"Памир" - маҷаллаи адабии русӣ - нашрияи бадеӣ ва ҷамъиятӣ - сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Шумораи якуми он соли 1949 бо номи "Литературный Сталинабад" ва шумораи дуюмаш бо унвони "Литературный Таджикистан" нашр шудааст. Аз соли 1959 то 1962 "Гулистон" ном гирифт.
14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 253, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид.
Озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки аз 20 то 23 ноябр дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Дар ин бора ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки узви ҳакамони ин озмун буд, хабар медиҳад.
Идомаи: ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...” ДАР В. СУҒД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар арафаи рўзи Президент интишороти "Ношир" маҷмўаи очерку лавҳа, мақолот ва шеърҳоро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонд.
Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият”, ки иборат аз 30 номгӯй адабиёти тозанашр буд, баргузор гардид.
Copyright © 2017. All rights Reserved