• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ИДОМАИ ТАШАББУСҲОИ «АДИБ»

 

Чанде пеш дар гулгашти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» ба намоиш ва фурўш гузошта шуданд. Дар ин намоиш кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои ин сохтори қудратӣ иштирок доштанд. Ба иттилои директори нашриёти «Адиб» Давлат Сафарзода, иштирокдорони намоиш аз китобҳои адибони классику муосир фаровон харидорӣ намуда, ибратомўзи дигар ташкилоту муассисаҳо буданд ва ба татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати китобхониву китобдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Идомаи: ИДОМАИ ТАШАББУСҲОИ «АДИБ»

САДА - НУРЕ АЗ УМЕДУ ОРЗУ

 

Сада дар қатори Наврўзу Меҳргон аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукўҳи  мардумони эронитабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрўхтани гулханҳои бузург гиромӣ медоштанд.

Идомаи: САДА - НУРЕ АЗ УМЕДУ ОРЗУ

МЕҲРНОМАИ ВАТАН

Тоҷикистонро шоирон ҳам дар замони шўравӣ ва ҳам дар даврони истиқлол бисёр сурудаанду ситудаанд, биноан мепиндоштам, ки дар ин  мавзўъ сухане тоза гуфтан ва маъние бикр бар гуфтаҳо афзудан амрест ниҳоят муҳол. Вале манзумаи «Ман ту ҳастам Тоҷикистон»-и Камол Насрулло, ки аз силсилашеърҳо фароҳам омадааст, бароям як падидаи шигифтовар ва ҳайратангезест. Хушбахтона, ба Камол Насрулло муяссар гардидааст, ки чеҳраи таърихиву кунунӣ, арзишҳову муқаддасоти моддиву маънавӣ, ниҳоду сиришти тоҷику Тоҷикистонро аз дидгоҳи нав бубинад, ниёзу таманниёти ҳар ватандорро - аз сарвар то коргар, аз бузург то хурд - тавассути тавсифу тасвир ва лобаву ниёишҳои шоирона иброз дорад. «Ман ту ҳастам, Тоҷикистон!» - бо ҳисси ифтихор ва масъулият хитоб мекунад шоир ва ин Ватани азиз, ин сарзамини озарини меҳрро дар дилу вуҷуди хеш фаро мегирад, балки худро, яъне ҳар тоҷикро, тимсоли Тоҷикистон медонад. Ў дар варақи сангҳо сарнавишти сангини миллаташро мехонад. Ва дар чунин андеша аст, ки мо бояд «аз ниҳоди сангҳо симои худро» ва «аз варои сангҳо фардои худро» биёбем. Мо бояд пайкари худро аз ин кўҳҳои сангин падид орем. Ва дар ин тасвири мармуз як ҷаҳон маъниро гунҷоиш медиҳад. Дилгармӣ, рўҳбаландӣ ва бовари шоир хонандаро фаро гирифта, ба ояндаи нек ҳидоят мекунад.

Камол Насрулло муваффақ шудааст, ки Тоҷикистонро дар сиришти фард бигунҷонад ва вуҷуди фарди ватандорро то ҳадди Тоҷикистон вусъату шаҳомат бубахшад. Дар манзума чеҳраи азизу маҳбуби Тоҷикистон ва симову сиришти меҳрбори фарзанди тоҷик ба ҳам даромехта, як образи бадеии тавъамони Ватан ва ватандор арзи ҳастӣ намудааст. Ин падидаи тозаву нишотангез шоистаи таҳнияти шоир ва мояи ифтихори ҳар ватандор ва дўстдори шеър аст.

Абдураҳмони Абдуманнон

ИН СӮВУ ОН СӮЙИ ДАРЁИ ПАНҶ

Имрўзҳо дар кишвар аз ҷониби намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо вохўриҳои хотирмон бо сарҳадбонон сурат гирифта истодаанд. Мақсад аз ин вохўриҳо расонидани салому паёми Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани рўҳияи сарбозон ва ба онҳо барои ҳимояи марзу буми кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ баён кардан аст.

Ҳайати мо бо ин мақсад бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафарбар гардид. Ду-се нафарӣ ба гурўҳҳо ҷудо шудем. Мо асосан аз қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, ки ин ноҳияҳо дар ҳамсоягии Вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Афғонистон мебошанд, дидан кардему бо ҳимоятгарони Ватан суҳбатҳо оростем. 

Пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки ин ду ноҳия низ ба баракати соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ рўз то рўз ободтару зеботар гардида истодаанд. Мардумаш ба маънои том Истиқлолу Ваҳдату осоиштагиро дарк кардаасту бо ҳамин рўҳия зиндагӣ дорад. Шиорҳои ватандўстона, вожаҳои азизи Истиқлол, Ваҳдат, Сулҳ, муқаддасоти миллӣ-Парчаму Нишонро зиёд дар тахтасангҳои канори роҳҳо, дар девори кўҳҳои сарбагардун ҷо кардаанд. Тўли 5 рўз намояндагони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, аз ҷумла, муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз Ҳаким Давлатзод, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз подполковник Усмон Қурбонов ва дигарон бо мо ҳамроҳ буданду дастгирии бисёр карданд.   

Тавре роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ иброз доштанд, сарбозони мо барои ҳимояи хоки поки диёр аз ҳар ҷиҳат омодаанд ва шабонарўзӣ вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд. Дар дарвозаи дидбонгоҳе аз дохил чунин навиштаро мушоҳида кардем:

«Сарҳадбон, дар сарҳад ҳушёр бош»!

Ин як ҷумлаи сода дар тақвими ҳар рўзи сарҳадбонон кифоя аст, ки доим ҳушёр бошанд. 

Касе, ки бори аввал ба ин мавзеъҳо меравад, бояд мушоҳидаи амиқ кунад, ки дар он сўйи дарёи Панҷ (Афғонистон) мардум чӣ гуна рўзу рўзгор доранду дар ин сўйи дарёи Панҷ (Тоҷикистон) чӣ гуна.

Ин сўйи дарё аз замони шўравӣ роҳи мошингарди асфалтпўш дорад, он сўйи дарё то ҳанўз роҳи тангу мумфаршнакардаи бо даст сохташуда. Ин сўйи дарё касе пиёда нест, мошинҳои зиёд дар ҳаракатанд, он сўйи дарё одамон бештар пиёдаанду бо гузашти соатҳо ягон-ягон мошин ё дучарха (мототсикл) пайдо мешавад. Ин сўйи дарё хати барқу телефон аст, он сўйи дарё ҳарду ҳам нест. Ин сўйи дарё хонаҳои замонавӣ зиёданд, он сўйи дарё манзилҳои вайрона… Чун дур нест, бо як нигоҳ метавон ин ҳамаро дид, қиёс кард ва шукри амнияту осоиштагии кишвари худро ба ҷой овард.

Мутаассифона, бар асари набудани амният он сўйи дарё ин ҳама ободиро надорад. Онҳо барқро аз мо мехаранд. Ҳатто аз симкортҳои ширкатҳои мобилии кишвари мо истифода мекунанд. Мо имрўз мехоҳем, ки ба кишварҳои мутараққии дунё наздик шавем. Аммо афғонистониҳо орзу доранд, ки монанди мо кишваре дошта бошанд, то дар он пеш аз ҳама сулҳ таъмин бошад. Ин ҳамаро мушоҳида карда, байти устод Абўабдуллоҳи Рўдакиро ба ёд овардам, ки баёнгари ҳол аст:

Ба рўзи неки касон, -гуфт, ғам махур зинҳор,

Басо касо, ки ба рўзи ту орзуманд аст!

Таманнои онро дорем, ки ҳар чӣ зудтар сокинони кишвари ба мо ҳамсояву ҳамзабон ба сулҳу ваҳдат ва истиқлоли комил бирасанд.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

НИШАСТИ АВВАЛИ «ШЕЪР ВА ЗИНДАГӢ»

 

14-уми январи соли 2021 бо ибтикори бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ин созмон маҳфили илмиву адабии «Шеър ва зиндагӣ» баргузор гардид. Нишасти аввали ин маҳфил ба мавзўи «Пайванди суннат ва навоварӣ дар шеъри имрўз» ихтисос дошт ва дар он шоирону адабиётшиносон ва алоқамандони шеър ширкат варзиданд.

Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар оғоз изҳор дошт, ки ба роҳ мондани чунин маҳфил муҳиму саривақтӣ буда, боиси гуфтугузори судманд ва ба миён омадани матлабҳои ҷолиб мегардад. Номбурда ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, ба кори минбаъдаи он барор хост.

Гардонандаи маҳфил, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар атрофи мавзўи мавриди баррасӣ ба таври мухтасар мулоҳиза ронда, онро аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои шеър ба шумор овард.

Дар қисмати аввали маҳфил, ки шеърхонист, ровии хушлаҳну хушсадо Муҳаббат Мирзораҳимова ғазали дилошўберо аз Мавлоно бо маҳорати хос қироат кард ва табъи ҷамъомадагонро болида намуд. Шоирони ҷавон Бобаки Суғдӣ ва Рустами Аҷамӣ намунае аз ашъори худро манзури ҳозирин намуданд ва пазироии хуб ёфтанд.

Дар қисмати асосии маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, пажўҳишгари маъруф Рустам Ваҳҳобзода дар атрофи мавзўи «Пайванди суннат ва навоварӣ дар шеъри имрўз» суҳбати пурмуҳтаво кард. Номбурда бо таваҷҷуҳ ба манзараи умумии шеъри имрўзамон, махсусан шеъри ҷавонон, аз ҷумла изҳор дошт, ки шеъри суннативу нав бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Бисёр қолабҳои суннатии мо, ки дар қарни гузашта аз сўи баъзе гурўҳҳо мавриди ситезу инкор қарор мегирифтанд, имрўз аз навъҳои мутадовили шеъри мо мебошанд ва иқтидору зарфияташон исбот шудааст.

Номбурда бо овардани мисолҳо изҳор дошт, ки шоири неруманд қодир аст, ки тозатарин мазмуну тасвирҳоро дар қолаби жанрҳои суннатӣ, аз ҷумла ғазал ва қасида бигунҷонад ва бо шеъри нави мудерн онҳоро пайванд бидиҳад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки навтарин навъи ашъор низ, ба монанди шеъри сапед, бо анъана ва суннати шеъри шоирони пешинамон беалоқа нестанд, реша дар замини шеъри куҳан доранд ва ҳамин пайванд боиси шукуфоиву боландии шеъри нав мегардад.

Шоирон Гулрухсор, Аскар Ҳаким ва Абдуллоҳи Раҳнамо перомуни масъалаи мазкур назарҳои судманд баён намуданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки дар нишастҳои минбаъдаи маҳфил низ доираи маҳфил густариши бештар меёбад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved