• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН БАХШИДА БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ АТО ҲАМДАМ МАҲФИЛИ АДАБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба фаъолияти эҷодии нависанда, рӯзноманигор, драматург, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ато Ҳамдам маҳфили адабӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Низом Қосим, драматурги шинохта Нур Табаров, шоирону нависандагон, ҳунармандони театр ва ҳаводорони эҷодиёти Ато Ҳамдам иштирок карда, аз фаъолият ва хизматҳои арзандааш ёд карданд.

Идомаи: ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН БАХШИДА БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ АТО ҲАМДАМ МАҲФИЛИ АДАБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

АЗ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН!!

 
 

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо андӯҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 1-уми майи соли ҷорӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабари даргузашти шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир расид. Адабиёти тоҷик ба талафи ниҳоят гарон рӯ ба рӯ шуд: бар асари бемории тӯлонӣ дар остонаи 80-солагӣ дили ҳассоси шоир аз тапидан бозмонд.

Идомаи: АЗ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН!!

ҶАМШЕД ПИРИМОВИ АЗИЗ!

 

Номи Шумо ҳамчун шоири хушбаёну хушсухан барои хонандагони тоҷику ўзбек дер боз ошност. Шумо аз оғози фаъолияти эҷодии худ рисолати суханвариро то кунун содиқона анҷом медиҳед. Баъди хатми факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  қобилияти худро дар маслакҳои омўзгорӣ ва рўзноманигорӣ санҷида, дар ҳар вазифае, ки будаед, кори эҷодиро раҳо накарда, барои рушди бахши ўзбекии адабиёти Тоҷикистон хидматҳои сазовор анҷом додаед. Бахусус, ҳангоми фаъолиятатон ба ҳайси сармуҳаррири рўзномаи "қадрият" ба пешрафти ин соҳа ҳиммат гумоштед ва дар дили чандин насл базри сухан коштед.

Идомаи: ҶАМШЕД ПИРИМОВИ АЗИЗ!

АҲЛИ ИЛМУ АДАБИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТИ БОЗОР СОБИРРО БАРОИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ТАЛАФОТИ БУЗУРГ АРЗЁБӢ НАМУДАНД

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  субҳи имрӯз шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт.

Аҳли илму адаби тоҷик аз хидматҳои бузурги устод Бозор Собир дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик ёдоварӣ карда, даргузашти ин шоири ватансароро барои халқи тоҷик, адабиёти тоҷик ва фарҳанги тоҷик талафоти бузург арзёбӣ намуданд.

Идомаи: АҲЛИ ИЛМУ АДАБИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТИ БОЗОР СОБИРРО БАРОИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ТАЛАФОТИ БУЗУРГ АРЗЁБӢ НАМУДАНД

ДАР ГИРДИ ЧАРОҒИ ЁДИ АЙНӢ

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илм, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо унвони "Устод Айнӣ ва масъалаҳои равобити адабӣ" конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс роҳбарону намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва донишмандону муҳаққиқон аз дохилу хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз Боғи фарҳангию фароғатии  устод С. Айнӣ дидан карда, ба корҳои таъмиру бозсозии боғи зебоманзар баҳои баланд доданд.

Идомаи: ДАР ГИРДИ ЧАРОҒИ ЁДИ АЙНӢ

ДАР БОРАИ АЁДАТИ БОЗОР СОБИР ДАР ИМА

 

Бозор Собир - шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ доданд, ки ба аёдати ӯ рафта, ба таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Идомаи: ДАР БОРАИ АЁДАТИ БОЗОР СОБИР ДАР ИМА

АЗ ЭҶОДИ "МАРШИ ҲУРРИЯТ"-И УСТОД АЙНӢ 100 СОЛ СИПАРӢ ГАРДИД

Устод Садриддин Айнӣ бо эҷоди "Марши ҳуррият" шеъри муосири моро ба маҷрои комилан тозае ворид намуд ва барои ташаккулу таҳаввули минбаъдаи он заминаи созгор фароҳам овард. Аз эҷоди ин шеъри навоварона 100 сол сипарӣ гардид ва то кунун аҳаммияти он ҳамчун нахустин шеъри ѓайрисуннатӣ аз назари шаклу қолаб гум нашудааст.

Дар робита бо ин дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Идомаи: АЗ ЭҶОДИ "МАРШИ ҲУРРИЯТ"-И УСТОД АЙНӢ 100 СОЛ СИПАРӢ ГАРДИД

МУҲТАРАМ МИРЗО НАСРИДДИН

Аслан шоирию нависандагӣ мактаб надорад ва ин ҳунари  худодод дар натиҷаи омӯзиш ва меҳнати шабонарӯзӣ метавонад бор оварад. Дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти тоҷик низ,  адибоне ҳастанд, ки бо вуҷуди соҳиби касбу кори дигар будан, оқибат меҳру муҳаббати сухану қалам онҳоро ба майдони адабиёт оварду эшон асарҳои хуб эҷод карданд.

Идомаи: МУҲТАРАМ МИРЗО НАСРИДДИН

"СЕ РӮЗИ ЯК БАҲОР"-И МОНДАГОР

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар баробари солҷашни адибони маъруф солҷашни асарҳои мондагори адабиёти муосири тоҷикро низ ба ҳукми анъана даровардааст.

Идомаи: "СЕ РӮЗИ ЯК БАҲОР"-И МОНДАГОР

МУҲТАРАМ ҶӮРА ҲОШИМӢ!

Шумо яке аз пурхонандатарин шоирони бачагонаи мо, ба синни мубораки 70-солагӣ қадам гузошта, боиси хушбахтист, ки дар айни камолоти эҷодӣ қарор доред. "Соябони садранга", "Офтобак", "Хати амонӣ", "Аз як-як то лак-лак", "Кулча чаро  ширин аст?", ""Ре" мегўям ман бурро!", "Чаро Шамолак вазид?", "Баччаҳову кўчаҳо" ва дигар китобҳоятонро бачаҳои мо бо шавқу завқ хондаанду мехонанд. Шеъри Шумо сода, равон, хотирмону дилчасп ва хушоҳанг аст.

Идомаи: МУҲТАРАМ ҶӮРА ҲОШИМӢ!

ДАСТУРИ ТАШКИЛИ ҲИСОБОТИ ЭҶОДИИ АЪЗОИ ИНТ

 

Дар ҳисоботи эҷодии адиб нишондодҳои зерин ба эътибор гирифта мешаванд:

- адиб дар муддати солҳои 2015-2018 чӣ асарҳо навиштааст? (Номи асар, жанр, ному санаи чопи рўзнома ё маҷаллае, ки асар дар он нашр шудааст, номи китоб ё маҷмўа бо нишон додани нашриёту соли нашр);

- асарҳое, ки аз ҷониби шўроҳои эҷодӣ муҳокима ва ба чоп тавcия шудаанд;

- иштироки адиб дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла маҳфилҳои адабӣ, чорабиниҳои фарҳангии маҳалли зист, чорабиниҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тақризи осори ҳамқаламон, баррасии адабиёти муосир;

Идомаи: ДАСТУРИ ТАШКИЛИ ҲИСОБОТИ ЭҶОДИИ АЪЗОИ ИНТ

АДАБИЁТ ВА БУНЁДИ МАЪНАВИЁТИ КИШВАР

Низом Қосим Оид ба фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2017

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар давоми соли 2017 тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нақшаи Раёсати ИНТ корҳои мушаххас анҷом дод, ки ҳадафи ниҳоии онҳо дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Идомаи: АДАБИЁТ ВА БУНЁДИ МАЪНАВИЁТИ КИШВАР

ДАСТОВАРДҲОИ АДАБИЁТ


Соли 2017 дар ҳаёти шумо чӣ нақше дошт? - суоле буд, ки хабарнигори ҳафтавори "АС" бо чанде аз адибон дар миён гузошт ва инак посухи эшонро манзури хонандагон мегардонем.

 

Абдухолиқ НАБАВӣ:

-Соли 2017 барои ман бисёр муҳиму хотирмон буд. Гарчанде дар назди адабиёту ҳунар як сол наметавонад тағйироти куллӣ ё сифатие ба вуҷуд орад, ба  ҳар ҳол дастовардҳои адабиёт дар ин сол бештару комилтар шуданд. Солро чун меъёр гирифтан имконеро фароҳам меорад, ки мардум ҳамеша дар ҷустуҷӯву талошу ибтикорот бошанд. Ба ҳамин маънӣ як андоза солро ҷамбаст кардан мумкин аст. Метавон гуфт, ки дар ин сол шеъру насри  мо дар матбуоти даврии кишвар бештар инъикос ёфт.  Нақдамон як андоза нақди фаврӣ ва тезутундтар буд. Ҳарчанд, ки мақолаҳои куллии  ҷамъбасткунандаву тавзеҳдиҳанда буданд, вале чанд мақолаҳое, ки дар мавриди шеъри имрӯзи тоҷик навишта шуданд, бо ҳама хусусиятҳояшон аҳаммияти махсус доранд ва онҳо шоиронро ҳушёртар мекунанд, то дар кори эҷодӣ саҳлангорӣ накунанд.

Идомаи: ДАСТОВАРДҲОИ АДАБИЁТ

ХОЛМУРОД ШАРИФОВ ДАРГУЗАШТ

 

27 декабри соли 2017 дили адиб ва публитсисти маъруф Холмурод Шарифов  аз тапиш бозмонд.

Холмурод Шарифов 12 феврали соли 1927 дар деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолияш хонаводаашон ба водии Вахш кӯч бастааст. Солҳои 1937-1938 дар хонаи бачагони Вахш тарбият гирифта, фаъолияти меҳнатияшро аз 15-солагӣ дар ноҳияи Октябри вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтари вилояти Хатлон) сар карда, то соли 1946 ба сифати узви колхоз фаъолият доштааст. Солҳои 1946-1955 дар созмонҳои комсомолии водиҳои Вахшу Ҳисору Қаротегин адои вазифа карда, сипас корманди мақомоти давлатӣ, ҳамзамон сардори ситоди сохтмони Канали Марғедар (дар Панҷакент) будааст. Солҳои 1960-1963 дар Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ КПСС (Маскав) таҳсил карда, ба гирифтани унвони илмии номзади илмҳои фалсафа ноил гардидааст.

Идомаи: ХОЛМУРОД ШАРИФОВ ДАРГУЗАШТ

"САДОИ ШАРҚ" 90-СОЛА ШУД

 

Дар маросими таҷлил аз 90-солагии таъсиси “Садои шарқ” -- нахустин маҷаллаи тоҷикӣ, адибону аҳли фарҳанг ва хонандагони доимии он ширкат доштанд. Дар ин ҳамоиш аз "Садои шарқ" ба унвони маҷаллае ном бурда шуд, ки муассисонаш дар саргаҳи адабиёти тоҷик менишастанд ва зарурати чунин як майдони адабӣ барои аҳли адаби тоҷикро эҳсос мекарданд.

Идомаи: "САДОИ ШАРҚ" 90-СОЛА ШУД

90- СОЛАГИИ "САДОИ ШАРҚ" БАРГУЗОР МЕШАВАД

 

Маҷаллаи "Садои шарқ" имсол 90 сола мешавад.  Қарор аст, раҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии нашри маҷаллаи "Садои шарқ" ва рунамоии феҳристи маҷаллаи мазкурро дар таърихи 25 декабри соли 2017  баргузор намояд.

Мухотабон ва алоқамандони маҷаллаи "Садои шарқ"ро ба ин маҳфил даъват менамоем.

Замони баргузорӣ: 25.12.2017 соати 14: 00

Макон: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷлисгоҳ

 

ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОⱩИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

11 августи соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Ⱪосим ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки бо Ⱪарори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз 28 июни соли 2017, нависанда Мирзонасриддин, тарҷумон Амонбой Ҷуманов, адабитшинос Абдухолиқ Набавӣ бо Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва шоирон Озарахш, Давлати Раҳмониён ва Файзи Ашур бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2017 сарфароз гардонда шуданд.

Идомаи: ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОⱩИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

дар бораи  сазовор гардондани асарҳо бА ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва ба номи  Мирзо Турсунзода

Раёсати ИНТ қарор мекунад:

Асарҳ ои зерин ба ҷоизаҳ ои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва  ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2017 сазовор дониста шаванд:

Идомаи: ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 28 июни соли 2017

  1. Маърӯзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим "Нақши адабиёти бадеӣ дар таҳ кими Ваҳ дати миллӣ" ба инобат гирифта шавад.

    Идомаи: ҚАРОРИ Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз 28 июни соли 2017

Аз Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба иттиллои аъзои арҷманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва хонандагони хушзавқи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" мерасонад, ки мақолаи "Достони ҷавонмардӣ" (№ 48, 1 декабри соли 2016) фикри шахсии муаллифи он буда, принсипу мавқеъ ва назари ҳирфаии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро оид ба асари бадеӣ ва танқиди адабӣ ифода намекунад. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар роҳи иҷрои супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳбуди сатҳу савияи асарҳои адабиёт (дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 апрели соли 2016) пойдору устувор аст ва ин дастури созанда минбаъд низ асоси фаъолияти он хоҳад буд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved