• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

БИЁ ЭЙ ДЎСТАМ

Бо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ хеле дер, ба хаёлам моҳҳои охири пеш аз хатми Донишкадаи давлатии омўзгории пойтахт тасодуфан ҳамсуҳбат шудам. Аз як деҳа будем, шогирди як мактаб, дар Душанбе мезистем , вале чунин ҳолат бори аввал рух дод. Вақти ғуруби хуршед сари тан ҳо аз гулгашти назди бинои муҳташами КМ (хиёбони он давраи ба номи Ленин) мегузаштам, ки аз рў ба рўям Шоҳ баромад. Росташ, ки вай он айём дар назари бисёриҳо ва банда низ шоири ҳавобаланд мутаккабир менамуд. Гўё ҳар касро намеписандид ва ба ҳар кас ёри суҳбату ҳамнишин намешуд. Ба қавли бобои Раҳмати тундзабони кадучигӣ (равонаш шод бод!) “ Назараш абри осмону шоҳаншоҳи оламро намегирифт”. Ҷавонмарди ҷингиламўйи хушсимову озодапўш, дар чашм айнаки сабзфом дар банди андешаву хаёле танҳо қадам мезад. Аслан ман ба ў худро ноошно воменамудам ва мепиндоштам, ба ў зарурати ошноӣ надорад. Аммо Ғоиб Сафарзода, ки бо Шоҳмузаффар ҳамсин, ҳамкор ва дастпарвари як синфи мактаби рақами шаши деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ буданд, гоҳ-гоҳ бо ҷавоншоир ё рўзноманигоре ба хобгоҳи мо донишҷўён ташриф оварда, сари як  пиёла чой суҳбати пурсафое меоростанд: аз таҳсилу орзу ва мақсадҳои оянда пурсида, маслиҳатҳои муфиде ҳам медоданд. Росташ, ки бо ҳамқаламон ба хобгоҳ омадану гирди хони донишҷўён нишастани Ғоиб Сафарзода, аз армонҳои милливу зиёии бедордил ва ҳақталош шудани донишҷўён ҳарф задани онҳо ба мо ҷаҳон-ҷаҳон шодиву таасурот мебахшид. Онҳо ҷавонадибони овозадори   он замон буданд.

Идомаи: БИЁ ЭЙ ДЎСТАМ

РАВЗАНАИ КАЛОМИ ТОҶИКӢ

"Памир" - маҷаллаи адабии русӣ -  нашрияи бадеӣ ва ҷамъиятӣ - сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Шумораи якуми он соли 1949 бо номи  "Литературный Сталинабад" ва шумораи дуюмаш бо унвони "Литературный Таджикистан" нашр шудааст. Аз соли 1959 то 1962 "Гулистон" ном гирифт.

Идомаи: РАВЗАНАИ КАЛОМИ ТОҶИКӢ

СИТОИШИ БАРОДАРӢ

Дар арафаи рўзи Президент интишороти "Ношир"  маҷмўаи очерку лавҳа, мақолот ва шеърҳоро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонд.

Идомаи: СИТОИШИ БАРОДАРӢ

ШОҲҶОИЗА БА БУНЁД РАҲНАМО ТАҚДИМ ГАРДИД


14 декабр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза  ҷамъбаст гардид.  Ғолиби  Шоҳҷоиза бо гирифтани 253, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда,  ба ӯ Шоҳҷоиза  ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ  тақдим гардид.

Идомаи: ШОҲҶОИЗА БА БУНЁД РАҲНАМО ТАҚДИМ ГАРДИД

ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР В. СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки аз 20 то 23 ноябр дар шаҳри бостонии Хуҷанд  баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ин бора ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки узви ҳакамони ин озмун буд,  хабар медиҳад.

Идомаи: ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР В. СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved