• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХОШАРӮБ

 

Сапедадам, чашм кушодан ҳамон, нимахобу нимабедор пардаи тирезаро канор задам. Ин кор, монанди нафас кашидану мижа задан, беихтиёр асту солҳост, ки бе камукост такрор мешавад. Кати хобам назди тиреза аст ва ҳар пагоҳ, пас аз бедор шудану садоҳоро шунидану бўҳоро шамидану ҳушёр шудан, коре ки боҳушона мекунам, аз фарози ошёна ба поин, ба паҳнаи боғ менигарам. Он замон ин боғи навбунёду зебо пайроҳаҳои кошифаршу нимкатҳои чўбӣ ва гулу гиёҳону ниҳолони гунагунаи сарсабзу шодоб дошт. Роҳи ман аз хона то истгоҳ ба сўи кор аз миёни ҳамин боғ мерафт.

Дар он рўзгорон маро хўи пагоҳони зуд аз хона баромадан буд, то осудаву ором ба корхона расам. Дар минибусҳои лабрез аз одам ҷойи по кофтану миёнхам рафтанро хуш надоштам. Он бомдоди баҳор низ дар нимарўшан кўча баромадам. Даврозаҳои боғро шоми дина кушода буданд. Парандаҳову сагҳо аз будани ин боғ дарак надоштанд ҳоло. Оромии покизаву тозаи рўйи раҳу пайроҳаҳо ва осмони ниҳолону гулу гиёҳон ҷонро менавозид, танро навасоне форам мепечид. Садои ба кошиҳо хўрдани пошнаҳои ман ҳатто, ки дар он субҳи бесадо ба чакчаки об аз шибдори ғори тор мемонист, ин порахамўшии дастнозадаро намешикаст, андешаро ба сўи рўзмараҳои занандаву газандаи зиндагӣ намеовард, баракс, шукўҳе дигар бар он зам мекард. Ман дар ин паҳнаи сокину наву нозин шоду хушбахт будам он даму аз танҳоӣ мазза мекардам. Танҳоии он лаҳза сахт фораму дилхоҳ буд ва ман онро гум кардан намехостам. Ин ёфта ба тамом фаро гирифта будаму мехостам ба дуртар бикашаду раҳом накунад, вале ногаҳ ўро дидам ва ҳама дар як он аз миён рафт; хонаи дилам пур аз яъсу навмедӣ гашт.

Нахҷҷорўби ҳамқадаш агар дар даст набуд, намегуфтӣ хошарўб буд. Марди навчаи лоғарандому дарозрў, ки мўи ҷавгандуми фарқкушодааш то шона мефуромад ва устухонҳои рухсораву манаҳаш зери риши тозадавида дурушту дамида ба назар меомад ва аз жарфои чашмони калони сиёҳаш неруе омехта ба ҳузну дард фаввора мезад ва дар он пагоҳони нарм камзўли куҳнаи ғафс бар тану ботиҳои кулуфти сарбозӣ ба по дошт, бештар ба наққоше хонабадўш мемонд, то хошарўб. Фазову ҳавои хонаи бесарусомон ва марди танҳои бебаргу наво дар он зуд пеши чашмам омад ва аз дилам гузашт, ки ночор даст ба ин кор задааст; навмедиву ғам ба раҳму ҳузн бадал гашт дар дилам. Ин низ аз одати бади ба ҳамаву ҳар чиз дил сўхтани ман асту гоҳе аз марз мегузарад ва ғамам медиҳад. Аммо чӣ суд аз дилсўзии бесуд? Ва нохоста, он гуна ки ҳар субҳ пас аз чашм кушодан дастам худ сўи парда меравад, забонам «салом» гуфт.

Нигоҳҳомон баҳам омад ва ангор раҳ ба кадом рози ниҳонаш бурдам, ки нигоҳаш рам хўрду ба давру бар рафт, табассуми дард гирди лабаш нишаст, осема ҷорўб зери каш кард, нофаҳмо чизе гуфт ва аз канорам гузашт. Ба худ гуфтам шояд бори нахуст як зани ноошно ин гуна густох саломаш медод, ки хушаш наёмад ва аз хашм забонаш гираҳ зад. Чунинам намуд, ки рафтори ман ошуфтаву осемааш карда буд. Он рўз ин бархўрд борбор ба ёдам мезад, нигоҳи хошарўб пеши чашм меомад ва дарёфте ноошно дар даҳлези дил менишаст; ту гўӣ бод аз гўшаканорҳои ёд бўи кадом рухдоди дурро меовард. Аммо шигифттар аз ин он буд, ки ҳатто вақте ҳама дар кор фурў мерафтам ва боғи наву ўро аз ёд мебурдам, низ чизе монанд ба дарди захми пор аз ин дидор даракам медод. Он бегоҳ гашти кор дар роҳрави миёни боғ ўро надидам ва хаёле фаромўшаш кардам.

Субҳи пасин борон меборид, нарму ширин меборид. Нағмаву навои ба баргу шохаҳову гулу буттаҳову кошиҳо хўрдани чакраҳо ба гунае буд дар боғ, ки мегуфтӣ гўшакии фариштаҳоро мешунавӣ. Овози борон ҳушамро мебурд, ҷонам меболиду танам меосуд. Дарахтони боронхўрда ба чашм ҳамхуну ҳамтан бо ман менамуданд. Рози гулҳо асирам мекард, ки ин рангобарангиро инҳо чи гуна сохтаву ун ҳама бўҳои маҳину нозинро аз дили хоки сияҳ ба чӣ раҳ кашида буданд? Ин эҳсосу андешаҳо зодаи навои афсунгари борону сеҳри он буданд. Ва ман чатр рўи сар, ки уфуқи нигоҳамро танг карда буду дур дида намешуд, аз пайроҳаи миёни боғ ба истгоҳ омадам. Вай ба ҳамун сару сурат ин ҷо буд, танҳо набуд, саги гаргин ҳамроҳаш буд. Нигоҳҳомон ба ҳам хўрд ва ангоштам як он чизе нарм бар сару танам шориду ҷонамро навозид.Хошарўб ин бор низ табассуми дардомехта ба лаб нишонид, нофаҳмо ғурунгид ва аз истгоҳ баромад. Саг аз пасаш рафт. Хаёламу нигоҳам аз дунболи он ду шуд. Суробашон аз дур пушти тўри борон ба хатҳои каҷукилеб бадал мегашт, мешикасту мепайваст ва дарёфти навмедиву танҳоиро дучанд мекард.  

Ман ин сагро нағз медонам. Ним соли пеш ўро дар партовгаҳи канори бино ёфта будам. Дар пайкараш як тора мў набуд, тани каркзадааш ба суфраи фарсуда мемонд, пўсти гулобранги зери ишкаму поҳо аммо хандабораш карда буд. Вай ҳангоми хўрдан ҳатто шикаму паси гўшҳоро, ки дар дастрасаш буданд, пайваста бо яке аз пойҳо мехорид. Он рўз анбўҳи зоғҳову аккаҳову майнаҳо дар миёнааш гирифта буданд. Майнаҳо наздик ба ў намеомаданд, аккаҳову зоғҳо аммо зудбазуд нўл ба пўзу фўку поҳош мезаданд, пораҳои ғизоро аз даҳонаш мекашиданд, хишхишу қарқар садо дардодаву гўё норизоӣ бар ҳузурашу нуктагирӣ бар намудаш мекарданд. Он рўз ман зоғҳову аккаҳои лусро рондам ва то дер чи гуна бадушвор охолро кофтану тикае ёфтану фурў бурдани сагро дунбол кардам. Вай гаҳ-гоҳ сар аз миёни пўсидаҳои гандида мебардошт, нигоҳи лабрез аз ҳузн ба ман меандохт ва гўё аз ин роҳ дуруду сипосам мефиристод. Ин дам ба назарам меомад, ки нигоҳи саг зорӣ мекард танҳош нагзораму нафрат ба сурати бимангезаш наорам. Вай намедонад чаро зиндагӣ чунин ҷафое барояш раво дидааст. Ман то даме он ҷо будам он рўз, ки дидам дигар сер шуда буд. Гоме чанд ба сўи хона ниҳодаму сар тобидам; саг аз пасам меомад.

Сапеда, ки аз хона баромадам, дидам саг буни девори даромадгоҳ кулча зада буд. Он вақт ин боғ набуд ва роҳи ман ба истгоҳ аз дигар сў буд. Саг аз пасам то истгоҳ омад ва ин гуна «дўстӣ»-и мо оғоз гашт. Ман дигар ҳамеша ғизое, ки шаб барош мегирифтам, саҳар наздаш мегузоштаму мерафтам, дар бозгашт низ агар дар кифам чизе аз хўрданӣ буд, ба ў медодам. Он якшанбеи сард шўру ғавғои бачаҳо назди тирезаам овард ва дидам онҳо бо ҳар чи зери дасташон аст, сагро мезананд.Сўзишу хориши гарг то ҷое тавонкоҳ буд дар танаш, ки ҳангоми фирор низ як он меистод, бо нохунҳои пойи пас пўсти зери шикамро меканд, даме пас по дигар мекард ва лангону нолон мегурехт. Ҳангоме ки саг нола мезад, бачаҳо бехудона бонги ҳаяҷону шодӣ баланд мекарданд. Шояд  ранҷу озори ин гуна бачаҳои сангдил ўро аз кадом гўшаи дигари шаҳр ба гузари мо оварда буд, аммо ин ҷо низ дасти ситам аз сараш бардошта намешуд. Поин шудам, бачаҳоро рондам ва андешидам, ки бо роҳе сагро бояд аз ин дард бираҳонам. Домпизишк гуфт гарг дар сагҳо модарзод аст ва бо ҳеч давое дармон намешавад. Ноумед шудам, аммо ўро нигаҳбонӣ мекардам, хўрок медодам ва саг, дар рўзҳое ки тандурусттар буду майл дошт, гоҳе аз даромадгоҳ то истгоҳу гоҳе аз он ҷо то ин ҷо ҳамроҳиам мекард ва ин гуна ба некиам сипос меовард. Имрўз дидам ў пуштбони дигаре ёфта буд. Шод шудам ва ногаҳ ин андеша дар сарма зод, ки ин сагу хошарўб аз сўе сахт монанданд, ту гўӣ ҳамболу ҳамҳолу ҳамрангу ҳамранҷанд ва ҷои шигифт нест, ки паноҳ бар якдигар овардаанд. Аммо инҳо кай баҳам хў карда буданд?

Баҳор зуд рафт, тобистони доғ омад. Дар ин муддат хошарўбу сагро аз наздику дур гаҳе пагоҳону гоҳе бегаҳон медидам. Гармо ба саг форида буд шояд, ки бардаму ҳушёр менамуд. Низ ба назарам меомад, ки мард чизе ба ман гуфтан мехоҳад, аммо наметонад, метарсад. Ҳангоме ки ногаҳ рўбарў мешавем, ман каф болои дил (яке дигар аз одати бадам) «салом» мегўям, ўро хун ба рў мезанад, нигоҳаш мерамаду даступоча забон мехояд ва ғамгин дур мешавад. Ман инро ба сўриву одамгурезии ў мебарам, аммо ҳар бори чунин дидор таркибе гарму форам аз чашмаи дилам меҷўшаду тунд ба ҳама ҷои танам меравад. Даме низ ҳаст, ки нотавонии мард наздам ба сўи худхоҳиву кибрам мекашаду кайф бабор меоварад. Вале ман зуд аз он мегузарам ва бо алам аз худ мепурсам: «Ў кист? Ва чаро аз ман мегурезад?»

Як пагоҳӣ равонаи кор сагро назди нимкате дар боғ дидам. Назди ҳамон нимкат, ки ман коргашт гоҳе дар он нишаста по дам медодаму боғро тамошо мекардам ва оромишу осоиш меёфтам. Хошарўб набуд, саг хуфтаву ду даст канори ҳам гузошта, сар боло чашм аз ман намеканд; нигоҳаш сарзанишдиҳанда меомад ба назарам. Наздик ки шудам, саг нигаҳ аз ман канд ва сар рўи дастҳо гузошт. Танаш ҳама пўшида бо гиле сияҳ буд, мегуфтӣ дар лаҷани зери толоб фурў рафтаву бадар омда буд. Ба худ гуфтам бо расидани хошарўб табараш даста ёфту ҳарҷогард шуд ва пайдост шаб ҷое рафтаву дар лой уфтода буд. Бегаҳ ки бармегаштам сагу хошарўб дар канори боғ буданд, мард бо рўдае ки гулҳоро об медод, сагро мешуст ва бо даст пораҳои гилро аз танаш дур месохт. Саг сар ба пас тобида буду дасти хошарўбро мелесид. Чи гуна аз ушкуфаи тани саг ҳуркиданам ёдам омад, шарму пушаймонӣ дар чангам овард. Ва ҳамин инак фаҳмидам, ки хошарўб сагро аз ин роҳ даво мекард. Ва инчунин гилро аз куҷо ёфтаву аз чи роҳе ба дарди саг хўрданашро дониста буд ў? Домпизишк мегуфт, ки ин дард дармон надорад.

Пас аз рухдоди гилу саг ёди хошарўб то дер раҳом намекарду ногаҳ ҳамон таркиби фораму розомез зарфи танамро пур мекард. Ва ногаҳ раги кунҷкобиам ба ҷунбиш меомаду андешаи аз сарнавишту саргузашти ў донистан дар сарам ҷо мегашт. Аммо ба чӣ раҳ? Ман ки ўро намешиносам. Дар он чанд дидори ногоҳ забонам аз пеши худ «салом» мегуфт, нигоҳи ў рам мехўрд, садоҳои номафҳум медод ва зуд дур мешуд. Саги гарг низ маро гузошта буд. Аз ҳамон рўзи тани гилолуд пеши роҳам нишастанаш, ки пиндор аз меҳрубонии хошарўб мегуфту ба сарзаниши ман  омада буд, аз наздик ўро надида будам. Ман пагоҳони зуд мерафтаму бегаҳони дер хаста бармегаштам ва аз зиндагии рўзонаи инҳо чизе намедонистам. Рўзҳои фориғ аз кор низ гирифтори рўзгор наметонистам ба боғ равам. Ин гуна расидани тирамоҳро пай набурдам. Ниҳолони боғ инак дарахт шуда буданд. Давру барро хазон рўз то рўз бештар мепўшониду ҳавои боғро ҳузанагез мегардонид, аммо пайроҳае ки ман аз он мерафтам, ҳамеша тоза буд, субҳу шом дар он як барг намедидам. Дер фаҳмидам, ки хошарўб соати омаду рафти маро нағз медонист ва пеш аз расиданам роҳро мерўбид. Он рўзҳо аммо, ман инро вазифаи ў мешумурдам ва аз чизе пай намебурдам.

Ва он пагоҳон, ки дастам чун ҳамеша пардаи тирезаро канор зад ва нигоҳам ба сўи боғ рафт, дидам дарахтони нимбараҳнаро меғ печида буду барф меборид. Пайроҳа норўфта буд. Барфи рўи баргҳои хазон дарёфти сардиро то мағзи устухон меовард. Он рўзи наму тираву дилгир навмеду ғамзада будам. Шом низ чашмандоз ҳамон буд, ки субҳ медидам. Боғи бекасу танҳои оғўши шом ва хазони тари зери по лаҳшудаи пайроҳа дилро сиёҳ мекард, навмедиву яъс меовард. Аз хошарўбу саг дарак набуд. Ман фурўрафта дар кору рўзгор бо ҳамсояҳо кам мегуфтаму менишастам. Аз фоҷиа як ҳафта пас донистам.

Он рўзи сарди пурбарф хошарўбро дар канори дури боғ мурда ёфтанд. Вай сагро ба ҳамон камзўли фарсуда пўшонидаву худ канораш уфтода буд. Саги ошуфта пайваста рўи хошарўбро мелесид, ба одамҳо дандон нишон медод ва касеро наздик шудан намегузошт. Пизишкони ёрии фаврӣ ба душвор мурдаро рўи занбар ниҳоданд ва мегуфтанд, ки марги мард пайомади сардиву сактаи дил аст. Хошарўб ҳуҷҷате бо худ надошт ва касе низ намедонист, ки ў дар куҷо мезист. Аз кисаи камзўл як пора коғази фарсуда баромад, ки номаи нотамом ба кадом зани беном буд. Дида мешуд, ки ҳангоми нигоштан дасти нигоранда меларзид ё навиштухондро кайҳо фаромўш карда буду хома фармонаш намебурд. Дар нома омада буд, ки ў гунг асту аз зан шарм медорад ва наметонад номашро бипурсад. «Бори нахуст шуморо ҳамон пагоҳони пас аз ба боғ омадан дидам, ки ба саги бемор хўрок медодед, навишта буд ў. Ва он дам, ки дар пайроҳа рўбарў гаштему чашм ба чашм шудем, ба назарам омад, ки пайкари шуморо чун ҳолаи маҳ танҳоӣ печонида буд. Дарёфтам, ки ҳарду ҳамгилу ҳамдилем, аз як буну аз як хунем. Дилам гуфт шумо ҳамон ягонаед, ки ҳар чи дар дафтари нигоҳам ҳаст, метавонед беҳарфу ҳиҷо бихонед. Ман сагро ба худ ошно кардам, ки шумои азизро гум накунам. Аммо… Ман бо одамҳо гап задан наметонам, вале бо ҷонварон осон мегўяму мешунавам. Ману ин саг соатҳо дарди дил мекунем. Аз ҷонварон ҳамин саг ба мо наздик аст; ман инро аз нигоҳи ў медонам. Оё шудааст, ки боре ба чашми саг нигаҳ карда бошед? Чашмҳои саг монанд ба чашмҳои мост. Нигоҳи саг шодиву нишоту ғаму андўҳу дарду ғамашро равшан мегўяд. Ҳангоме ки гаргашро даво мекунам, меҳру сипоси бепоён дар нигоҳи саг ногаҳ ба донаҳои ашк бадал мегардад дар чашмаш ва ҷигарам лахт-лахт мешавад. Ман ин сагро борҳо бо паёми  дўстдорӣ назди шумо фиристодаам…»

Инро аз забони ину он мешунавам. Нома ин ҷо канда мешуд. Шояд номанигор барои гуфтан ҳарфе дигар наёфта буд ё шояд гўянда давоми номаро аз ёд мебурд. Намедонам. Аммо ман ногаҳ мепурсам: «Нома куҷо шуд?» Ҳамсуҳбатам шигифтзада хомўш мемонад, хун бар рўи ман мезанад, вай мегўяд: «Дар кисаи камзўл буд.» Аммо ҳеч кадом бар марги хошарўб ғам намехўрад ва ногаҳ ба ёдаш мерасад, ки гарги саг ҳама нағз шуда буду пас аз рафтани мошини ёрӣ нўлаи дароз мезад; одамҳо ба фоли бадаш гирифтанду аз боғаш ронданд… Баъдҳо ман ба умеди ёфтани номаи нотамом ошкору ниҳон камзўли куҳнаро зиёд ҷустам, аммо ҳама беҳуда буду мурод ҳосил нашуд. Он ягона номаи ошиқона дар зиндагӣ, ки як мард ба ман навишта буд, ба таври ҷовидона гум шуд…

Аз ин рухдод солҳо гузашт, ман дигар бознишастаам, ҳар сапедадам аз пайроҳаи миёни боғ сўи коргоҳ намеравам, аммо кати хобам ҳамон назди тиреза аст. Боғ низ дигар он боғ нест; ниме аз дарахтҳо хушку ними дигар пиру пуда шудаанд. Ёдҳо низ ин гуна кам-кам маро тарк мекунанд. Давоми умр мардони зиёд майли дўст доштану дўст будан бо манро кардаанд, мўйу рўйу чашму абрўямро ситудаанд, орзуҳое аз ин боб дар дил парваридаанд, аммо ҳар бори чунин пешафтод чеҳраи хошарўб пеши чашмам меистод ва дармеёфтам, ки ин ҳарфҳо ҳама нўкизабониву пучу беарзишанд. Ва ман ун касҳову ун гапҳоро ҳамон дам фаромўш мекардам. Ёди хошарўб аммо ҳамчунон тозаву тар бо ман аст, ҳеч гоҳ раҳоям намекунад. Зеро медонам, ки танҳо ў маро дўст медошт, бидуни хостану дастёфтан дўст медошт. Ишқ ки пайванд ба хостаҳои тан надорад. Ва ҳар сапедадам, ки чашм мекушоям, дастам ҳамчунон сўи парда мераваду онро канор мезанад; бо дареғу дард ва пазмонии гарм ба паҳнаи боғи пиру пайроҳаи куҳна менигарам…

Юнус ЮсуфӢ

ШАМСИ РАХШОНИ ТЕАТР

Соли равон ба зодрўзи актёр, режиссёр, драматург, сенариянавис, тарҷумон ва педагоги шинохтаи санъати театрӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсӣ Қиёмов 100 сол пур шуд.  

Идомаи: ШАМСИ РАХШОНИ ТЕАТР

РАҲНАМОИ МО ДАР ҲАЁТ

 

Аз замоне ки инсонҳо дар сайёраи Замин арзи ҳастӣ карданду тадриҷан барои зинда мондану ҳаёт ба сар бурдан олатҳои гуногуни меҳнатро ихтироъ намуда, ба гурўҳ, қабила ва ҷамъият тақсим шуданд ва оҳиста-оҳиста муносибатҳои  ҷамъиятӣ ташаккул ёфт, ниёз ба низому тартибот ва қонунҳое пайдо карданд, ки дар аввал ҳаёти иҷтимоӣ, яъне муносибати байниҳамдигарӣ ва тадриҷан ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ бояд хидмат мекард. Мегўянд, нахустин қонуне ки барои ҳифзи озодию ҳуқуқи инсон арзи ҳастӣ кард, эъломияи ҳуқуқи башар буд, ки аз ҷониби ниёи абармарди мо Куруши Кабир, поягузори империяи бузурги Ҳахоманишиҳо ба тасвиб расид…

 

Ҳифзи қоидаю қонунҳо дар ҳама давру замон кори муҳим, қарзи инсонию оини ҷавонмардӣ ба ҳисоб меомад. Инсонҳои ҳақталош, баору номус ва адолатҷў барои тантанаи адлу адолат ҷони ширини хешро дареғ надошта, мубориза мекарданд ва агар лозим ояд, сар ба дору тан ба куштан медоданд. Мо аз таърихи куҳани халқамон дар ин бобат мисолҳои бешумор дорем. Дур намеравем, аз воқиаҳои начандон дури таърихӣ (манзурам даргириҳои солҳои навадуми қарни бист), хуб медонем, ки фарзандони баору номуси миллатамон ҷиҳати барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва мубориза бар зидди гурўҳҳои иртиҷоиву ифротгарою мансабхоҳ, ки барои ғасби ҳокимият  ва пиёда кардани мақсадҳои нопоки хеш дар кишварамон оташи ҷангро афрўхта, Конститутсия, қонунҳои дигарро поймол ва беқонуниву беҳокимиятиро ба амал оварданд, ҷони хешро нисор карданд. Мардуми мо он замон бо чашми сар диданд, ки беқонунию беҳокимиятӣ чӣ гуна рўзҳои сиёҳро ба бор меорад.

Аз ин ҷиҳат барои шаҳрвандони мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва мо ҳар сол ин санаи тақдирсозро ҷашн мегирем, дучанд азизу муқаддас аст. Зеро он дар замоне қабул гардид, ки ҳанўз дар кишвари мо оташи ҷанг хомўш нагардида, сулҳу салоҳ ва волоияти қонун пурра таъмин нашуда буд. Мардуми ҷангзада ва сарсону парешон мехостанд ҳарчӣ зудтар муноқишаҳо хотима ёбанду сохторҳои идораи давлат фаъол гарданд ва мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бехатарии онҳоро таъмин намоянд ва вазъияти басо сангини он замон ба эътидол ояд. Барои ин давлати тозаистиқлоли моро мебоист Конститутсияи навро қабул карда, волоияти қонунро пурра таъмин намояд ва тарафҳои даргирро ба сари мизи музокира шинонад. Барои ин пеш аз ҳама бояд сохт ва шакли идораи давлати ҷавону соҳибистиқлолро муайян мекарданд. Зеро он замон Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ, ки ҷумҳурии мо як ҷузъи он ба ҳисоб мерафт, барҳам хўрда буд ва понздаҳ республики он худро давлатҳои мустақил эълон карда буданд. Тоҷикистони мо истиқлол ба даст оварда бошад ҳам, бино бар ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави он буҳрони шадиди сиёсиву конститутсионӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омада буд. Касе дар ёди барои эъмори ҷомеаи тамоман нав набуд. Дар ҳама ҷо, хусусан дар пойтахти кишвар, бетартибию бесарусомонӣ ҳукмфармо буд. Мардум ба майдонҳо тақсим шуда, муқобили якдигар сангар гирифта буданд. Агар қисме барои барқарор кардани сохти конститутсионию давлати дунявӣ ба даст яроқ гирифта бошад, ҷониби дигар гоҳо ошкорою баъзан пардапўшона мехостанд давлати исломӣ барпо кунанд. Барои ҳамин фарзандони диловару ватандўсти кишварамон баъд аз Сессияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон бо роҳбарии роҳбари ҷавону шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон, ки намояндагони халқ дар он сессияи таърихӣ роҳбарии давлатро ба ў бовар карданд, аз пайи қабули Қонуни асосии кишвар шуданд ва хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 аксари мардуми Тоҷикистон ба тарфдории бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ овоз доданд. Маҳз ба шарофати қабули Конститутсияи нав дар кишвари мо сулҳи деринтизору ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи сиёсӣ ба амал омад ва шаҳрвандон ба хотири ҷамъ аз нав ба ҷойи зисту коргоҳи худ баргашта, аз паи меҳнати осоишта шуданд. Конститутсияи нав ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом дошт, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда (моддаи 1), қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва озодию ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқию дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад. Дар моддаи 5-уми Қонуни асосии мо омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». «Дар  Тоҷикистон  халқ баёнгари  соҳибихтиёрӣ ва  сарчашмаи  ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи  олии  бевоситаи ҳокимияти  халқ раъйпурсии  умумихалқӣ ва  интихобот аст. Халқи  Тоҷикистонро  сарфи  назар  аз  миллаташон  шаҳрвандони  Тоҷикистон ташкил менамоянд» (Моддаи 6).

Ин садои Тоҷикистони навин, давлати озоду демократӣ на танҳо дар вуҷуди шаҳрвандони хеш ҳисси ифтихор, худшиносию худогоҳиро баланд бардошту дар қалби эшон тухми умед ба ояндаи неку дурахшон кишт, балки дарҳои солиёни дароз бастаи кишварҳои гуногуни оламро ба рўи мо боз кард. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе мамониат ба дилхоҳ кишварҳои олам сафар кунанд. Кишвари соҳибистиқлоли моро созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба узвият пазируфтанд ва мо чун давлати мустақил дар пойтахти кишварҳои гуногун сафоратхонаҳои хешро кушодему парчами мо дар он ҷо  барафрохта шуд.

Аҳамияти таърихии Конститутсияи нави Тоҷикистон дар он аст, ки он барои гузаштан аз як сохт ба сохти дигар, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва дар ин замина таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт асос гузошт. Танҳо баъд аз қабули ин ҳуҷҷати муҳим барои гузаронидани  ислоҳоти гуногуни сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ имконият пайдо гашт. Албатта, ин корҳои муҳим дарҳол анҷом дода нашуданд, аммо муҳим он буд, ки замина гузошта шуд. Тадриҷан дар кишвари мо ислоҳоти сиёсӣ, аз он ҷумла низоми бисёрҳизбӣ ба амал омад, ки он яке аз нишони муҳими демократия ва таъмини гуногунандешӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад ва ширкати қишрҳои гуногунро дар идораи давлат таъмин месозад.

Нуктаи муҳими дигаре ки дар Конститутсия омадааст, ин моликияти хусусиро кафолат додани давлат мебошад. Дар замони шўравӣ танҳо моликияти давлатӣ вуҷуд дошт ва бино бар назари иқтисоддонҳо заъфи иқтисодиёти ин давлати абарқудрат ва яке аз сабабҳои заволи он ин эътироф нашудани шаклҳои гуногуни моликият дар иқтисодиёти он мебошад. Дар моддаи 12-уми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад».

Ин нукта имконият фароҳам овард, ки иқтисоди дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгаштаи кишвари мо давра ба давра қомат рост карда, барои беҳтар гаштани сатҳи некуаҳволии халқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мустаҳкам гаштани иқтидори давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои муҳим фароҳам ояд.

Инак бисту шаш сол боз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз, моро раҳнамуну пуштибон аст. Мардуми мо дар тўли ин солҳо аҳлона заҳмат кашида, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанд. Имрўз дар ҷомеаи мо сулҳуоромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, ки он пеш аз ҳама аз шарофати Конститутсияи мост. Ва риояи он ҳамчун Қонуни асосии кишвар ва санади муҳиму олии ҳуқуқӣ, ки барои таҳияи қонунҳои зиёди дигар ҷиҳати рушди ҷомеаи Тоҷикистон, таъмини амнияту оромӣ, ширкати озоди шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, қарзи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Равшан Махсумзод

СӮЗУ СОЗИ МАШЪАЛИ ТОБОНИ МАЪРИФАТ Мутафаккир ва адиби ҷаҳоншумул Саноии Ғ

Мутафаккир ва адиби ҷаҳоншумул Саноии Ғазнавӣ машаққату заҳмати эҷодро чунин ба қалам овардааст:

Ҳарза н-овардаам ман ин тасниф,

Ҷону дил кардаам дар он таълиф.

Ресмон кардаам тану ҷонро,

То ба сўзан бикандаам конро.

Ба андешаи мо, чунин заҳмати тоқатшикану сангинро ба сарсупурдагони роҳи илм низ нисбат додан месазад, хосса муҳаққиқи фарохназари адабиёту фарҳанги тоҷик чун Муҳаммадҷони Шакурӣ (1926-2012), ки дар давоми умри бобаракати хеш, бар замми зиёда аз 600 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, панҷоҳ асари комил ба аҳли илму адаб ва хонандагони маънираси тоҷик ва хориҷӣ пешкаш кардааст. Асари охирони ин суханшиноси фидоӣ – “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” ҳамагӣ ду моҳ пеш аз даргузашти устод ба табъ мерасад ва як навъ ҷамъбасти фаъолияти чандинсолаи муҳаққиқ оид ба ин ҷараёни  мафкуравии миллатгароён мебошад. 

Фаъолияти илмӣ ва фарҳангии Муҳаммадҷони Шакурӣ басе густурда буда, муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фарҳанг, мусиқӣ ва таърихи миллати тоҷикро фаро гирифтааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба донишманд қувваву неруи тоза бахшид ва ў фаъолияти хешро ба самти фарҳанг, забон ва худшиносию худогоҳии миллӣ равона намуд. “Ҳар фарди тоҷик асрҳо боз орзуманди чунин рўзе буд. Имрўз бовар ҳосил шуд, ки истиқлолу озодӣ на як орзуи дастнорас, балки чизи имконпазир будааст... Акнун лозим аст, ки миллат сарнавишти худро ба дасти худ бигирад, барои расидан ба умри дубора, барои эҳёи маънавӣ замина омода созад. Худшиносӣ аз шартҳои асосии ҳаёти огоҳонаи таърихӣ ва муборизаи роҳи сарнавиштсозист”.

Муҳаммадҷони Шакурӣ бо ҳикмати “мероси падар хоҳӣ, илми падар омўз” пайравӣ карда, ба хотири хушнудии арвоҳи қиблагоҳаш – Шариҷонмахдуми Садри Зиё, ки умре ба китоб ва таълифу тасниф пайваст буд, бо роҳи ноҳамвори илму пажўҳиш қадам гузошт ва нахуст ба душвориҳо рў ба рў омад. Рисолаи номзадие, ки солҳои 1948-1952 бо номи “Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ” бо роҳбарии адабиётшинос Холиқ Мирзозода таълиф карда буд, бо баҳонаи “Аҷзӣ шоири иртиҷоӣ аст” дар Сталинобод (Душанбеи имрўза) пазируфта нашуд. Муҳаққиқи ҷавони аз мухолифати адабиётшиносони давр ранҷур ба маркази Иттиҳоди Шўравӣ – шаҳри Москва рафта, дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шўравӣ зери ҳимоя ва роҳбарии олими хайрандеш И. С. Брагинский дар мавзўи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”- и С. Айнӣ” рисола навишт ва онро ибтидои соли 1955 дифоъ намуда, ба Душанбе баргашт ва дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ  Тоҷикистон то охири умр ифои вазифа намуд.

Махсусан, баъди он ки соли 1971 дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Москва бо номи “Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосири тоҷикӣ” рисолаи докторӣ дифоъ мекунад, фаъолияти илмии устод Шакурӣ густариш ёфта, ба дараҷаи камолот мерасад ва заҳматҳои бедареғи ў ба унвону ҷоизаҳои бисёре, чун узви пайвастаи Академияи илмҳои  Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ қадр мешавад.

Осори таҳқиқотии Муҳаммадҷони Шакурӣ, аз ҷумла “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёдоштҳо”-и устод Айнӣ”, “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта  мақоме дорад”, “Паҳлуҳои таҳқиқи бадеӣ”, ”Диди эстетикии халқ ва насри реалиётӣ”, “Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ”, “Таърихи советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо”, “Сотим Улуғзода”, “Анъана ва навоварӣ”, “Анъана, халқият ва маҳорат”, “Пайванди замонҳо ва халқҳо”, “Истиқлол ва худшиносии  иҷтимоиву маънавӣ”... ҳар кадом ба таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни адабиёт ва фарҳанги тоҷик бахшида шудаанд. Ва дар ҳама маврид дар пажўҳиши устод яклухтии том, ҳамбастагии хусусиятҳои ғоявию бадеӣ,  забону услуб ва ҷаҳонбинии адибон басо равшан ба назар мерасад. Ба гуфти профессор Матлубаи Мирзоюнус: “Хулосаҳои М. Шакурӣ дар бораи насри реалистӣ ва хусусиятҳои он, дар бораи услуби фардии нависандагон ва ҷараёнҳои услубии насри муосири тоҷикӣ барои омўзиши паҳлуҳои гуногуни адабиёти баъдиинқилобии тоҷик заминаи муҳиме фароҳам оварданд”.

Дигар хусусияти ба худ хоси пажўҳиши устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар таҳқиқоти адбиётшиносӣ бомаром истифода кардани масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад, ки ин падида аз солҳои 60-70-уми асри ХХ оғоз гардида, дар замони истиқлолият басо густариш пайдо намуд. Дар асарҳои “Хуросон аст ин ҷо” (1997) ва “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ”(1999) муҳаққиқ масъалаи ягонагии миллӣ ва  масъулияти шаҳрвандии тоҷиконро дар давлати миллӣ ба миён мегузорад ва таъкид мекунад, ки: “Яке аз вазифаҳои умдаи давлати миллии тоҷикон бартараф кардани пайомадҳои зиддитоҷикии амали пантуркистҳо ва сиёсати мустамликадорон мебошанд. Пора кардани  халқе ва кишваре аз хоҳиши суст ва нест кардани он сар мезанад. Давлати миллӣ ҳама омилҳоеро, ки миллатро суст ва нест мекунанд, бартараф менамояд.  Қувваи миллат аз ягонагист”.

Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ забони ҳар халқро асоси ҳастии миллат медонад ва покиза ва беолоиш нигоҳ доштану ба афзудани иқтидори илмиву иҷтимоии он ҳамвора талош варзидани соҳибони забонро  аз  муҳимтарин шарти мамлакатдорӣ мешуморад. Солҳои 60-уми садаи ХХ аз ҷониби ҳизби коммунист сиёсати аз байн  бурдани фарқиятҳо ва забонҳои алоҳидаи миллӣ ба миён гузошта шуд ва ин сиёсати нигилистонаи мафкурабардорони Шўравӣ аз тарафи бархе аз зиёиёни ҷумҳуриҳои миллӣ низ дастгирӣ ёфт. Дар ҳамин давра адибони тоҷик, аз ҷумла М.  Қаноат, Л. Шералӣ, У. Раҷаб, Б. Собир ба ҳимояи забони модарӣ бархоста, ин нияти ноодилона ва худкомаи мафкуравиро маҳкум карданд. Устод Лоиқ “Заҳр бодо шири модар бар касе, К-ў забони модарӣ гум кардааст” гўён беэътиборӣ ба забони модариро гуноҳи нобахшиданӣ донистааст. Ва дар ҳамин давра китоби М. Шакурӣ бо номи  “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” (таҳрири аввал с. 1968 ва таҳрири дувум с. 1985) дастраси хонандаи тоҷик гардид, ки дар он роҳҳои амалии нигаҳдории асолати забони тоҷикӣ матраҳ гардидааст. Муаллиф сарчашмаи асосии забони адабии муосири тоҷикро забони адабиёту илми классикӣ ва забони зиндаи халқ мешуморад: “Зебоиву равонӣ, тавоноиву матонати забони адабиёту илми классикӣ бояд ҳамеша намунаи ибрати мо бошад ва ҷустуҷўйҳои нави замони мо ба он такя кунад. Робитаи мо ба забони халқ ва адабиёти классикӣ ҳар чӣ бештар бошад, пояҳои халқии забони адабии имрўза ба ҳамон андоза устувор хоҳад буд. Яке аз манбаъҳои асосии иқтидори имрўзаи забони адабӣ  иқтидори дирўзаи он аст”.

Бояд гуфт, ки як соҳаи муҳими фаъолияти устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, чунонки аксари суханшиносони муосир чун А. Маниёзов, Х. Отахонова, Х. Шарифзода, А. Сатторзода, А. Раҳмонзода, М. Имомзода ишора кардаанд, ба таҳлилу таҳқиқи зиндагинома ва осори доманадори устод Садриддин Айнӣ  иртибот мегирад. “Устод Шакурӣ бештари вақту қувваи худро ба таҳқиқи эҷодиёти Айнӣ бахшидаанд, – иброз доштааст академики АИ Тоҷикистон Х. Отахонова. – Доир ба эҷодиёти устод Айнӣ чи дар Тоҷикистону Ўзбекистон ва чи дар Москва асарҳои хурду калони зиёде навишта шудаанд, вале асарҳои ба С. Айнӣ бахшидаи устод Шакурӣ бо назари амиқрави таърихии муаллиф, ошкор намудани моҳияти ҳодисаҳои иҷтимоие, ки дар асарҳои нависанда инъикос ёфтаанд, нишон додани миллият ва поэтикаи ин асарҳо фарқ мекунанд”.

Таҳқиқоти мукаммали Муҳаммадҷони Шакурӣ оид ба эҷодиёти пурбаракати устод Айнӣ аз рисолаи номзадии “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”- и устод С. Айнӣ” оғоз мегирад ва минбаъд бо маром идома меёбад. Махсусан, дар асарҳои “Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ”, “Сайри адабии С. Айнӣ ва марҳалаҳои он”, “Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон”, “Равшангари бузург”,  “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садои бист” осори устод аз нигоҳи мундариҷа, муҳтаво, жанру услуб  ва ҳунари нигорандагӣ ба таҳлил омада, шахсияти адиб чун маорифпарвар, равшанфикр ва ниҳоят пуштибону падари маънавии халқи тоҷик дар як давраи ҳассоси тарихи халқ  муайян карда мешавад. Мақолаи “Падари милат” (1995), чунонки муаллиф қайд мекунад, ҷавоби сазоворест ба як мақолаи буҳтонангези дар як рўзномаи Эрон чопшуда, ки мувофиқи он гўё устод  Айнӣ ғуломи ҳалқабаргўши дастгоҳи идеологии болшевикон будааст, бо кўшиши ў  хатти тоҷикӣ ба  лотинӣ гардонида шуда будааст ва ғайра.

Ҷолиб аст, ки номи ин мақолаи басо муфассал (“Падари миллат”) аз забони фарзанди сарсупурдаи тоҷик Бобоҷон Ғафуров иқтибос шудааст: ба муносибати ба табъ расидани китоби “Тоҷикон” дар як нишаст касе иброз медорад, ки барои ин хизматҳои бедареғ месозад, ки муаллифи онро падари миллати тоҷик гўем. Бобоҷон Ғафуров дар ҷавоб худро фарзанди халқи тоҷик ном бурда, устод Айниро падари миллати тоҷик медонад. “Алҳақ, Садриддин Айнӣ яке аз бузургтарин фарзандони миллат аст, ки дар як давраи  буҳронии сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон дода ва барои ин ки халқ аз зери харобазори таърих дубора сар бардорад ва қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст”. Ва дар 13 бахши мақола тавассути таҳлили холисона ва муҳаббатомези осори устод Айнӣ муҳаққиқ  андешаҳои мазкури худро сабит намудааст.

Асари “Равшангари бузург” аз се мақолаи муфассал иборат аст ва мақолаи дувум  “Адабпажуҳии Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллии тоҷикон” номгузорӣ шуда, оид ба фаъолияти илмию адабии устод баҳс мекунад. Мақола давом ва инкишофи мақолаҳои “Фаъолияти илмии устод  Айнӣ ва худогоҳии миллии  меҳнаткашони тоҷик” (1978) ва “Бобои пуршарафи халқи тоҷик” (1980) мебошад ва маълум мешавад, ки М. Шакурӣ ҳанўз аз солҳои 60-70-уми қарни гузашта фаъолияти адабиётшиносии устод Айниро амиқан ба таҳлилу таҳқиқ гирифта, ҷавҳари пажўҳиши устодро дар ифодаи худогоҳӣ ва  худшиносии миллӣ медонад: “Донишҳои амиқ ва фаровони устод Айнӣ, аз таърихи халқи худ, аз сарватҳои чандинасраи маданият, адабиёт ва забони тоҷикон ҳамаҷониба огоҳӣ доштани ў ба сифати як силоҳи буррои муборизаи ҷамъиятӣ амал карда, дар протсесси бедории иҷтимоӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон чун як омили муҳим бевосита иштирок намуд”.

М. Шакурӣ бар он аст, ки устод Айнӣ тавассути “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ҳақиқати таърихиро оид ба ҳастӣ ва дорои фарҳанги ғанӣ будани миллати тоҷик исбот намуд ва дар рисолаҳои “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў”(1934), “Шайхурраис Абўалии Сино”(1939),  “Устод Рўдакӣ”(1940), “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” (1940), “Як симои номашҳури адабиёти тоҷик – Восифӣ” илмро чун  силоҳе  дар муборизаи роҳи ҳуқуқи миллат ба кор бурд.

Дар замони Шўравӣ халқият, синфият ва ҳизбият аз рукнҳои асосии адабиётшиносӣ ба шумор мерафт ва С. Айнӣ басо зарифона таҳқиқоти адабиётшиносии хешро дар асоси равиши халқият роҳандозӣ намуд ва ба ин восита устод имкон пайдо намуд, ки ҷанбаҳои халқӣ ва башарии осори адибони классикиро баррасӣ намояд. Муҳаммадҷони   Шакурӣ аз ҳамин зовия осори адабиётшиносии устодро  ба таҳлил гирифта, маҳорати беҳамто, диди фарох ва мантиқи қавии сухани пажўҳандаро дар шинохти Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Саъдӣ,   Навоӣ,  Восифӣ, Бедил собит месозад. Аз ҷумла, баёни эътирози Айнӣ ба шарқшиносоне, ки Саъдӣ ва дигар шоирони классикии то асри XVI-ро танҳо ба Эрон муталлиқ медонистанд, ҷолиб аст. Устод ҳақдории халқи тоҷикро ба   Саъдӣ бо як порча шеъри худи Шайх исбот кардааст:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷабр,

Чандин накунанд бар мамолик.

Шояд ки ба подшаҳ бигўянд:

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Ва мегўяд: “Бино бар ин, мо ҳам Саъдиро шоир ва нависандаи тоҷик ва яке аз устодони гузаштаи худ медонем ва аз вай меомўзем”. Устод Айнӣ, ба қавли М. Шакурӣ, дар осори илмии хеш низ, пеш аз ҳама, барои дуруст муайян кардани сарнавишти таърихии миллат талош намудааст ва дар айни ҳол ба илми адабиётшиносии давраи нави тоҷик асос гузоштааст: “Айнӣ бунёдгузори адабиётшиносии навини тоҷикӣ дар Фарорўди садаи бист аст ва аз бисёр ҷиҳатҳо роҳҳои таҳаввули баъдии адабиёшиносиро дар Тоҷикистон муайян  намудааст”.

 Соли 1948 М. Шакурии навкор дар муҳокимаи китоби “ Мирзо Абдулқодири Бедил”-и С. Айнӣ дар Институти забон ва адабиёт ширкат варзида, бо ташвиқи яке аз ҳамкорон ба ин асар чанд эрод мегирад ва баъд хатои худро фаҳмида, аз карда пушаймон мешавад. Дар мулоқоти навбатӣ устод Айнӣ ба олими ҷавон оид ба кори илмиаш маслиҳатҳо дода дар фарҷом хулоса мекунад: “Лекин ба кадом мавзўъ, ки даст занед, ба чи кор, ки машғул шавед, ба асобағал одат накунед. Дар ҳар сурат бе асобағал гаштанро ёд гиред”. Ин ҳушдори устод маънои онро дошт, ки дар зиндагӣ кас бояд гаправ нашуда, аз рўйи ақлу салоҳдиди худ амал  кунад.  Муҳаммадҷони  Шакурӣ минбаъд дар тамоми рафти зиндагӣ мувофиқи ин ҳикмат амал карда, мактаби илмии устод Айниро, то тавонист, идома ва густариш бахшид. Равонаш шод бошад.

Аламхон КӮчарзода

МАҲФИЛИ БАҲОРОНА ДАР ТИРАМОҲ

 

5 октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба ифтихори Рўзи забони тоҷикӣ дар меҳмонхонаи «Душанбе» маҳфили адабии шоири шинохта Ато Мирхоҷа баргузор гардид. Дар ин маҳфил мухлисони шеъру суруд, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медоданд, ширкат варзиданд.

Дар оғоз филми ҳуҷҷатии мухтасар дар бораи мақоми суханварии Ато Мирхоҷа намоиш дода шуд.  

Сипас шоир перомуни шириниву шевоии забони тоҷикӣ сухан гуфта, бо қироати шеър онро васфу ситоиш намуд. Ҳамчунин номбурда иброз дошт, ки 5-уми октябр рўзи мавлуди Пешвои миллат мебошад ва аз ин хотир барои мо арзиши бештар дорад.

Сарояндагони шинохта Давлатманд Холов, Шуҳрат Сайнаков, Фотима Машрабова ва дигарон бо сурудҳои бар матни шоир эҷодшуда вақти ҳамагонро хуш карданд.

Қироати шеър аз сўи як гурўҳ ҷавонон ба маҳфил ҷолибияти бештар бахшид.

Хабарнигори«АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved