• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Рустам Ваҳҳобзода ба муаррифӣ ниёз надорад. Чунонки «мушк худ бибўяд», ў худ саропо шиносномаи шахсу шахсияти худ аст. Алоқамандони сершумор ҳам ба сифати шоири пуркору хушкор медонандашу ҳам ба ҳайси яке аз коршиносони фаъолтарину воқеъбинтарини масоили адабии шабакаҳои иҷтимоӣ (вай дар он фазои маҷозӣ бемаҷоз пуштибони воқеияту ҳақиқати ихтисосӣ ва назокату муҳаббати инсонист), ҳам чун луғатдону истилоҳсози муваффақу ҳам ба гунаи мунаққиду адабиётшиноси жарфнигару амиқбин. Сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» буданаш ҷиҳати дигар аст, ки заҳмати пайвастаи интихобу таҳриру муаррифии беҳтарин осори адабии давронҳои мозиву муосир ва масъулиятҳои пайвастаи роҳбарии эҷодиву ташкилиро дар батн дорад.

 Рустам Ваҳҳобзода, чун ҳар эҷодкори огоҳдилу озодандеш, басо масъулиятшинос аст ва ин масъулиятшиносӣ, аз ҷумла дар ашъораш, равшан мушоҳида мешавад. Алоқамандон медонанд, ки ў ҳанўз аз овони мактабиаш шеър мегуфт, вале баъди омўзишу дарёфт ва таҳаммулу тааммули зиёд дар синни сӣ ба чоп расидани нахустмаҷмўаи ашъораш далели ҳамон худшиносиву хурдашиносиву мавридшиносиаш аст. Китобҳои дуюмаш қариб баъди бист сол ва сеюмаш баъди ҳафт соли он ба чоп расиданд. Яъне, шоири ҳамагӣ се маҷмўаи ашъор аст Рустам Ваҳҳобзода, вале се маҷмўае, ки шомили шеърҳои дилрасу дилнишин ва рўҳбахшу рўҳбардоранд ва муаллифашонро дар радифи маъносозтарину тасвирофаринтарин, зебосаротарину барҷогўтарин шоирони муосири тоҷик ҷо додаанд.

Имрўз сухан аз маҷмўаи чаҳоруми ашъори Рустам Ваҳҳобзода аст, ки низ мувофиқи табъи баланду завқи навоваронааш сурат гирифтааст. Номи китоб – «Ҳазор байт» мундариҷаи зоҳирии онро бозгў мекунад, яъне, шоир ин дафъа дар байтгўӣ ё фардсароӣ қувваи табъ озмуда, анъанаи дерини адабиётамонро идома бахшидааст.

Мавриди зикр аст, ки байтгўии шоирони мо, ҳам шифоҳиву ҳам катбӣ, собиқаи бисёрасра дорад ва имрўз ҳам давом мекунад. Тақрибан ҳама шоирони номварамон аз ин шакли шеър истифода кардаанд, бешу кам тавфиқ ёфтаанд ва ҳатто байтҳое низ гуфтаанд, ки вирди забонҳо шудаанд. Аммо, он чиз ҳам гуфтанист, ки то ҳол маҷмўае шомили ашъори ин шакл ба ин тўлу паҳнои зоҳиру маъно дастрас нашуда буд.

Шеър аслан мухтасаргўист. Яъне, дар ҳаҷме хурд гуфтаниҳои бузургро гунҷондан ва ё бо сухане андак хонандаро ба андешидану дарёфтани маъниҳое густурда таҳрик бахшидан. Лекин вақте ки шоир худро дар ҳудуди ду сатр маҳдуд мекунад, ин рисолат бамаротиб меафзояд ва ў бояд дар ин ду сатр маъние бигўяд ё тасвире бинамояд, ки ҳам комилу тамом бошанд ва ҳам ҷиҳати тавсиаву такмилашон барои хаёлу андешаи хонанда фазое мусоид муҳайё бикунанд.

Масалан, фазое, ки шоир дар байти зерин муҳайё кардааст, фикри хонандаро аз майдон бо тасвир ба кайҳон мебарад, хонандаи закӣ дармеёбад, ки дар ин байти фард мутаносибан сухан боз ҳам аз фард аст, яъне аз шахсиятҳои барҷастаи ҷомеаи башарӣ, таъриху халқу миллат, ки баракси фармудаҳои идеологияи тайшуда дар сарнавишти халқи худ мақоми асосӣ доштаанд. Аз ин ҷост, ки мо то кунун ин байтро ба унвони далели шеърӣ дар навиштаҳои публитсистии чанд тан аз қаламкашони дигар дар бораи қаҳрамонони халқу миллати тоҷик мушоҳида кардаем:

Лашкар нахоҳад он ки ба каф теғи ҷон гирифт,

Хуршед як тан аст, вале осмон гирифт.

 

Ё худ, ин байт барои андешаҳо перомуни мақсаду мароми ҳаёт, ғанимату бебозгашт будани ҳар дами умр, бебадалии ҳамназарону қадрдонии барвақту бетаъхир чӣ қадар фазо медиҳад:

Хурўсе дертар аз хоб барҷаст,

Бизад бонг: «Офтобе рафт аз даст!»

 Вале агар танзи ин байтро дар назар гирем, боз мазмуни дигаре аз он ошкор мегардад, ки танқиди рўҳияи бузургшумории худ аст, он сон ки гўё мурғ гумон кунад, ки агар ў фарёд накунад, офтоби он рўз аз даст меравад, яъне тулўъ намекунад.

Оё дар байти поён сухан аз лолаву чаман аст? Оё на аз он аст, ки хонанда аз покиву порсоӣ, собириву қаноат, умри зебову рангин ба сар бурдан ва ёди хушу гуворое аз хеш ёдгор мондан биандешад?

 

Чу лола порсое дар чаман нест,

Бисоти лола ҷуз як пираҳан нест.

Ин ҳама маънову тасвирҳо хеле зебо, муассир ва хаёлангез рўи коғаз омадаанд ва, бешак, ба варзишу густариши андешаву тафаккури хонандаи соҳибзавқ мусоидат мекунанд.

Шоир панд намедиҳад, вале хонанда панд мегирад, беихтиёр ба худу муҳити худ менигараду меандешад, ба хулосаҳое мерасад, ки эҳсосу идроки зебоипарастиашро такмил медиҳанду комилтар месозанд:

Бар рағми касе зистанат шарт набошад,

Бо меҳри касе низ тавон зист олам.

***

Ба ҳеҷ ҳол тиҳӣ нест дасти марди карим,

Агар ки ҳеҷ надорад, пур аз салом бувад.

***

Фармуд сангпушт, ки мо ҳам тавонгарем,

Ҳастем то ки дар садафи хеш, гавҳарем.

***

Гар касе бошӣ, барои худ басӣ,

Бекасӣ беҳтар бувад аз нокасӣ.

***

Одамизод аз камони хашми худ

Мезанад тири хато дар чашми худ.

***

Натавонӣ ба ҳама умр ҷавон буд, вале

Метавонӣ ба ҳама умр ҷавонмард шавӣ!

 

Аз ин мисолҳо, ки батнашон аз ҳарфу маънии андарзомез мамлўст, зиёд метавон овард, вале бо умеди он ки хонанда худ ба ҳар ҳарфи онҳо фурў биравад, бо ҳамин иктифо мекунем.

Ҷиҳати аёни байтҳои ин китоб реализми онҳост. Дар пардаи ташбеҳу талмеҳу ишораву истиораву ҳоказо гуфта шудаанд, вале реша дар зиндагии воқеӣ доранд ва боз ба хидмати зиндагӣ бармегарданд.

Зи пойи кўҳ мегирад кафе хок,

Ки дарё з-ин сафар дигар наояд.

Чизи ҷолиби дигар дар байтҳои Рустам Ваҳҳобзода бозтоби мавзўъ ва масъалаҳои иҷтимоист. Оид ба онҳо шоир тавассути мақолаҳои публитсистӣ ва навиштаҳои интернетиаш низ зиёд ибрози назар мекунад, вале назараш бо шеър дигар аст – нозук, ба лутф, бо мушоҳидаҳои зиёду тўлонӣ.

Шоири классики Маҷористон Шандор Петефи байте дорад, ки замин барои аз ашку хуни инсонҳо сер нашуданаш мазаммат мешунавад:

 

Чӣ хурдӣ, эй Замин, посух бидеҳ боре

                                                    суоламро,

Ки менўшӣ чунин бисёр хуну

ашки одамҳо!

(Тарҷумаи Низом Қосим)

 

 Ин мавзўи шеър дар байти Рустам Ваҳҳобзода сахт паҳлу мегардад ва ба ин сурат  арзи ҳастӣ мекунад:

Ду чиз аз якдигар ҳаргиз нашуд сер,

На хок аз мардуму на мардум аз хок.

«Аз мардум сер нашудани хок» масъалаи табиист, вале «аз хок сер нашудани мардум» – масъалаи иҷтимоӣ. Агар ба ҷои «хок» «замин» мебуд, масъала равшантар мешуд, вале дар ҳамин шакл ҳам ҳадаф расову зебо матраҳ аст.

Боз аз ин гуна байтҳо, ки ҳам маънии амиқ доранд, ҳам тасвирҳои шоиронаи зебову гўё:

 

Зи хун тоҷи хурўсон лаълбанд аст,

Маҷў осоише аз тоҷдорӣ.

***

Аз ҷаҳон сангару камин монда,

Аз «ҳуқуқи бешар» ҳамин монда.

***

Агар дар ин ҷаҳон як тифл хор аст,

Башар маҳруми ҳаққи ифтихор аст.

***

Бинишин як шабу то субҳ ситора бишумор,

То бубинӣ, чи қадар санг ба хуршед заданд.

***

Сиёҳу сурху сапеду шимолу шарқу ҷануб…

Баҳона баҳри адоват чи қадр бисёр аст.

***

Ҳарфи оташзан ҳамеша равшан аст,

Он чи ў мехоҳад аз ту, равған аст.

***

Ҳар ҷо, ки дар ин замона сайёдест,

Доме ба кафаш ба номи «озодист».

***

Гар сояи ҳам чунин тарошем,

Девор дар ин Ватан намонад.

***

«Ҷомеаи ҷаҳонӣ»! Ту кистӣ? Куҷоӣ?

Хоҳони сад фалокат, хоҳони сад балоӣ!

***

Бар ин роҳе, ки захмину фигор аст,

Пайи дандони чандин ришвахор аст.

 ***

Забони мо гар аз аҳли биҳишт аст,

Чаро гуфтори мо ин қадр зишт аст?!

 

Бар сар омад чунки сабри чойҷўш,

Ончунин ҷўшид, к-оташ шуд хамўш.

Байтҳои охирине, ки мисол овардем, ҷиҳати дигари эҷодиёти Рустам Ваҳҳобзодаро ёд меорад. Яъне, лутфи сухан, суханбозӣ, кинояҳои нозук, ки аслан бояд хосияти ҳар шеъри асил бошанд. Худи шоир, ки шахсу шахсияти шоистаест, шояд зоҳиран мутакаббир намояд, ки аслан чунин нест ва чунинҳои ғайри ў низ фаровонанд! Ва шояд аз эҳсоси ҳамин хислат зебову барҷо гуфтааст:

Аз ин баланднигоҳӣ нишони кибр маҷўй,

Назар зи қулла ҳамон одати куҳистонист.

Ҳамин тариқ, байтҳои саршори лутфи шоирона зиёд дучор меоянд ва мо намунаҳояшро зикр намуда, лаззати дарёфти санъатҳояшро ба хонанда вогузор мекунем:

Агар гуфтам, ки пар дорад парасту,

Махоҳ аз ман далеле аз Арасту!

***

Надидам дигареро ғайри сайёд,

Ки бо як чашм бинад дигаронро.

***

Аз дасти хушмақолӣ ҷоне бадар набурданд,

Булбул чи гуфт, к-охир гулҳо зи ханда мурданд?

 

***

Олам ду қисмат аст: яке кор мекунад

В-он қисмати дигар ҳамаинкор мекунад.

***

Мо даст ба банди кас надодем,

Ҷуз соати мо, ки бандаи мост.

***

Ду чашми мо ба ҳам қаҳрӣ, пайи «номус» мегарданд,

Агар аҳвол ин бошад, ҳама олус мегарданд!

***

Чӣ мепурсӣ зи ман, ки «зиндагӣ чист?»

Намедонам, на ман эҷод кардам!

***

Бинеҳ, Юсуф, баҳои хеш чандон,

Ки натвонанд ёронат фурўшанд!

***

Об ором дар сабўй шавад,

Об аз ҷустуҷўй ҷўй шавад.

***

Сад шукр мекунам зи баландии осмон,

Аз он ки санги кас ба чароғаш намерасад.

***

Чӣ сон панде диҳӣ дигар ба тифлон,

Ки тифлон баста гўши худ ба тилфон.

***

Аз ину он ба ону ин чӣ нолӣ,

Ки ону ин ҳамоно ину он аст!

***

Дар шеъри сапеди ту сапедӣ

Ҷуз кафки даҳони ту надидем.

 Барои овардани мисолҳои зиёд аз хонанда узр мехоҳам, лекин бовар дорам, ки агар ин кор ба дасти худаш мебуд, бештар меовард. Аз ҳақиқат ҳеҷ дур ҳам нест, агар бигўем, ки ин китоб «чу шеъри Ҳофизи Шероз интихоб надорад»!

Бо вуҷуди ин, боз ду мисол меорам  ва аз шеърдўстон мехоҳам, ки ҳатман ин китобро бихонанд, то шикваашон аз камтар будани шеъри хубамон камтар бишавад:

Хаёли ину онро озмудам,

Ба чашми ҳеҷ кас ман ман набудам.

Ва ё:               

Чун диёри мо яке, Парвардгори мо якест,

Дар миёни мо ҳазорон фарқи дигар андакест.

Низом ҚОСИМ,

Шоири халқии Тоҷикистон

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved