• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

АСАРҲО БАРОИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

 

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маҷлиси худ аз 31 марти соли 2021 рӯйхати асарҳои насрӣ, назмӣ, драмавӣ ва бачагонаро барои мутолиа аз ҷониби иштироккунандагони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тасдиқ намуд.

Идомаи: АСАРҲО БАРОИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

ОЗМУН ИДОМА ДОРАД

ОЗМУНИ АСАРҲО БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тавре адибони муҳтарам огоҳӣ доранд, 27 августи соли 2019, Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмуни асарҳои адабиро эълон намудааст (“АС”, 29 августи соли 2019, №35 (2006). Шоирону нависандагон, публитсистону адабиётшиносон то кунун асарҳои алоҳидаи худро ба комиссияи озмун пешниҳод намуда истодаанд. Бо мақсади бештар ҷалб намудани аҳли қалам ва хотирнишон кардани вазифаҳо ва шартҳои озмун низомномаи он такроран манзур мешавад.

Идомаи: ОЗМУН ИДОМА ДОРАД

ЯК СОЛИ ХОСАИ «АДАБИЁТ ВА САНЪАТ»

 

8-уми апрели соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон матлабҳои соли 2020 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашршуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Идомаи: ЯК СОЛИ ХОСАИ «АДАБИЁТ ВА САНЪАТ»

ГАНҶИНАИ ҲУСЕЙНЗОДА

2-юми апрели соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Ганҷинаи дастхатҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода» таъсис ёфт. Дар маросими ифтитоҳи ин махзани бебаҳо вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва устодони Донишгоҳи миллӣ ширкат варзиданд. Дар оғоз ҳозирин бо шароити ганҷина ва китобҳову дастхатҳои нодире, ки дар он маҳфузанд, шинос шуданд.

Идомаи: ГАНҶИНАИ ҲУСЕЙНЗОДА

ДУШАНБЕ - ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ-2021

21 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи: ДУШАНБЕ - ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ-2021

ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН!

 

Бардошт аз маҳфили «ширу шакар»-и Шоири халқии тоҷикистон Низом Қосим ба муносибати иди Наврӯз ва дар арафаи ифтитоҳи расмии пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе

8 март дар  Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфили шеъру суруди «Ширу шакар» баргузор гардид.

Идомаи: ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН!

БОЗТОБЕ ПУРТОБ

 

Меҳмон Бахтӣ аз ҷумлаи шинохтатарин адибони имрўзи мост. Аксари алоқамандони адабиёт ўро чун драмнависи чирадасте медонанд, ки ҳама намоишномаҳояш дар театрҳои Тоҷикистон ва қисме берун аз он ба саҳна гузошта шуда, овозаи адабиёту санъати моро афзудаанд. Ў дар оғози фаъолияти эҷодиаш китоби манзуме иборат аз таронаҳои равону дилрас ҳам чоп карда буд, ки аксарашро ҳофизон суруда, садои шоирашро ба гўши хушзавқон расонданд. Баъди ҳамчун драмнавису таронасаро маъруф шудан ба наср рў овард ва чанд асаре навишт, ки хеле зуд ба дили хонанда роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, қиссаи «Хубон», ки аз назари банда яке аз асарҳои аз ҳар ҷиҳат миллӣ, ҷолибу хонданӣ, таъсирбахшу дилрас ва корхўрдаву ҳунармандонаи насри муосири тоҷик аст.

Идомаи: БОЗТОБЕ ПУРТОБ

МАСҶИДҲО КУШОДА ШУДАНД, АММО ДАҲОНИ БАДХОҲОН БАСТА НАШУД…

 

Масъалаи дар давраи пандемияи коронавирус қатъ шудани фаъолияти масҷидҳо назарҳои гуногунро ба бор овард. Хусусан, мухолифини ифротӣ дар атрофи ин масъалаи ҳассос моҳҳо иғвоандозӣ карда, хостанд, ки бо истифода аз эҳсосоти динии мардум афкори ҷомеаро ба инҳироф бикашанд. Аммо ҷолибтар ин аст, ки бо вуҷуди аз 1-уми феврал кушода шудани масҷидҳо даҳони бадхоҳон баста нашуд, балки иғвою фитнаҳои онҳо дар ин масъала ба шакли дигар идома дорад. Мушоҳидаи мавқеъ ва рафтори гурўҳҳои ифротӣ дар ин масъалаи мушаххас моҳияти асосии онҳоро пурра нишон медиҳад:

Идомаи: МАСҶИДҲО КУШОДА ШУДАНД, АММО ДАҲОНИ БАДХОҲОН БАСТА НАШУД…

АТРИ ГУЛЗОРИ «САДОИ ШАРҚ»

 

25-уми феврал бо иштироки адибону пажўҳишгарон ва хонандагон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҳтавои маводи соли 2020 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашршуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа кормандони маҷалла соли гузашта дар самтҳои гуногуни адабиёт барои хонданитар шудани он заҳмати зиёд кашиданд ва аз ҳар бахши адабиёт маводи арзишмандро интихобу таҳрир намуда, пешкаши хонандагон карданд.

Идомаи: АТРИ ГУЛЗОРИ «САДОИ ШАРҚ»

БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР АБДУНАБӢ САТТОРЗОДА

 

ШОДБОШӢ

Муҳтарам Абдунабӣ САТТОРЗОДА!

Пайванди азаливу сириштии Шумо ба донишу маърифат буда, ки баъди хатми мактаби ҳаштсола таҳсилро дар Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ва пасон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давом додед.

Идомаи: БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР АБДУНАБӢ САТТОРЗОДА

БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН САТТОР ТУРСУН

Муҳтарам Саттор ТУРСУН!

Шумо ҳангоми таҳсил дар соли чаҳоруми  шуъбаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои хидмат ба халқу ватани хеш ҳамчун ровии радиё нахустгомҳои худро гузоштед.  Чун соли 1970 соҳиби рисолаи дараҷаи олӣ гардидед, бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ва сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб барои идомаи фаъолият ба идораи маҷалла ба ҳайси мудири шуъбаи публитсистика ҷалб гашта, баъдан  масъулияти мудири шуъбаи наср ба Шумо вогузор гардид ва чанд муддат иҷрои вазифаи сармуҳарриро низ ба уҳда доштед.

Идомаи: БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН САТТОР ТУРСУН

ПЕШНИҲОДИ АСАРҲО БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАҲОИ АДАБӢ

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳоди асарҳоро барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, ки дар солҳои 2019 ва 2020 нашр шудаанд, эълон мекунад. 

Идомаи: ПЕШНИҲОДИ АСАРҲО БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАҲОИ АДАБӢ

БА ТАВАҶҶУҲИ ВАКИЛОНИ АНҶУМАНИ XV НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Анҷумани XV  нависандагони Тоҷикистон 23 декабри соли 2020, соати 9 00, дар толори Хонаи адибони Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода баргузор мегардад.

Соати 8 00 – гулгузорӣ ба пояи ҳайкалҳои Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода;

Соати  8 00 то  9 00 – бақайдгирии вакилони Анҷуман;

Соати 9 00 – оғози кори Анҷуман.

Телефонҳо: 2-24-57-37, 2-24-57-67, 2-24-46-56, 2-24-58-70, 2-24-62-05

ЭЪЛОН:ДАЪВАТИ АНҶУМАНИ ПОНЗДАҲУМИ АДИБОН

Маҷлиси фосилавии Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзҳои 27-29 май аз роҳи пурсидани раъйи аъзои Садорат тавассути василаҳои бесими алоқа барпо шуд, қарор кард, ки Анҷумани 15-уми адибони Тоҷикистон 30 ноябри соли 2020 дар ш. Душанбе даъват карда шавад.

Агар вазъи эпидемӣ имкон надиҳад, ба вақти дигар мононда шавад.

 

НИЗОМ ҚОСИМ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ТАЪЙИН ГАРДИД

15 апрели соли 2020 бо фармони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Аҳли адаби мамлакат барои  сазовори чунин боварии баланд гардиданаш устод Низом Қосимро самимона табрик намуда, барояшон дар ин вазифаи пурмасъулият комёбиҳои бузург таманно доранд.

“САДОИ ШАРҚ” ДАР СОЛИ 2019

3 апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти яксолаи Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» натиҷагирӣ шуд. Муовини раиси ИНТ Юнус Юсуфӣ ба он оғоз бахшид.

Идомаи: “САДОИ ШАРҚ” ДАР СОЛИ 2019

ПАЙВАНДИ АДАБИЁТ – ПАЙВАНДИ БАРОДАРОН

 

 

Аз 13 то 15 март ҳайати адибони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон, арбоби сиёсии ӯзбек Эркин Воҳидов дар Тоҷикистон қарор доштанд. 13 март меҳмонон - Аҳмадҷон Мелибоев - нависанда ва олим, сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти», Салим Ашӯр - шоир ва тарҷумон, сармуҳаррири ҳафтаномаи Ӯзбекистон «Адабиёт ва санъати», Паймон - шоир ва тарҷумон, мудири шуъбаи адабиёти рӯзномаи «Овози тоҷик», Хуршед Воҳидов - писари Эркин Воҳидовро роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешвоз гирифтанд. Рӯзи аввал меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Кохи «Наврӯз» ва Боғи ба номи Алишери Навоӣ дидан карданд. Субҳи 14 март баъд аз зиёрати оромгоҳи Лучоб аҳли адаби кишвари дӯсту ҳамсоя дар маҳфили ёдбуди Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Идомаи: ПАЙВАНДИ АДАБИЁТ – ПАЙВАНДИ БАРОДАРОН

НИЁЗ БА ЖАНРҲОИ МУҲИМ

25-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагон оид ба бурду бохти нақди адабӣ дар панҷ соли охир мизи мудаввар доир гардид. Зимни гуфтугӯ ва андешарониву ибрози назари иштирокдорон дастовардҳои назаррас ва масъалаҳои дигари ҳалталаби ҳаёти адабӣ баён гардиданд.

Идомаи: НИЁЗ БА ЖАНРҲОИ МУҲИМ

ШОИРУ ШЕЪРИ МОНДАГОР

Ба муносибати 80-солагии шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода дар толори ИНТ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро ифтитоҳ намуд. Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Ҳамдам, Мансур Суруш ва дигарон дар бораи рўзгор ва осори Ғоиб Сафарзода андешаҳояшонро иброз доштанд.

Идомаи: ШОИРУ ШЕЪРИ МОНДАГОР

«ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»


Муқаррароти умумӣ

Иштирокчиёни озмун ба се гурўҳ тақсим карда мешаванд:

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-хонандагон ва донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

Идомаи: «ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

РАВОБИТИ АДАБӢ – ОМИЛИ РУШДИ АДАБИЁТ

Робитаҳои адабии тоҷик таърихи куҳан дошта, марҳилаи аввали рушди он ба асрҳои миёна рост меояд. Дар ин марҳилаи густариш омўзиши қиёсии адабиёти тоҷик бо халқҳои арабу турк ва ҳинду Юнон ҷараён гирифта, андешаҳои марбут ба таъсиру таъсирпазирии онҳо дар китобу тазкираҳо ва рисолаҳои алоқаманд  ба накди назму наср баён шудаанд. Марҳилаи дигари рушди равобити адабии тоҷик пас аз солҳои бистуми асри ХХ оғоз гардида, таҳаввули он ба фаъолияти  муҳаққиқони шинохта ба гунаи С. Айнӣ, А. Мирзоев, Р. Ҳошим, Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, В. Самад, А. Нуралиев, Ҳ. Шодиқулов, С. Воҳидов, Ш. Мухтор, А. Саидов, А. Давронов ва дигарон иртиботи қавӣ дорад. Пешрафту дастовардҳои имрўзии пайвандҳои мутақобилаи адабиёти тоҷик ба ақвоми дигар, ки ба замони Истиқлолият бастагӣ дорад, ба пажўҳишу ковишҳои насли дигари робиташиносон аз қабили Ҳ. Раҷабов, Т. Мардонӣ, А. Абдусаттор, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова, М. Зайниддинзода, А. Худойдодов, А. Аминов вобаста мебошад.

Идомаи: РАВОБИТИ АДАБӢ – ОМИЛИ РУШДИ АДАБИЁТ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved