• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

26-уми феврали соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода конфронси илмиву адабӣ баргузор шуд. Дар конфронс аҳли илму адаб, донишҷўёну алоқамандони адабиёт ҳузур доштанд.

 Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа бо суханронӣ дар бораи ҷойгоҳи баланди Абдунабӣ Сатторзода дар илми нақду адабиётшиносии тоҷик ва шахсияти тобноки ў ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид ва аз номи Раёсати ИНТ мавсуфро табрик намуд.

Дар қисмати аввали конфронси бошукўҳ адабиётшиносон Боймурод Шарифзода, Абдушукури Абдусаттор, Бадриддин Мақсудзода ва Мисбоҳиддини Нарзиқул перомуни ҷанбаҳои гуногуни пажўҳишҳои илмӣ, нақши ў дар рушди ташаккули нақду адабиётшиносии тоҷик, мактаби илмӣ ва сифатҳои инсонияш маърўзаҳои пурбору арзишманди худро ироа намуданд. Зикр гардид, ки Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи адабиётшиносони пешкисватест, ки охири солҳои 60 ва аввали солҳои 70-уми қарни гузашта вориди арсаи нақду адабиётшиносӣ шуда, пажўҳишҳои бунёдӣ анҷом дода, шогирдони зиёдеро низ тарбият кардааст. Дар қисмати дувуми конфронси адабӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кўҳзод, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, нависандаи шинохта Бахтиёри Муртазо, адабиётшинос Мубашшири Акбарзод, шоирони ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур, Бобаки Суғдӣ бо суханони пурҳарорат ва қироати шеърҳо соҳибҷашнро муборакбод намуданд.

Маҳфилороии ҳунарпешагони номвар Афзалшоҳи Шодӣ ва Алишер Қаноатзода боиси болидатабъии ҳозирин гардид.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved