агар нусхаи чопии маҷалларо пайдо карда натавонанд, аз идора нусхаи электронии маводи писандидаи худро мегиранд.

Баррасии матолиби нашрия судманд ҷараён гирифт.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved