• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

«ҚАВМ» ДАР ТЕАТРИ ХОРУҒ

 

Ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар остонаи Соли нави мелодӣ  ба кўдакону наврасон ва волидонашон намоишномаи «Қавм»-и Мансур Сурушро дар таҳияи коргардон Умед Хусрав пешкаш намуданд.

Намоишнома дар бораи зиндагии  одамоне қисса мекунад, ки бо ваҳдату муттаҳидӣ, дўстию рафоқат, вафодорию садоқат, заҳмату меҳнат алорағми ҳама гуна мушкилот пирўз мешаванд ва барои қавми худ зиндагии шоиста бунёд мекунанд.

Ҳунарпешаи ин театр Ҷобиршо Хубоншоев, ки дар намоишнома иҷрои нақши асосиро ба уҳда дорад, ба мухбири АМИТ “Ховар” изҳор дошт, ки дар гузашта мо чанд асари драматурги маъруфи тоҷик Мансур Сурушро ба саҳна гузоштем ва аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуданд.

“Ин бор низ иштибоҳ накардем ва дар рўзи аввали намоиш бо истиқболи гарми тамошобинон ва волидонашон рў ба рў шудем. Одатан ҷалб намудани таваҷҷуҳи кўдакон ба саҳна мушкил аст, аммо дар ин асар ҳодисаву воқеаҳо ончунон ҷолибу зебо тасвир ёфтааст, ки аз оғоз то анҷом диққати тамошобинонро ҷалб кард. Пас аз поёни намоишнома кўдакону волидон ба саҳна баромада, дар атрофи қаҳрамонони асар бо ҳунармандон мубодилаи афкор намуданд”, - афзуд номбурда.

Коргардони намоишнома Умед Хусрав гуфт, ки бо хоҳиши омўзгорону волидон ин намоишнома дар рўзҳои таътили зимистона  манзури тамошобинон гардонида шуд.

Қаблан низ ҳунарпешаҳои театри мазкур аз рўи асари Мансур Суруш «Вирод» намоишнома таҳия ва ба дўстдорони санъати театрӣ пешкаш карда буданд.

«КИТОБИ СОЛ - 2020»

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2020» аз рўйи се бахш ҷамъбаст  гардида, ғолибон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ, ки аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд, қадрдонӣ шуданд.

Дар бахши назм ҷойи аввалро китоби «Таронаборон»-и Сафар Аюбзодаи Маҳзун, зинаи дувумро китоби «Баҳор овардан осон нест»-и Бузургмеҳри Баҳодур ва китоби «Пайғом»-и Сафар Амирхон, мақоми сеюмро китоби «Таронаҳои ватандорӣ»-и Шаҳрия Аҳтамзод соҳиб гардиданд.

Дар  бахши наср ҷойи аввалро «Подош» (маҷмўаи ҳикояҳо)-и Сироҷиддин Икромӣ, мақоми дувумро китоби «Ман хабаркаши модарам»-и Неъматулло Худойбахш ва ҷойи сеюмро китоби «Бе ситора нестам»-и Зулфия Атоӣ ба даст оварданд. Дар бахши асарҳои публитсистӣ ҷойи аввал ба мақолаи «НБО-и «Роғун» - кафолати рушди устувори минтақа»-и Ҳасан Асоев, ҷойи дувум ба мақолаи «Гули худрўи Бартан»-и Сабрин ва ҷойи сеюм ба мақолаи «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор дода шуданд. Дар бахши асарҳои назми бачагона ҷойи аввалро «Бо ҳам мо -Тоҷикистон»-и Гулназар Келдӣ, ҷойи дувумро «Чашмасор»-и Муродалӣ Собир соҳиб шуданд. Дар бахши асарҳои насри бачагона ҷойи аввал ба китоби «Шоҳпарак ва рангинкамон»-и Маҷид Салим, ҷойи дувум ба китоби «Яке буд, яке набуд»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева ва ҷойи сеюро ба китоби «Шодии талх»-и Сайидо Шарафӣ сазовор донистанд.

Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2020» сазовор  пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик, ки ҷавобгўи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзўъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният, садоқат ба Ватан бахшида шудаанд,  мебошад.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2020» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»  чоп шуда буд. Ба озмун аз тарафи муаллифон 39 унвон китобҳои тозанашри бадеии назму наср, публитсистӣ ва назму насри бачагона пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати ҳакамони озмуни мазкур – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим (раис), муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода (муовини раис) ва  шоирону нависандагони маъруфи тоҷик шомил гардида буданд.

РАҲНАВАРДИ ЗАРЁБ НАВИСАНДАИ ЗАБАРДАСТИ АФҒОНИСТОН ДАРГУЗАШТ

 

Адабиёти форсии тоҷикӣ талафоти бузург дод. Чанде пеш нависандаи забардасти Афғонистон Раҳнарварди Зарёб дар синни 76-солагӣ чашм аз ҷаҳон барбаст. Марҳум аз шумори нависандагоне буд, ки асарҳояшро ҳам дар ватанаш ва ҳам дар кишварҳои дигари форсизабон бо шавқу рағбат мехонданд, эътироф мекарданд ва дўст медоштанд.

Раҳнаварди Зарёб донишомўхтаи риштаи рўзноманигории Донишгоҳи Кобул буда, ҳамзамон дар Англия низ таҳсили илм кардааст. То кунун аз ин нависандаи тавоно китобҳои зиёди роману қисса ва ҳикояҳо ба дасти хонандагон расидаанд. «Овозе аз миёни қарнҳо», «Марди кўҳистон», «Дўсте аз шаҳри дур» ва ғайраҳо аз қабили асарҳое мебошанд, ки дар тўли солҳои фаъолияти эҷодияш интишор ёфта, ўро миёни хонандагон шуҳратёр намудаанд. Шодравон дар тарҷумаи осори бадеӣ низ дасти расо дошт ва китобҳои тарҷумаву суҳбатҳояшро бо номҳои «Пироҳанҳо», «Ҳошияҳо» ва «Гунги хобдида» ба табъ расонидааст.

Идомаи: РАҲНАВАРДИ ЗАРЁБ НАВИСАНДАИ ЗАБАРДАСТИ АФҒОНИСТОН ДАРГУЗАШТ

АДИБОНИ ҶАВОН ҶОИЗАДОР ШУДАНД

 

Чанде пеш дар Кохи «Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои дастовардҳо дар соҳаи адабиёт ба ҷоизаи  мазкур  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Тоҷиддин, корманди маҷаллаи «Паёми Суғд» Фарзонаи Зарафшонӣ ва корманди Донишгоҳи миллӣ, муҳаққиқи ҷавон Рустам Наботӣ сазовор дониста шуданд.

Диплом ва маблағи ҷоиза дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақдим гардид.

ОИНАИ РАВШАНИ ДИЛ

Тавре қаблан хабар додем, 7 декабр  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рўи панҷ номинатсия оғоз гардид.

Идомаи: ОИНАИ РАВШАНИ ДИЛ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved