• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

АБДУҚОДИР МАНИЁЗОВ ВА РУШДИ ИЛМИ АДАБИЁТШИНОСӢ

 

Бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 5 декабри соли 2020 дар Толори бузурги Шаҳраки донишҷўёни ДМТ бахшида ба 90-солагии адабиётшиноси маъруф ва наттоқу ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Абдуқодир Маниёзов конфронси илмию амалии "Абдуқодир Маниёзов ва рушди илми адабиётшиносӣ" баргузор гардид. Дар конфронс вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик М. Имомзода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода, директори Институти забон ва адабиёт ба номи А. Рўдакӣ Б. Шарифзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Парда Ҳабиб ва дигар адибону олимони шинохтаву пайвандони Абдуқодир Маниёзов ҳузур доштанд.

Идомаи: АБДУҚОДИР МАНИЁЗОВ ВА РУШДИ ИЛМИ АДАБИЁТШИНОСӢ

МИЛЛАТСӮЗОН ВА МИЛЛАТСОЗОН

 

Халқи тоҷик аз қадимтарин мардумони соҳибтамаддуни ҷаҳон буда, ба зумраи халқҳое дохил аст, ки нахустин давлати мутамаддини башариро ба миён овардаанд. Вале борҳо бо таъсири душманон давлатҳои сохтааш аз байн рафтаанд.  Ҳамин аст, ки дар тўли таърих давлати Ҳахоманишиён ба дасти Искандари юнонӣ ва давлати Сосониён ба дасти арабҳо, давлати Сомониён ба дасти туркҳо аз байн рафтаанд. Дар тўли  асрҳо миллати мо фақат месохт, обод мекард, вале душманонаш хароб мекарданд, дороияшро ғорат менамуданд, аз сари мардум калламанораҳо месохтанд. Вале иродаи қавию созанда, фарҳанги бузурги  эҳёгар ўро боз ҳам зинда нигоҳ медошт, боз талоши шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, илму адабу ирфон мекард. Ба ибораи дигар, тоҷикон дар тўли таърих ҳазорон бор ба хатари нобудӣ мувоҷеҳ гардида, бо иродаи қавӣ алайҳи ҳар гуна сиёсатҳои ғосиби замон муборизаи маънавию сиёсӣ бурдаанд.

Идомаи: МИЛЛАТСӮЗОН ВА МИЛЛАТСОЗОН

ТАРОВАТИ ШАБИ ШЕЪРИ ТОҶИК

 

Нахустин шаби шеър ва мусиқии тоҷик ба сурати онлайн дар 25 октябр аз тариқи барномаи «Зум» аз тарафи Бунёди байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ баргузор шуд.

Идомаи: ТАРОВАТИ ШАБИ ШЕЪРИ ТОҶИК

ИҚДОМИ НЕК

(Дар ҳошияи як китоби муҳим)

 

Нависанда, шоир ва публитсист, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа имсол бо ташаббуси наҷибе баромад кард. Вай ба номи “Иттифоқи нависандагон ва рушди адабиёти тоҷик” китоберо аз таърихи ташаккули иттиҳодияи эҷодии адибони кишвар ба табъ расонд. Муаллиф ин асарро зимни матолиби бойгониҳо ва матбуоти ҳамон давра навишта, ба хонандагон имконият фароҳам сохтааст, ки бо аснод ва хабару мақолаҳои расмӣ шинос шуда, дар бораи чӣ гуна ташкил ва ташаккул ёфтани созмони нависандагони кишвар, фаъолияти вай ва адибон тасаввуроти илмӣ пайдо кунанд.

Идомаи: ИҚДОМИ НЕК

СУРУДАМ, БОЛИ ПАРВОЗИ ДИЛИ МАН! ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

 

16 ноябр, дар Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки зимни он Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 70 000 cомонӣ ба Далер Тиллоев аз шаҳри Душанбе аз  номинатсияи композиторӣ  дар жанри академӣ  супорида шуд. Аъзои ҳакамон баъд аз се даври озмун беҳтарин истеъдодҳоро аз рўйи се номинатсия - композиторӣ (оҳангсозӣ),  сарояндагӣ, навозандагӣ муайян намуданд. Дар умум ба 65 нафар иштирокчиёни имсола аз рўи жанрҳо (аз ҷойи якум то панҷум) аз  15 000 сомонӣ то 50 000 сомонӣ тақдим намуданд. Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандўстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шуда буд. Тайи ду сол аст, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрўз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд».

Мавриди зикр аст, ки дар барномаи консертии озмуни мазкур суруду оҳангҳое, ки тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон буданд, пешкаш гардиданд.

Бояд таъкид дошт, ки ҳар номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни  иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби аъзои ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

 Дар ин ду сол ба озмун суруд ва оҳангҳои тозаэҷод, асарҳои нави композиторони ватанӣ, ҳамзамон беҳтарин осори мусиқии классикии ҷаҳонӣ, намунаҳои олии мусиқии анъанавӣ (мақомхониву фалаксароӣ), инчунин овозхонии академӣ (вокал) пешниҳод гардиданд.

Фарқияти низомномаи имсола аз озмуни соли гузашта дар он аст, ки имсол аз рўи ҳар жанри он 9 нафар ғолиб муайн гардид ва  омўзгорон ва устодоне, ки шогирдонашон ғолиб гардиданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд карда мешаванд. Инчунин  ғолибони озмун ҳуқуқи иштирокро дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуданд.

Масъулони баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин  Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила барои баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷўӣ намуданд.

Маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  2 140 000   (ду миллиону яксаду чил ҳазор)  сомониро ташкил медиҳад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved