• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

НИГОҲЕ БА ЯК БАЙТ

                                                              Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

                                                              Ба бекориву нодонӣ намонем.

Ин байт дар назар сода меояд, вале саршор аст аз даъват ба сўи илму дониш, ба сўи доноӣ ва худшиносиву огоҳӣ аз маърифат, аз шинохти асолати худ. Даъвати инсонҳо ба сўи маърифат, илму дониш дар осори адибони бузург ҳамеша ҳузур доштааст, чи дар замони қадим ва чи имрўз дар осори бузургмардони андеша ин мавзўъ зудуда нашудааст. Устод Садриддин Айнӣ нарму латиф ва бо меҳрубонӣ инсонҳоро ба сўи илму маърифат фаро мехонад ва дар зимн хуро ҷузъе аз онҳо медонад. Яъне, устод худро ҳам барои омўхтани илм даъват дорад, вақте мегўяд, эй рафиқон, биёед, дарс бихонем, ин даъват ба устод низ дахл дорад.

Идомаи: НИГОҲЕ БА ЯК БАЙТ

ФАРЗАНДИ МОСТ ШЕЪРУ БАД-ОН ФАХР МЕКУНЕМ

Пайдост, ки нақди адабӣ бо таҳлилу тақризу танқидаш илм аст ва дар сулолаи сухан бо адаб (ва ё адабиёт) бародарии хунӣ дорад. Маҳз ҳамин ҳамбастагии хунист, ки дар давоми қарнҳо яке муаррифгару перостагари дигаре гашта, дар шинохти ҳамдигар хизматгузорӣ менамоянд. Кофист ба гузашта назари сатҳие андохтан, ки шоирон муаррифгари шоиронанд ва тазкираҳои онҳо мақбули ҳамагон гаштааст. Басо хушоянд аст, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд”.

Идомаи: ФАРЗАНДИ МОСТ ШЕЪРУ БАД-ОН ФАХР МЕКУНЕМ

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ЭҶОД ВА КОРМАНДОНИ ИЛМУ МАОРИФ

 

 

 

18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Идомаи: МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ ЭҶОД ВА КОРМАНДОНИ ИЛМУ МАОРИФ

АНДАРЗИ БУЗУРГОН

Нашриёти давлатии «Адиб» китоби «Андарзи бузургон»-ро дар тарҷумаи нависанда Юнус Юсуфӣ ба нашр расонд, ки фарогири андарзҳои бузургони олам мебошад. Ба андешаи тарҷумон, «Андарзи бузургон» китобест, ки мешавад дар дабистону донишгоҳ истифода кард, дар ҳалқаи фарзандон хонд, ҳамроҳ ба сафар бурд, ба дўстон ҳадя намуд.

Идомаи: АНДАРЗИ БУЗУРГОН

ШУЪЛАИ ИШҚИ ВАТАН

Дар чанд моҳи охир ду маротиба аз телевизиони «Сафина» барномаи консертии ниҳоят дилкашу гуворо ва дар ҳақиқат, шуниданию диданиеро бо ширкати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқули Билол, ки «Шуълаи ишқ» ном дорад ва дар заминаи эҷодиёти Бозор Собир таҳия гардидааст, бо шавқу ҳаваси беандоза тамошо кардам.

Идомаи: ШУЪЛАИ ИШҚИ ВАТАН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved