• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

МУАРРИФИИ "ПОМИР" ДАР МИНСК

13 юли соли ҷорӣ дар толори бошукӯҳи хонаи нашри "Звязда"-и шаҳри Минск рунамоии шумораи нави маҷаллаи адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон "Помир" бо ширкати адибони маъруфи кишвари дӯсту бародари Беларус, рӯзноманигорон ва чанд тан аз кормандони корпусҳои дипломатии муқимии Минск баргузор гардид. Шумораи навбатии маҷаллаи "Помир" пурра ба адабиёти имрӯзаи ҷумҳурии Беларус бахшида шудааст.

Осори адибони маъруфи беларус Александр Осиновский, Михас Поздняков, Олег Ждан, Экатерина Карневич, Алес Карлюкович, Вера Зеленко, Микола Метлитский, Алес Бадак, Элизавета Палеес, Георгий Кисилёв ва дигарон саҳифаҳои маҷалларо зеб доданд.

   Алес КАРЛЮКЕВИЧ, раиси Ҷамъяти дӯстии Беларус-Тоҷикистон, сармуҳаррири интишороти "Звязда"

Ҷоизаи байналмилалӣ муборак, устод Гулназар!

02Бо қарори  Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз  17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ бо дипломи  «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад.  Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мешавад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад.
Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки  ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори Гулназар Келдӣ  ба ин мукофот олимони машҳур академикҳо Элеонора Крилатих, Зурат Церетели ва Лев Бокерия низ сарфароз гардонида шудаанд.

СУҲБАТҲОИ ХОТИРМОН БО АДИБОНИ ҶАВОН

0111-12-июли соли равон тибқи нақшаи коaри ИН Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб даври дувуми курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавон баргузор шуд.

Баъд аз ошноии ҳамаҷониба бо чакидаҳои табъи навқаламони шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ховалинг, Фархор, Муъминобод, Мир Саидалии Ҳамадонӣ , Темурмалик, Шоҳин, Восеъ, Данғара, Балҷувон муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудирони шуъбаҳои ИН Муҳаммадалии Аҷамӣ, Равшани Махсумзод, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" Парда ҳабиб ва мусоидату ширкати котиби масъули шуъбаи кӯлобии ИН, Шоири халқии Тоҷикистон ҳақназар ғоиб дар ҷаласаи умумӣ ва сексияҳои алоҳида аз натиҷаҳои баррасӣ ва таҳлили намунаҳои назму насри онҳо суҳбат ва суханронӣ карданд.

Идомаи: СУҲБАТҲОИ ХОТИРМОН БО АДИБОНИ ҶАВОН

ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШӮРОҲОИ НАЗМ ВА НАҚДИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

11-уми июл дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси муштараки шӯроҳои назм ва нақди адабӣ даргузор шуд. Дар маҷлис раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва аъзои шӯроҳои мазкур ширкат доштанд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим бо сухани ифтитоҳӣ масъалаи асосӣ-вазъи шеъри имрӯзро ба миён гузошт. Аъзои шӯроҳои назму нақд Абдунабӣ Сатторзода , Аскар Ҳаким, Абдураҳмон Абдуманнон, Абдухолиқ Набавӣ, Абдушукури Абдусаттор, Рустами Ваҳҳоб ва дигарон мулоҳизаҳояшонро перомуни вазъу мушкилоти шеъри имрӯз баён намуда, барои рушди танқиди адабӣ ва гирифтани пеши роҳи нашри ашъори беарзиш пешниҳодҳо ироа намуданд...

Идомаи: ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШӮРОҲОИ НАЗМ ВА НАҚДИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

ШУЪЛАҲОИ ФУРӮЗОНИ УМЕД

16-17 июни соли равон бо ибтикори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавон баргузор шуд, ки дар кори он эҷодиёти навқаламони умедбахш баррасӣ ва баҳогузорӣ гардад.

Нахуст дар маҷлисгоҳи китобхонаи марказии вилоят расми оғози курс-конференсия доир гардид. Лаҳзаи қироати шеърҳо дар бораи хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, бузургӣ ва неъматҳои истиқлол, Ваҳдати миллӣ, бахту саодати халқ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ба ҳозирин таассуроти амиқ бахшид.

Идомаи: ШУЪЛАҲОИ ФУРӮЗОНИ УМЕД

АДИБОНИ ВАҲДАТСАРО ДАР БАДАХШОН

Дар доираи таҷлили 19-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ гурӯҳе аз адибони тоҷик низ ба ВМКБ сафар доштанд.

Бо иштироки онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят маҳфилу чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки шоири маъруф Бозор Собир ва дигар адибон маҳфили “Шеъри Ваҳдат” барпо гардид.

Дар ноҳияи Роштқалъа маросими ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд доир шуд, ки дар он раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамчунин бо ширкати адибони шинохта маҳфили рӯнамои китоби тозанашри “Шириншоҳ Шоҳтемур” аз силсилаи “Қаҳрамонони Тоҷикистон” баргузор гардид.

СУХАН АЗ ХИДМАТҲОИ ШОИСТАИ ПЕШВО

Нашриёти "ЭР-граф" китоби тозаи нависанда Шералӣ Мӯсоро бо номи "Ҷасорат" ба табъ расонд, ки аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон дар даврони истиқлол ҳикоят мекунад.

Китоб барои таърихнигорон, сиёсатшиносон, умуман барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Нурмуҳаммад НИЁЗӣ

 

11 октябр баъд аз беморӣ  дар синни 72-солагӣ  Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз олам даргузашт. 

Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рўмони шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омад. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оѓоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом дод. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Баъди хидмати аскарӣ фаъолияти меҳнатиро чун омўзгор оѓоз бахшид ва баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори "Маданияти Тоҷикистон" («Адабиёт ва санъат») ба ҳайси мухбир фаъолият кард. Чанде ходими Маркази тарѓиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи суѓдии Иттифоқи нависандагон буд. Соли 1994 раиси маҳфили адибони ҷавони вилояти Суѓд таъин гардид. Дар баробари фаъолияти серҷанбаи маъмурӣ ва ҷамъиятӣ пурмаҳсул эҷод карда, барои китоби шеърҳои "Аз ҳама дур" сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ дониста шуд.

Марҳум аз шоирони соҳибзавқ буд, дар ашъораш асолату балоѓати забони шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ гардид. Хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми ормонҳои миллӣ ҳидоят менамуд.

Офаридаҳояш дар китобҳои "Ниҳоли навбар", "Санги сабз", "Оташи санг", "Аз ҳама дур", "Офтоби сўхта", "Сафари шаҳри ишқ", "Васли танҳо", "Зангўла зан!", "Реша дар санг", "Дарёи дигар", манзумаҳои "Ангораи тавонгардил", "Тахти тоҷик" ва ѓайра далели гуфтаҳои болост.

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени "Шараф" (2004) ва унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст.

Шодравон аз соли 1980 инҷониб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ёду хотираи Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо хидматҳои арзандааш дар саҳифаҳои таърихи адабиёти муосири тоҷик ҷовидона боқӣ мемонад.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved