Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунёебаробар мешавад.
Бозор Собир
ХУДОӢ ШАРИФОВ,
аз китоби “Савти аҷам”, Душанбе, 2002
Таҳсили ибтидоиашро Муъминшо дар ҳамон деҳаи Курговад сар кард. Мактаб дарсхонаи муқаррарии тоҷикӣ, барномаҳои расмии давлатӣ, дар оғоз бо алифбои лотинӣ пас аз соли 1940 бо алифбои русӣ буд. Ҷиҳати ҷолиби дарсҳо, бо иловаи ахбору нақлу ривоятҳои халқию адабӣ, таълими забони русӣ буд. Барои мардуми маҳаллӣ забони русӣ, чи дар таълим ва чи дар гуфтугӯи аскарҳои сарҳадбони рус, кайфияте дошт. Муддати ду сол Муъминшо дар шаҳрчаи маркази ноҳия, дар хонаи амакаш Ғайрат зиндагӣ мекард ва таҳсилро идома медод. Зиндагӣ дар маркази ноҳия, ки дар он ҷо суннатҳои гӯштигирӣ дар маросимҳои шодӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ ривоҷу равнақе доштанд, хотироти зиёдеро ба Мӯъминшо бахшидааст. Мувофиқи нақли мӯйсафедон ва ҳамсиннон Муъминшо дар кӯдакӣ ҷуссаи қоқина, қомату дастони дарозе дошт, ки ба сабаби харобии тан, дар назари аввал номутаносиб менамуданд. Ангуштони дарози панҷаҳои даст нишонае аз танумандии Баҳром, ки лақаби Чӯбинаро дошт, медоданд. Фақат чашмони бузурги ин бача гувоҳи назари фарох ба ҷаҳон ва эҳсос кардани талаввуни табиӣ ва радду бадали авзоъ ва симоҳо буда метавонистанд. Зимнан, бинандагони он замон дарвозаи басирати тавонои соҳибашон будани онҳоро нашинохта,аз сурати зоҳирии чеҳраи хурду чашмони бузург изҳори тааҷҷуб ва шӯхиҳои калонгирона менамуданд.
Академик Муҳаммадҷон ШАКУРӢ:
Китоби Насим Раҷабро, ки дар бораи ҳавлии устод Айнист, хондам. Ин китоб ба ман маъқул шуд, ба шавқи тамом хондам. Бисёр бо меҳр навишта шудааст. Муаллиф дили пурмеҳр дорад ва дар бораи Айнӣ, дар бораи ҳавлии ӯ, ки ваҷаб-ваҷаб қадамгоҳ аст, бо меҳру муҳаббат қалам меронад.
Китобии «Бодоми шириндона»‑и Гули Зард соли 2007 аз тариқи нашриёти «Эҷод” ба табъ расидааст. Маълумоти кӯтоҳ, ки ба қалами муҳаррир ё муаллиф тааллуқ доштанаш равшан нест, гӯё қаблан хонандаро аз сифати асар огоҳ мекунад.
Ҳабибулло Нозирӣ беш аз 40 сол боз хомафарсоӣ мекунад, вале маҳсули «эҷодиёташ» чанд пораи ҳавоиву беҳадафи манзум ва чанд ба ном дубайтии тақлиди рӯиросту урёни Бобо Тоҳири Урён асту бас. Аз мисолҳо бармеояд, ки ӯ натанҳо аз табъу завқи ибтидоии адабӣ, аз мантиқу таносубу маънӣ фарсахҳо дур аст, балки вазну қофияро ҳам намедонаду саводи оддии беғалатнависӣ ҳам надорад.
ШОИРИ ХОНАДОНИ МО
Бисёр адибони машҳури олам асаре аз боби заҳмати эҷод иншо кардаанд. Ин корест зарур, махсусан барои таълими ҷавонон. Шоири маҳбуби бачаҳо Ҷўра Ҳошимӣ ҳам ҳақ дорад чунин китобе нависад ва агар нависад, бешубҳа асари рўйимизии шоирони бачаҳо, бахусус навқаламони мо, хоҳад шуд, зеро барои адиби бачаҳо одоби адибу фаросати эҷод муҳимтар аз дигар муҳиммоти қаламкашист ва ин ҳамаро ў дорад.
Дар ин олами азаливу абадӣ ҳар халқу ҳар сарзамин тақдири хоссаи хешро дорад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу қисматсоз бо кору пайкор ё бекориву бепайкории фарзандонаш хубтару равшантар ва ё бадтару тиратар мешавад.
(ГУЗОРИШИ МУҚАДДИМОТИИ МАВЗӯЪ)
Тамаддуни тоҷикӣ бо зиндагии таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мардуме вобаста аст, ки аз замонҳои қадим бо номи ориёӣ, эронӣ аз аввали асри Х1 («Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ) бо номи тоҷик дар марзи Хоразм, Марв, Ҳирот то Систон ва дар Шарқ аз Ҳафтрӯд, Фарғона, Бадахшон, то кӯҳҳои Ҳиндукуш зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди таърихии мавзеи сукунати тоҷикон ба сарзаминҳои на ромишбахш, вақте «ба чашми мардумонаш хуш», ки дар Авесто аз офариниши онҳо хабар меёбем, асосан мувофиқат дорад. Ин қазия ба қадимӣ будани сукунати тоҷикҳо дар ин марзу бум далолат мекунад, ки замоне ривоятӣ ва таърихии ҳазораи дуюм ва якуми то мелод аст (Авесто 2001, 422-424).
Copyright © 2017. All rights Reserved