• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

БО ҲУНАР АЗ ДИЛУ ҶОН ДАР ХИДМАТИ ҲАМДИЛОН

Фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақому манзалаташ дар рушди маънавии кишвар, худшиносиву худогоҳии мардум ва муаррифии диёрамон ба аҳли мутамаддини дунё пайваста дар паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикру таъкид ва арҷгузорӣ мешавад. Баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар мамлакат ва берун аз он далели равшани амалишавии ин сиёсати фарҳангсолорист.

Идомаи: БО ҲУНАР АЗ ДИЛУ ҶОН ДАР ХИДМАТИ ҲАМДИЛОН

ПАЙҒОМИ НАКӮ

Ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Остона - пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки он ҷо Ҷаласаи ХХХ1 Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои узви ИДМ доир гардида буд, хабари хуш расид.

Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои узви ИДМ директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Шарифзода Манучеҳр Муртазоро барои саҳми арзандааш дар ташаккули фазои умумии театрӣ; нависандаи шинохта Маҷид Салимро барои фаъолияти тарҷумонӣ дар доираи ИДМ; Ҷаҳонгир Садиров, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро барои меҳнати бисёрсола ва фаъолонааш баҳри рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ дар байни кишварҳои ИДМ бо Ифтихорнома ва нишони сарисинагӣ қадр кардааст.

Идомаи: ПАЙҒОМИ НАКӮ

АЗ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТ

Чуноне ки қаблан хабар дода будем, аз 3 то 6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд Машварати омӯзишии адибони ҷавони мамлакат бо ташаббуси ИНТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд баргузор гардид, ки барои иштирок дар он ҷавонони эҷодкор аз манотиқи кишвар, аз ҷумла Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат намуда буданд.

Идомаи: АЗ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИИ АДИБОНИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТ

АДИБОНИ ҶАВОН БОЯД АЗ ХУДНАМОӢ ПАРҲЕЗ КУНАНД

Роҳи ҳамвору нақбҳои чароғони синаи кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи ватани азизамон Тоҷикистон, ки пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои онро ба вилояти Суғд мепайвандад, барои иштирокчиёни ин машварат, ки бисёрии онҳо бори аввал ба ин вилоят сафар намудаанд, ҷолибу хотирмон буд. Раҳ ба раҳ аксбардорӣ мекарданду суруд мехонданд ва аз истиқлолу ободкориҳои ватани худ шукргузорӣ менамуданд. Машварати адибони ҷавон ҳам самараи истиқлол аст. -Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангу адабиётамон назаррас аст,- мегуфтанд байни худ онҳо ва аз ҳампову ҳамболи истиқлол будани худ ифтихор мекарданд.

Идомаи: АДИБОНИ ҶАВОН БОЯД АЗ ХУДНАМОӢ ПАРҲЕЗ КУНАНД

НАСИМИ ТОЗАИ АДАБИЁТ

Машварати адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи сеюми октябр дар вилояти Суғд оғоз шуда буд, 4-5 октябр кори худро идома бахшид. Ёдовар мешавем, ки осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар шаш бахш, аз ҷумла назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона, публитсистика, адабиёти ӯзбек мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Идомаи: НАСИМИ ТОЗАИ АДАБИЁТ

МУРОҶИАТНОМАИ ИШТИРОКЧИЁНИ МАШВАРАТИ АДИБОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОРИ МАМЛАКАТ

Мо, иштирокдорони Машварати адибони ҷавони Тоҷикистон, ки аз 3 то 6 октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ба падидаи фараҳбахши адабиёти муосири тоҷик табдил ёфт, аз он ифтихорманд ҳастем, ки бори аввал дар даврони Истиқлолият аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ин ҷо ҷамъ омадем. Беш аз сад наврустаи бӯстони адаб аз минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, Бадахшону Рашту Ҳисори шодмон ва вилояти Суғд дар ин шаҳри бостонӣ ва адабпарвар ҷамъ омада, бо устодони адабиёти муосир рӯ ба рӯ асарҳоямонро муҳокима кардем, то дар қаламрави сухан бо фикру андешаи бикр, тахайюл ва тасвирҳои зебо пайроҳаи худро дарёбем.

Идомаи: МУРОҶИАТНОМАИ ИШТИРОКЧИЁНИ МАШВАРАТИ АДИБОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОРИ МАМЛАКАТ

МАШВАРАТИ АДИБОНИ ҶАВОНИ ТОҶИКИСТОН

Аз сеюм то панҷуми октябри соли равон дар вилояти Суғд Машварати адибони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Осори адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар Китобхонаи вилояти ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар шаш бахш, аз ҷумла назм, наср, нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона, публитсистика, адабиёти ӯзбак мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар анҷоми Машварат иштирокдорони он ба ҷавонони эҷодкори кишвар Муроҷиатнома қабул карданд.

ЧОПИ ОСОРИ АДИБОНИ ТОҶИК ДАР БЕЛАРУС

Дар шумораи нави маҷаллаи "Нёман"-и Ҷумҳурии Беларус намунаҳои осори адибони имрӯзи тоҷик зери рубрикаи "Сябрына": Беларусь-Таджикистан" пешкаши хонандагони ин кишвар шуд. Силсилаи мазкур бо пешгуфтори Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим "Нуқтаи пайванд" ("Точки соприкоснавения"), ки дар он сухан роҷеъ ба робитаҳои таърихӣ ва адабии Тоҷикистону Беларус меравад, оғоз мешавад.
Намунаҳои ашъори Муъмин Қаноат, Гулназар, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Фарзона, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, қиссаву ҳикояҳои Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Ато Ҳамдам, Мансур Суруш, Равшани Махсумзод, Ҷумъа Қуддус дар ин шумораи маҷалла интишор ёфтаанд.

АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОҲИЛИ САЙҲУН

ДАР ХУҶАНД  МАШВАРАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ АДИБОНИ ҶАВОН ОҒОЗ ГАРДИД

04

Машварати омӯзишии ҷумҳуриявии адибони ҷавон субҳи сеюми октябри соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд шурӯъ гардид. Дар рафти маросими кушодашавии машварат муовини раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва адибони шинохта Гулназар, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Фарзона, Атахон Сайфуллоев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ато Мирхоҷа, Парда Ҳабиб, Акбари Абдулло ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд.

Идомаи: АДИБОНИ ҶАВОН ДАР СОҲИЛИ САЙҲУН

АЁДАТИ АДИБОНИ КУҲАНСОЛ

Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъулони Хазинаи адабиёти ИНТ дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати адибони куҳансол рафтанд ва ба онҳо ёрии пулӣ расониданд.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагон солҳои охир суст шуда буд ва инак ин сохтор дубора кори худро вусъат бахшидааст.

ТАҲЛИЛИ НАСРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон насри даврони Истиқлолият аз ҷониби нависандагон ва адабиётшиносону мунаққидон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Юнус Юсуфӣ дар оғоз иброз дошт, ки дар насри замони истиқлол воқеан бо шарофати ваҳдату осудагӣ дигаргунию пешравиҳо дида мешаванд. Номбурда бар хилофи андешаҳое, ки гӯё жанри ҳикоя рӯ ба таназзул овардааст, зикр кард, ки дар ин давра нависандагони баркамол ва ҷавони тоҷик бисёр ҳикояҳои хуб навиштанд. -Дар дигар жанрҳо низ навгониҳо ба чашм мерасанд,-афзуд Юнус Юсуфӣ.

Идомаи: ТАҲЛИЛИ НАСРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

АЗ МИҚДОР БА СИФАТ

Имрӯзҳо кори Комиссияи таҳлилу омӯзиши сатҳи касбӣ ва маҳсули эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бамаром ҷараён дорад ва силсилаи тақризҳо ба эҷодиёти аъзои нави Иттифоқ дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" нашр шуда истодаанд. Мо назари чанде аз адибони шинохтаро дар бораи ин тадбир пурсон шудем.

Идомаи: АЗ МИҚДОР БА СИФАТ

МУЛОҚОТИ АДИБОН ДАР ОСТОНАИ ИСТИҚЛОЛ

Ба ифтихори 25-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар вохӯрии Шоири халқии Тољикистон Гулназар ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев бо кормандони ин ниҳод баргузор шуд.

Директори агентии мазкур Шерхон Салимзода вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ҳаёту фаъолияти меҳмонон чанг сухан гуфт.

Сипас адибони маъруф роҷеъ ба арзиш ва ҷойгоҳи Истиқлол дар  давлатдорӣ ва навгонию дигаргуниҳои фазои адабии кишвар сухан ронданд.

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъадор пешниҳод шуд, ки минбаъд иртиботу ҳамкорӣ бо адибон густариши бештар ёбад. 

РАСИДА БО ГУЛИ ҚАТОР БАҲОРИ ТОЗААТ, ДИЁР...

03

25-26 июли соли равон дар шаҳри Ваҳдат курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавони пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд.

Нахуст дар Кохи маърифати шаҳр ба ин муносибат ҷаласаи умумӣ доир шуд, ки ба он Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ бахшида, ба адибони ҷавон масъулияти сангини суханофарӣ, заҳмати қаламкашӣ, амиқу ҳушмандона омӯхтани осори адабии классикӣ, муосир ва ҷаҳон, ҳамаҷониба ва пайгирона омода буданро ба кори эҷодӣ ёдовар гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар махсус таъкид намуд, ки тарбият ва дастгирии қаламкашони ҷавони боистеъдоду навҷӯ дар сархати иқдомоти Раёсати ИНТ қарор дорад. Тибқи нақшаи корӣ Раёсати ИНТ дар се моҳи охир дар шаҳрҳои қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ курс-конференсияҳои минтақавии адибони ҷавонро даъват кард. ҳамингуна чорабинӣ дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Дар марҳилаи ниҳоӣ эҷодкорони умедбахш дар курс-конфренсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, ҷамъ меоянд.

Идомаи: РАСИДА БО ГУЛИ ҚАТОР БАҲОРИ ТОЗААТ, ДИЁР...

МУАРРИФИИ "ПОМИР" ДАР МИНСК

13 юли соли ҷорӣ дар толори бошукӯҳи хонаи нашри "Звязда"-и шаҳри Минск рунамоии шумораи нави маҷаллаи адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон "Помир" бо ширкати адибони маъруфи кишвари дӯсту бародари Беларус, рӯзноманигорон ва чанд тан аз кормандони корпусҳои дипломатии муқимии Минск баргузор гардид. Шумораи навбатии маҷаллаи "Помир" пурра ба адабиёти имрӯзаи ҷумҳурии Беларус бахшида шудааст.

Осори адибони маъруфи беларус Александр Осиновский, Михас Поздняков, Олег Ждан, Экатерина Карневич, Алес Карлюкович, Вера Зеленко, Микола Метлитский, Алес Бадак, Элизавета Палеес, Георгий Кисилёв ва дигарон саҳифаҳои маҷалларо зеб доданд.

   Алес КАРЛЮКЕВИЧ, раиси Ҷамъяти дӯстии Беларус-Тоҷикистон, сармуҳаррири интишороти "Звязда"

Ҷоизаи байналмилалӣ муборак, устод Гулназар!

02Бо қарори  Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз  17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ бо дипломи  «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад.  Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мешавад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад.
Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки  ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори Гулназар Келдӣ  ба ин мукофот олимони машҳур академикҳо Элеонора Крилатих, Зурат Церетели ва Лев Бокерия низ сарфароз гардонида шудаанд.

СУҲБАТҲОИ ХОТИРМОН БО АДИБОНИ ҶАВОН

0111-12-июли соли равон тибқи нақшаи коaри ИН Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб даври дувуми курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавон баргузор шуд.

Баъд аз ошноии ҳамаҷониба бо чакидаҳои табъи навқаламони шаҳру навоҳии Кӯлоб, Ховалинг, Фархор, Муъминобод, Мир Саидалии Ҳамадонӣ , Темурмалик, Шоҳин, Восеъ, Данғара, Балҷувон муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудирони шуъбаҳои ИН Муҳаммадалии Аҷамӣ, Равшани Махсумзод, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" Парда ҳабиб ва мусоидату ширкати котиби масъули шуъбаи кӯлобии ИН, Шоири халқии Тоҷикистон ҳақназар ғоиб дар ҷаласаи умумӣ ва сексияҳои алоҳида аз натиҷаҳои баррасӣ ва таҳлили намунаҳои назму насри онҳо суҳбат ва суханронӣ карданд.

Идомаи: СУҲБАТҲОИ ХОТИРМОН БО АДИБОНИ ҶАВОН

ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШӮРОҲОИ НАЗМ ВА НАҚДИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

11-уми июл дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси муштараки шӯроҳои назм ва нақди адабӣ даргузор шуд. Дар маҷлис раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва аъзои шӯроҳои мазкур ширкат доштанд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим бо сухани ифтитоҳӣ масъалаи асосӣ-вазъи шеъри имрӯзро ба миён гузошт. Аъзои шӯроҳои назму нақд Абдунабӣ Сатторзода , Аскар Ҳаким, Абдураҳмон Абдуманнон, Абдухолиқ Набавӣ, Абдушукури Абдусаттор, Рустами Ваҳҳоб ва дигарон мулоҳизаҳояшонро перомуни вазъу мушкилоти шеъри имрӯз баён намуда, барои рушди танқиди адабӣ ва гирифтани пеши роҳи нашри ашъори беарзиш пешниҳодҳо ироа намуданд...

Идомаи: ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШӮРОҲОИ НАЗМ ВА НАҚДИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

ШУЪЛАҲОИ ФУРӮЗОНИ УМЕД

16-17 июни соли равон бо ибтикори Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон курс-конференсияи минтақавии адибони ҷавон баргузор шуд, ки дар кори он эҷодиёти навқаламони умедбахш баррасӣ ва баҳогузорӣ гардад.

Нахуст дар маҷлисгоҳи китобхонаи марказии вилоят расми оғози курс-конференсия доир гардид. Лаҳзаи қироати шеърҳо дар бораи хидматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, бузургӣ ва неъматҳои истиқлол, Ваҳдати миллӣ, бахту саодати халқ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ба ҳозирин таассуроти амиқ бахшид.

Идомаи: ШУЪЛАҲОИ ФУРӮЗОНИ УМЕД

АДИБОНИ ВАҲДАТСАРО ДАР БАДАХШОН

Дар доираи таҷлили 19-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ гурӯҳе аз адибони тоҷик низ ба ВМКБ сафар доштанд.

Бо иштироки онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят маҳфилу чорабиниҳо баргузор шуданд. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки шоири маъруф Бозор Собир ва дигар адибон маҳфили “Шеъри Ваҳдат” барпо гардид.

Дар ноҳияи Роштқалъа маросими ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд доир шуд, ки дар он раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамчунин бо ширкати адибони шинохта маҳфили рӯнамои китоби тозанашри “Шириншоҳ Шоҳтемур” аз силсилаи “Қаҳрамонони Тоҷикистон” баргузор гардид.

СУХАН АЗ ХИДМАТҲОИ ШОИСТАИ ПЕШВО

Нашриёти "ЭР-граф" китоби тозаи нависанда Шералӣ Мӯсоро бо номи "Ҷасорат" ба табъ расонд, ки аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон дар даврони истиқлол ҳикоят мекунад.

Китоб барои таърихнигорон, сиёсатшиносон, умуман барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved