• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

АЗ КУМИТАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАБДУЛЛО РӮДАКӢ

 

 Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ дар соли 2022 эълон мекунад. Пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2021 сурат мегирад.

Идомаи: АЗ КУМИТАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАБДУЛЛО РӮДАКӢ

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

16-уми ноябри соли равон ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ИНТ ҷаласа баргузор гардид. Дар маҷлис кормандони ИНТ, нашрияҳои адабӣ ва аҳли сухан ширкат варзиданд.

Идомаи: РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

ПОСДОРИ БАХТИ МИЛЛАТ

Истиқлол, озодӣ ва ягонагӣ чун омили осудагӣ, шодию фараҳ, бахту иқболу ҳамдилӣ барои аҳли башар бисёр пурқимат ва арзишманд мебошанд.

Идомаи: ПОСДОРИ БАХТИ МИЛЛАТ

МАҲФИЛЕ ПУРШАВҚУ ПУРШӮР

 

29-уми октябри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Идомаи: МАҲФИЛЕ ПУРШАВҚУ ПУРШӮР

МАҲФИЛИ ШЕЪРИ ДИЛФУРЎЗ

 

15-уми окябри соли равон ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Раҳмат Назрӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили зебои адабӣ баргузор шуд.

Идомаи: МАҲФИЛИ ШЕЪРИ ДИЛФУРЎЗ

БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН АСКАР ҲАКИМ

 

МУҲТАРАМ АСКАР ҲАКИМ!

Шумо пас аз хатми мактаби № 12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар идораи Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, бо дилбастагии тамом ба хидмати илму адаби тоҷик камари ҳиммат бастед.

Ҳамин меҳру садоқат ва ихлоси Шумо ба осори гаронбаҳои гузаштагон ва муосир буд, ки дар соли 1969-1972 аспиранти кафедраи адабиёти шўравии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гардида, ба дарёфти унвони номзади илми филология (с.1974) шарафёб шудед. Дар вазифаҳои ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ, мушовири адабии Иттифоқи нависандагон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», котиби садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳаф- тавори «Адабиёт ва санъат» (1980-1990), Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1991-2003), ҳамзамон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷ- лиси Олии Тоҷикистон (2000-2005), мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2011) хидмат кардед.

Аз соли 2012 ин ҷониб ходими калони илмӣ, сарходим ва ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Суханшиносӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошед.

Соли 2018 дар мавзўи “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷики нимаи дувуми садаи ХХ) рисолаи докторӣ дифоъ карда, соҳиби унвони доктори фанҳои филологӣ гардидед.

Китобҳои нақду адабиётшиносии Шумо “Шеър ва замон” (1978), “Дар қала- мрави сухан” (1982), «Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ» (2017), “Сухан аз шеъру адаб” (2017), “Маҷмўаи осор. Иборат аз ҳафт ҷилд. Ҷилди 3. Таҳқиқоти илмӣ”, ҷилди 4. «Нақди адабӣ», ҷилди 5. “Анвои шеъри ғиноӣ” (2020) дар шеършиносӣ ва нақди адабии тоҷик арзиши баланд доранд.

Китобҳои шеъратон “Раҳнавард” (1983), “Тарозуи офтоб” (1987), “Рўзи умед” (1990), “Баргпайванд” (1993, ба ҳуруфи форсӣ), “Шаҳри меҳолуд” (1993, ба ҳуруфи форсӣ), “Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким” (1995), “Илтиҷо аз уқоб” (1998, ба ҳуруфи форсӣ ва сириллик), “…Боз мерасад хуршед” (2002), “Санги ман – алмос” (2006), “Мунтахаби ашъор”, (2008), “Замини сабзи боварҳо” (2008), “Ба саломи шукуфаҳо” (2012) ва ғайра Шумо- ро ҳамчун шоир маҳбуби дили ҳаводорони шеъру сухан кардааст.

Тарҷумаи асарҳои Данте Алигери  “Мазҳакаи илоҳӣ” (Дўзах), В. Биков

“Сотников”, Геворг Эмин “Аср. Замин. Ишқ”, М. Коломиетс “Фариштаи ваҳшӣ”, ашъори Ярослав Смеляков, Емилиан Буков, Мухтор Шаханов, Муҳаммад Алӣ, Карло Каладзе аз беҳтарин намунаи заҳматҳои Шумо дар кори тарҷумонист.

Хидматҳои арзишманди Шумо бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ (1992), унвонҳои Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1993), Шоири халқии Тоҷикистон (1999) ва ғайра қадрдонӣ шудаанд.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Ҳоло ки ба синни мубораки 75-солагӣ расидаед, бо иштиёқи тамом орзуманди умри бобарор ва корҳои шоистаи минбаъдаи Шумоем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ГИРОМИДОШТИ НАВИСАНДАИ БУЗУРГ

23 сентябри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Идомаи: ГИРОМИДОШТИ НАВИСАНДАИ БУЗУРГ

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Идомаи: БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

ЭҲДОИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА СОБИҚАДОРОН

 

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Идомаи: ЭҲДОИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА СОБИҚАДОРОН

САМАРИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРБОР

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.

Идомаи: САМАРИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРБОР

ЗИКРИ ХАЙР

Рўзи 13 августи соли ҷорӣ номзади илмҳои филологӣ, адабиётшиноси барҷаста, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷумъабой Азизқулов дар синни 87-солагӣ аз дунё рахти сафар барбаст.

Идомаи: ЗИКРИ ХАЙР

САБТ НОМИ Ӯ БА ЛАВҲИ ЁДҲОСТ

 

13 августи соли равон аз марги Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар як соли расо сипарӣ шуд. Дар ҳамин рўзи соли равон пайвандону дўстон, аҳли қалам ва мухлисони шоири равоншод ба мазори Лучоб ҷамъ омаданд, то дар расми гузоштани лавҳи ёдгор ба қабри устод ширкат варзанд ва ёди ўро гиромӣ доранд. Лавҳи зебои ёдгор бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ гузошта шуд. Дар он расми шоир ва як рубоии ў ба таври зебову диданӣ нақшбандӣ шудааст.

Идомаи: САБТ НОМИ Ӯ БА ЛАВҲИ ЁДҲОСТ

АЗ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз номи ҳамаи адибони ҷумҳурӣ бино бар ҳодисаи заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, ки боиси талафоти ҷониву молӣ шуд, ба пайвандону наздикони қурбониён ва зарардидагони ҳодиса ибрози ҳамдардии амиқ ва орзуи сабру субот менамояд.

Идомаи: АЗ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

АХТАРИ САНЪАТИ МИЛЛАТ

 

1 июли соли равон дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик, устоди ҳунар, шахсияти бисёр маҳбубу маъруфи Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Идомаи: АХТАРИ САНЪАТИ МИЛЛАТ

ЭҲДОИ «ЗАРРИНТОҶ» ДАРАҶАИ I БА САРВАРИ ӮЗБЕКИСТОН

Шоми рўзи 10 июн дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дўсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дўстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику ўзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардўстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷи- кистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳу- рии Тоҷикистон Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

 

Аз 20 то 22-юми майи соли равон маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд адибони ҷавонро аз ҳама нуқтаҳои кишвари азизамон ба оғӯшаш гирифт. Қаламкашони ҷавоне, ки дар марҳалаи аввали Машварати омӯзишии адибони ҷавон иштирок карда ва ба марҳалаи охир роҳхат гирифта буданд, барои ширкат дар марҳалаи ҷумҳуриявӣ ба ин шаҳри бостонии саршор аз зебоиву ҷавонӣ омаданд ва тайи ду рӯз аз устодони сухан дарси маҳорат омӯхтанд.

Идомаи: МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

«ШОИРИ ИСЁН, ШОИРИ ИШҚ, ШОИРИ РИНДОН…».

Дар Хонаи адибон ба муносибати 80-солагии Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир гардид.

Имрӯз дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии яке аз устодони барҷастаи назми муосир, шоири маъруф устод Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ баргузор шуд.

Идомаи: «ШОИРИ ИСЁН, ШОИРИ ИШҚ, ШОИРИ РИНДОН…».

БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДОРО НАҶОТ ДОРО НАҶОТИ ГИРОМӢ!

 

Шумо аз зумраи он шоирони тавонову ҳунарманде ҳастед, ки дар пешрафт ва навсозии шеъри имрўзи тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштаанд. Ҳамчун шоири соҳибсабку навовар дар фазои адабии Тоҷикистон ва қаламрави шеъри имрўзи форсӣ ҷойгоҳи муносиб ёфтаед ва ашъоратон аз ҷониби суханшиносону мунаққидон ба хубӣ истиқбол шудааст.

Идомаи: БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДОРО НАҶОТ ДОРО НАҶОТИ ГИРОМӢ!

БАЛЛАДАИ МАРЗБОН

 

Низом Қосим

Марзбон дар посгаҳ истода буд.

Навҷавону покҷону сода буд.

Марзро пўшида бо ҷисми ҷавон,

Ҷону дилро бар Ватан бикшода буд.

 

Идомаи: БАЛЛАДАИ МАРЗБОН

ДАР БОРАИ ХУДАМ

 

Мирзо Турсунзода

Вақтҳои баччагӣ ҳар шомгоҳ ҳамроҳи падарам дар болои суфаи таги дарахти чормағз рӯи ҷогаҳ дароз кашида, бо ҳайрат ва масаррат чашм ба ситорагони осмони лоҷувардӣ медӯхтам.

Идомаи: ДАР БОРАИ ХУДАМ

ШЕЪРИ ДИРӮЗ ДАР ХИДМАТИ ИМРӮЗ

 Осори устод Мирзо Турсунзода ниёз ба муаррифиву баррасии муфассал надорад. Аз ҷумла, оид ба «Қиссаи Ҳиндустон» дар тӯли беш аз ҳафт даҳсолае, ки аз таълифаш гузаштааст, чандон мақолаву рисолаҳо чоп шудаанд, ки дар бораи камтар аз асарҳои адабиёти мо ба табъ расидаанд. Бо истифода аз ин маврид танҳо чанд нукта пешниҳоди хонанда мешавад.

Идомаи: ШЕЪРИ ДИРӮЗ ДАР ХИДМАТИ ИМРӮЗ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved