• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

28 январи соли равон Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Низом Қосим Сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби  Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.

 

Перомуни вазъ ва густариши робитаҳои адабӣ байни ду давлат мубодилаи васеи афкор сурат гирифт.

Зимни суҳбат Низом Қосим аз таърихи қадимаи робитаҳои ҳасанаи аҳли адаби тоҷику форс бо шоирону нависандагони араб ёдовар шуда, зикр кард, ки осори бадеиву илмии гузаштаи моро бе истифода аз забони арабӣ тасаввур кардан номумкин аст. Бисёре аз шоирону олимони классики тоҷик ба арабӣ асарҳои мондагор эҷод кардаанд.  

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъкид кард, ки аз шарофати таваҷҷуҳи  пайвастаи Пешвои миллат барои фаъолияти созмони адибон, аз ҷумла робитаҳои адабӣ, имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омаданд. Дар ин шумор баргузории Рўзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи ин робитаҳо имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Агар то ҳол тарҷумаи осори адибони ду ҷониб аҳёнан сурат мегирифт, минбаъд дар ҳамкории доимии мутақобилан судманд тибқи барнома амалӣ хоҳад гашт.

Низом Қосим ҷаноби Абдулазиз ал-Бодиро бо таърихи созмони адибони Тоҷикистон ва нақши муассири он дар ҷомеа шинос намуда, тазаккур дод, ки адибони оламшумуле, ба мисли Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, саромадони он буда, барои пайванди адабиётҳо ва таҳкими дўстии байни халқҳои Осиёву Африқо, аз ҷумла давлатҳои арабӣ, корҳои бузург анҷом додаанд. Боиси ифтихори мост, ки Конфронси адибони Осиёву Африқо сардафтари адабиёти навини тоҷикро дар шумори се адиби забардасте зикр намуд, ки ба адабиёту тафаккури халқҳои гуногуни ин қитъаҳо таъсиргузор будаанд. Шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода солҳои зиёд раҳбарии Кумитаи ҳамраъйии адибони Осиёву Африқоро бар дўш дошт. Талошҳои пайвастаи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, ки дар ташаккули сиёсати шўравӣ оид ба Шарқи Наздик таъсиргузор буд, дар роҳи суботу пойдории кишварҳои арабӣ низ ба ҳамагон маълум аст.  

Ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ барои мулоқот изҳори сипос намуда, роҷеъ ба вазъи адабиёт ва адибони мамлакати хеш гузориши мухтасар дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки адибони Арабистони Саудӣ дар маҳфилҳои зиёди адабӣ муттаҳид гашта, фаъолияти эҷодиашонро пеш мебаранд.

«Халқи мо ба Тоҷикистон ва адабиёти бузурги он муҳаббати самимона дорад, - гуфт сафир. - Намунаи осори намояндагони адабиёти ин миллатро мехонад ва аз ин адабиёти пурбор воқиф аст. Боиси хушнудист, ки ба забони арабӣ вожаҳои зиёди тоҷикӣ-форсӣ дохил гашта, ба моли худӣ табдил ёфтаанд. Забони тоҷикӣ низ аз калимаву ибораҳои арабӣ хеле ғанист. Ин аз ҷумла имкон медиҳад, ки омўхтани забони тоҷикӣ барои ман осон бигардад…

Мо ба фарзанди қаҳрамони халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аҳсан мегўем, ки Тоҷикистонро аз оташи ҷангу бесомонӣ бадар оварда, ба ҷодаи тараққиву пешрафт гузошт. Корномаи ў дар ҳақиқат ҳам мўҷиби тамҷиду тавсиф буда, барои ба вуҷуд овардани асарҳои хонданӣ барои адибон маводи фаровон фароҳам меорад».

Ҷаноби Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ аз ҷараёни робитаҳои адабӣ изҳори хушнудӣ карда, таъкид намуд, ки сафорати давлати ў ба таҳкими ин амр, ташкили чорабиниҳои дуҷонибаи адабӣ, сафарҳои адибон ба кишварҳои якдигар ва ривоҷи тарҷумаи асарҳои адибони номвари ҳар ду ҷониб омода мебошад. Ў аз ташкил шудани Маркази тарҷума дар назди Иттифоқи нависандагон ва фаъолияти бахши арабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, умедвориашро аз саҳми арзандаи он дар ошноии халқҳоямон бо адабиёти ҳамдигар баён дошт.

Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои мутақобилаи адабӣ, чопи осори адибони тоҷик ба забони арабӣ ва адибони араб ба забони тоҷикӣ изҳори назар намуданд.

А. Мирзозода

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved