• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Муҳаммад Ғоиб

Он кас бузург аст, ки бо кору кирдор ва фикру ақидааш аз дигарон фарқ мекунад ва тарзи нигоҳи хосса ба атроф ва оламу одам дорад, дар ғамаш шодию дар шодияш ғам дорад. Ояндаро пештар дида, маънии аслии омадану рафтанро хубтар фаҳмида, ба ранги дигар зиндагонӣ мекунад, бори фаҳмаш ба тори зеҳни ҳамзамонон гаронӣ мекунад. Кӣ будан ва чӣ мақсад доштанашро намедонанд. Ошноиашро дарк накарда, ӯро ба олами ҳастӣ бегона мехонанд. Намедонанд, ки оқилон дар фикри кори хештан девонаанд. Ҳошим Гадо аз зумраи ҳамин гуна инсонҳост, нодори аз ҳама дорост. Ҳам нақшофару ҳам таҳиягари бузург аст ва ҳам офаридаҳои хотирмонашро рӯи коғаз оварда, қиссаҳои ибратбахш эҷод мекунад. Ӯ як ҷӯяндаи нӯш аз неш аст, ӯ як Диогени даврони хеш аст.

 

Ҳошим Гадо дунёи ормон ва дарду дармони худро дорад. Хандааш мегирёнаду гиряаш механдонад. Танҳо бузург бузургро шинохта, бори нозашро бардошта метавонад. Шояд онҳое ба дунёи Ҳошим ошно бошанд, ки аз ӯ дарси ҳунар, сабақи ба зери бори гарони ҳастӣ тоб оварданро гирифтаанд, аз ӯ дарси ҳаросон нашудан аз мушкилот ва қадами устувор гузоштан ба роҳи ҳаёт омӯхтаанд.

Киношиноси машҳури Чех Ирина Элияшева менависад:

"Суҳроби азизи ман, Ҳошим! Ман шуморо садҳо маротиба тамошо карда, сер нашудаам. Бисёр ситорагони тобони ҷаҳон дар нисбати шумо камнуранд. Суҳроб маҷмуи зебоиҳост. Ҳазор сол, ки бизиӣ, чунин зебоиро намебинӣ."

Ҳошим Гадо устоди бузурги саҳнаи ҳунар аст, дар зиндагӣ дигару дар саҳна дигар аст. Фидоие дар ҷодаи умеду мақсади хеш аст, дар роҳи ҳунар мусофири аз дигарон пеш аст. Ҳамеша маънии зиндагиро ба офтоб нисбат дода, ҳамчун хуршеди худфурӯзи саҳна ба сари андешаи дигарон нури маърифат мепошад. Бо нури ақлу заковати худододаи худ равшангари ҷодаи ҳунари воло ва роҳи шуҳрати миллат мебошад. Ҳунармандест, ки қаҳрамонони офаридааш дилфароханд, тарсуву яғмогар ва тангназар нестанд, балки барои татбиқи ақида, ҳифзи марзу бум ва баланд бардоштани парчами нанг мубориза мебаранд.

Ба ҳунарманди куҳансоле, ки ҳанӯз тоири шавқаш майли парвоз дошт ва мехост дар намоишномае нақшеро бозӣ кунад, мегӯянд: - Устод, бузургии шуморо эътироф мекунем, оё пирӣ монеаи ҷавлонатон намегардад?

- Барфи болои бом ба оташи даруни хона чӣ дахл дорад? - мегӯяд ҳунарманди куҳансол ва беҳтарин нақши моломол аз шавқу ҳаваси зиндагӣ ва меҳру садоқати инсониро офарида, тамошобинро дар ҳайрат мегузорад. Ҳошим Гадо низ пири саҳнаи ҳунар аст, ки дили ҷавон дорад. Ин баҳои додаро гуфтаҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Хушназар Майбалиев бори дигар тасдиқ мекунад:

-Намоишномаи "Рӯдакӣ"-ро дида, ба ин хулоса омадам: "Ҷустуҷӯи пай дар пай" дар рафти эҷодиёт бузургтарин дастовард мебошад. Тамошобини ҷаҳонбиниаш васеъ дар намоиши "Рӯдакӣ" аз оғози прологи асари саҳнавӣ бурди коргардонро ҳатман ҳис мекунад. Прологи таҳиянамудаи Ҳошим Гадо якбора ҳисси бедории миллиро ба вуҷуд меорад.

Хуб мебуд, ки агар тамоми намоиш тобеи ин прологу эпилог мегашт. Бисёр хурсандам аз бозёфтҳои эҷодии Ортиқ Қодиров дар нақши Рӯдакӣ ва Малоҳат Абдуллоева дар нақши Нигина, албатта, бо мададу ёрии таҳиягар Ҳошим Гадо".

Адиби машҳури тоҷик Сотим Улуғзода навиштааст:

 -Ҳангоми тамошои намоишномаи "Ҷавонии Сино" бори аввал фаромӯш кардаам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо нақши Синоро мебозад.

Оре, Ҳошим Гадо тавонист, ки бо ҳунару истеъдоди баланди худ соҳибҳунарии мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муарифӣ намояд. Китоби санъатшиноси маъруфи мамлакат Низом Нурҷонов таҳти унвони "Ҳошим Гадоев", ки дар он соҳибистеъдодӣ ва дигар паҳлуҳои эҷоду ҳаёти ин ҳунарманди асил тасвир гардидааст, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар филми озарии " Шуълаи гулшанҳои хомӯш" Ҳошим Гадо нақши Ғазанро офаридааст. Вақти бозӣ ба саҳна ба ҷои барзагови машқдода барзагови ҳамрангашро медароранд. Ин саҳнаи диловарӣ бисёр хотирмон нишонаи зафари Ҳошиму шикасти нотавонбинон буд. Баъди ин саҳна дар ҳамон макони филмбардорӣ чашмаеро ба номи Ҳошим Гадо мегузоранд, ки ҳоло бо номи "Чашмаи Ҳошим" машҳур аст. Дар филми "Суғдиён" ҳангоми мубориза ба муқобили лашкари араб ба ӯ аспи рамандаи ҷавмаст медиҳанд. Ҳунарманд аз асп афтода, дар регзор фурӯ меравад. Дар чунин ҳолат зинда мондан амри муҳол буд, вале Ҳошими машқдида зинда мемонад. Дар филми "Набарди се шоҳ"ҳангоми оташ гирифтани киштӣ қаҳрамон аз баландии 22 метр меҷаҳад ва аз марг мераҳад.

Таҳияҳои гуногуни "Эдип" маъруфанд. Русҳо пештар намоишномаи гурҷиҳоро дида буданд. Дар онҳо воқеаҳо маҷбуран антиқӣ шуда, пешкаши тамошобан мегарданд. Вале дар таҳияи Ҳошим он хеле фарогир аст. Фоҷеаи Эдип, ҳамсараш, билохира халқи ӯро чӣ хел самимию воқеӣ пеши назар ҷилвагар менамояд, - мегӯяд доктори илми санъатшиносӣ Елена Полякова.

- Дар бораи фоҷиаҳои машҳури ҷаҳон бисёр шунидаам ва хондаам. Танҳо пас аз тамошои "Эдип" дар саҳнаи тоҷик фоҷиаи бузургро дидам. Ҳоло бисёр касон мегӯянд, ки театр тамошобинро гум кардааст, театр мемирад. Театри мо намемирад, агар ҳунарманде чун Ҳошим Гадо зинда аст, - менависад дар дафтари хотироташ ҳунарманди бузурги рус Кирилл Лавров.

- Эдипро ҳаждаҳ маротиб дида будам. Барои аз ҷашни театри тоҷик бенасиб намондан ба Маскав рафтам ва бори дигар ангушти ҳайрат газидам. Ҳошим Гадо барои рӯи саҳна омадани ин асари оламшумул 22 сол бори ранҷу ғам кашида, аз имтиёзҳои ҳастӣ маҳрум шуда, ба дигарон фараҳмандӣ бахшидааст. Шукри Ҳошим барин ҳунармандони бузург, ки санъати қадимаи тоҷикро зинда медоранд, - мегӯяд санъатшиноси тоҷик Лола Ҳасанова.

- Шумо, Ҳошим Гадо, ҳунарманди нотакрор, актёр ва коргардони бузурги асри ХХ мебошед. " Эдип"-и шумо асари бемисли асри ХХ аст. Нақше, ки шумо офаридаед, вуҷудамро ба ларза овард, ҳам аз нигоҳи ҳунар, ҳам аз нигоҳи коргардонӣ. Доҳиёна аст! Таманно дорам, ки "Спартак"-и шумо рӯи саҳнаро бубинад, - гуфтааст Александр Владимирович Сахновский, собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурии Беларус.

Ҳошим Гадо ҳунармандест, ки аз имтиҳони душвори мактаби санъати бузурги рус ва ҷаҳон гузаштааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав фаъолияти кориашро аз театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд оғоз менамояд. Чандин асарро ба саҳна гузошта, ҳамчун коргардон баҳо мегирад. Дертар асарҳои Чехов ва Пушкинро ба саҳна монда, ҳунарманди умедбахш будани худро собит менамояд. Намоиши фалсафии "Эзоп", ки дар он масъалаҳои мубориза бурдан ва таслим нашудан  ҳадафи тасвир қарор гирифтааст, Ҳошим Гадоро шуҳратёр мегардонад. Ҳунари коргардонии Ҳошим дар асарҳои саҳнавии "Интихоби домод", " Иҷоранишин" ва дигар офаридаҳо сайқал ёфта, ӯро ба фатҳи қуллаҳои баланди шуҳрат раҳнамун месозад. Офаридани нақши мураккаби Хлестакоф аз намоиши "Муфаттиш"-и Гогол, "Ҳамлет"-и Шекспир, Сино аз "Ҷавонии Сино", Фердинанд аз "Макр ва муҳаббат"-и Шиллер, Наср аз "Рӯдакӣ"-и Сотим Улуғзода, Афросиёб аз "Бежан ва Манижа"-и Фирдавсӣ, Иброҳимбек аз асари "Тӯфон"-и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф аз "Ситораи Улуғбек" ва дигар накшҳои хотирмон устоди ҳунар будани Ҳошимро собит намуд.

- Намоишномаи "Макр ва муҳаббат"-ро борҳо ва ба чанд забон дидаам, вале бояд бигӯям, ки мисли бозии ҳунармандони тоҷик нақшофаронро дар саҳна хеле кам дидаам. Бояд бигӯям, ки аз бозиҳои мудшудаи ҳунарпешагони Ғарб дида ҳамин кори Ҳошим Гадо борҳо беҳтар аст, - навиштааст Алфред Курелла.

Мунаққид Фелдман ба ҳунари ҳамсабақи даврони донишҷӯияш баҳо дода, мегӯяд:  "Агар устоди мо Олга Иванова Пижова зинда мебуд, ифтихор мекард ва мефаҳмид бо парвариши Ҳошим Гадо, Ҳошиме, ки доим китоби "Ҳамлет" дар бағал дар долонҳои донишгоҳ мегашт, дар рушди театри шӯравӣ чӣ саҳме гузоштааст".

"Ман асари худ "Шаби гирифтани моҳ"-ро аз саҳнаҳои бисёр тамошо кардам. Аммо образи девонае, ки Ҳошим Гадо офаридааст, аз беҳтаринҳост, - мегӯяд адиби машҳури бошқирд Мустай Карим.

Профессори Лаҳистон Александ Пахо баъди дидани намоиши "Макр ва муҳаббат" мегӯяд: - Агар дар Лаҳистон аз ман бипурсанд, ки аз Тоҷикистон чӣ хотира овардӣ, ман ҳатман аз нақши Фердинанди Ҳошим Гадо ҳикоят хоҳам кард. Оре, сарҳади Ватан аз номи соҳибватани бузургаш беҳудуд гашта, оламгир мешавад. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо аз зумраи фарзандони бузурги миллат аст. Ин унвонҳои олӣ подоши заҳматҳо ва самари офаридаҳои ӯст , ки теъдодашон дар саҳнаи театр ва кино аз сад адад зиёд мебошад. Фақат як "Эдип" бас аст, ки номи Ҳошим Гадо дар саҳифаи таърихи санъати тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардад.

 

Зиндагӣ ағба дораду кӯҳсор,

Ҳаст пасту баландияш бисёр.

Ӯ ба осонравон надорад кор,

Ҷӯяд осораш аз раҳи душвор.

 

Марди доно ҷаҳони худ донад,

Ранҷ дида, касе наранҷонад.

Рафта умру нишони ӯ монад,

Мӯрро ӯ намедиҳад озор.

 

Мӯшикоф асту мӯ ба мӯ бинад,

Ойина ҳасту рӯ ба рӯ бинад.

Ҳама наздику дур ӯ бинад,

Чашм дӯзад ба олами асрор.

 

Ханда дар лаб дарун-дарун гиряд,

Дил пур аз таб дарун-дарун гиряд.

Аз ғами халқи сода хун гиряд,

Чун анори қабат-қабат хуншор.

 

Ҷаҳл бигрифта ҷойи доноӣ,

Ҷойи ҷамъаш гирифта танҳоӣ.

Давр оварда рӯ ба расвоӣ,

Тарсад Эдип зи нав шавад такрор.

 

Ин ҷаҳон хонаи ҳунар бошад,

Баҳри бегонаи ҳунар бошад.

Хор фарзонаи ҳунар бошад,

Ҳарки гулпарвар аст, гардад хор.

 

Шоҳи касб асту саҳна тахти ӯст,

Саҳна-саҳни ҳаёту бахти ӯст.

Рафтан аз саҳна рӯзи сахти ӯст,

Ҳаст ободсози ин дарбор.

 

Вақти бозӣ паланг аз ӯ тарсад,

Шери хоҳони ҷанг аз ӯ тарсад.

Хасми пӯлодчанг аз ӯ тарсад,

Бар кафаш бӯса мезанад ночор.

 

Зинда не Золу илми ҷоду кард,

Зинда не шоҳу нӯшдору кард.

Зинда Суҳроби куштаро ӯ кард,

Ҳаст нақшофарини нотакрор.

 

Нақшаш оҳанги марги ҷосус аст,

Рахти Афросиёбу Ковус аст.

Шод аз ӯ рӯҳи шоири Тӯс аст,

Созад ӯ рози хуфтаро бедор.

 

Он ки бо номи нек муҳтоҷ аст,

Дур аз фикри сарвату боҷ аст.

Он ки дар ҳифзи шуҳрати тоҷ аст,

Хонамаш тоҷики банангу ор.

 

Нест озод, бо ғаме банд аст,

Ҳақталоше ба хонаи фанд аст.

Ҳар дами зиндагонияш панд аст,

Меканад ҷон ба пушти ин девор.

 

Не ғами сарвату зараш бошад,

Не умед аз Сикандараш бошад.

Ӯ Диогени кишвараш бошад,

Ҷӯяд инсон зи кӯчаву бозор.

 

Нақши ҷонро ба тан аз ӯ пурсед,

Ифтихори ватан аз ӯ пурсед.

Маънии зистан аз ӯ пурсед,

Ҳаст дар мулки ҳаҷри ӯ дидор.

 

Парчами боми кохи фарҳанг аст,

Парчами нанги олами нанг аст,

Созу оҳанги ӯ дигар ранг аст,

Дорад аз давлате ба худ осор…

 

Мо меҳрномаи худро бо баҳои додаи Раиси Иттифоқи ходимони театрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Чигир хотима медиҳем: "Мардуми ҷопон унвон надоранд, онҳо сарвати миллӣ доранд. Ҳошим Гадо сарвати миллии халқи тоҷик аст. Агар иҷозат диҳед, мо халқи рус Ҳошим Гадоро сарвати миллати худ низ эълон менамоем…"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved