• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

  

Юнус ЮСУФӢ


Номҳои зебо ва қадамҷои Бобур

Аз шумори пулҳои бузургу баланду зебое, ки пас аз бозсозии шоҳроҳи Душанбе то Панҷекат дар рӯдхонаи Зарафшон сохта шудааст, нахустинаш дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнист; андак ба дасти чап шаҳраки озодаю ороста бо биноҳои маъмуриву маскуниву маѓозаю мактабу дорухонаю қаҳвахонаҳо, ба дасти рост аммо роҳи дурударозу пуршебу фароз аз дили дараҳои танг ба сӯи Кӯҳистони Масчоҳ. Роҳи мо ба ҳамин сӯст ва ҳадафи сафар дидору гуфтугӯ бо мардум перомуни ворид гаштани дигаргуниҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аст, ки бо ибтикори Роҳбари давлат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Бамаврид аст ёд шавад, ки пайомади хубу чашмраси ин кор дар ҳамон чанд рӯзи пас аз ба имзо расидани қонуни мазкур, дар рӯзҳои Иди қурбон дидаву ҳис карда шуд; бори нахуст дар бисту анд сол нархи наво дар бозорҳо на ин ки боло нарафт, балки поин низ омад ва кам касеро метавонистӣ пайдо кард, ки аз ин падида хурсандӣ намекард.

 

Сафар ба Кӯҳистони Масчоҳ чандон осон нест; ниёзмандоне, ки аз ин ҷо ба Душанбею Хуҷанд ва шаҳрҳои дигар мераванд, аз маҳалли зист мошин киро мекунанд ва бо ҳамон мошин мераванду меоянд. Аммо моро дар Айнӣ марде таҳамтану кушодапешонию кушодарӯю кушодадилу кушодадаст, вале камгап Раҷабмуҳаммади Мирзо бо мошинаш, ки ту гӯӣ,  монанд ба худаш буд, пешвоз гирифт. Раҷабмуҳаммад ҳамон хомӯшу бегап, вале табассум ба лаб дар роҳи пур аз чолаву шебу фароз гоҳе сараш ба осмонаи кабина хӯрда мошин меронд ва мо, ки ҳама аҳли адаб будем (ҳатто Мирзонабии пизишк ба тахаллуси Ҳакими Гӯё шеър менависад), атрофи номи деҳаҳою кӯҳҳою дараҳо мегуфтему тахмин мезадем. Номи рустоҳо дар Айниву Масчоҳ ҳама қадимию зебоянд ва нохоста ҳуши касро ба сӯяшон мебаранд. Боре ман гуфтам дар рӯзномаҳою телевизиону радио "Мастчоҳ" мегӯянду менависанд, ки ба назарам хатост, дурусташ "Масчо ё Масчоҳ" бояд бошад. Яке аз ҳамраҳон, адиб ва рӯзноманигор Мирзо Шукурзода, ки зодаи ин ҷост, гуфт "мас" ба маънии бузург ва "чоҳ" об аст, яъне сарзамини обҳои фаровон. "Мас" дар забони паҳлавӣ "бузург" ва "меҳтар" аст мегӯяд "Фарҳанги Амид" ва чун "чоҳ" агар гӯем, бештар чоҳи обро дар назар дорем, аз ин нигоҳ шояд чунин буда бошад. Ин гуна мо ба нахустин деҳкадаи Кӯҳистони Масчоҳ Оббурдан (Оббурдон) расидем ва маро фирори Бобур аз дасти Шайбонихону ин ҷо ба сарчашмае расидану бо дареѓ қитъаи Шайх Саъдиро дар санге ҳак карданаш ба ёд омад:

Шунидам, ки Ҷамшеди

                                   фаррухсиришт,

Ба сарчашмае бар ба санге набишт:

Бар ин чашма чун мо басе

                                              дам заданд,

Бирафтанд то чашм

                                       барҳам заданд.

Гирифтем олам ба мардию зӯр,

Валекин набурдем бо худ ба гӯр…

Он сангро солҳои ҳафтоди садаи бист Аҳрор Мухторов пайдо кардаву ба Душанбе оварда буданду инак дар осорхонаи таърих маҳфуз аст. Ва бояд бигӯям, ки дар "Бобурнома" бисёр ҷойномҳо, ки бо гузашти рӯзгорону задухӯрд бо забони бегонагон захмию бадрӯ шудаанд, ба ҳамон сурати зебои нахустинашон омадаанд: Ургут-Аркат, Ҷизах-Дизак, Булунѓур-Бурунѓор ва аз ин гунаҳо.

Каҳкашони Худгифи Соя

Дар даромадгоҳи рустои Ҳадишаҳр раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва чанд тани дигар моро интизор буданд. Пас аз салому пурсупос раис ба роҳбари гурӯҳ, сардабири рӯзномаи "Минбари халқ" Бахтиёри Ҳамдам гуфт:

-Соати ду дар Меҳрон, дар маҷлисгоҳи ҳукумат ва соати шаш дар деҳаи Ревомутк бо мардум вохӯрию гуфтугӯ мешавад…

Ва аз ин дами дуруд то вопасин лаҳзаи падруд раис дигар бо мо буд; ҳамроҳ аз русто ба русто мерафтем, бо мардум дидору гуфтугӯ мекардем, ҳамроҳ ѓизо мехӯрдем ва ӯ ҳамеша пас аз ҳама сари хон меомаду пеш аз ҳама аз дар мебаромад ва ба гунае заминиву самимӣ буд рафтору гуфтору кирдораш, ки ба дил мегуфтам "кош ҳама одамҳо, ба вежа мансабдорҳо чунин буданд." Мо бо мошини "Нива" деҳа ба деҳа мегаштем, мошини раис низ "Нива" аст, дигар мошинҳоро зӯру тавони дар роҳҳои Кӯҳистони Масчоҳ гаштан нест ва агар бошад ҳам, дер намепояд. Муҳаммадҷобир Раҷабзода корро ба гунае сахт гирифта буд, ки соати ҳафти субҳ моро ба роҳ мебароварду гоҳе нимашаб ба хобгоҳ меовард, то вақти хобамон бо мо менишаст ва низ кам гап мезад, фазлфурӯшию худнамоӣ намекард. Сахтгирии раисро сабаб дурии роҳи миёни рустоҳо буд; гоҳе аз як русто то рустои дигар 60-70 километр мерафтему меомадем.

Аз рӯзи нахусти сафар дидору гуфтугӯи рустои Ревомутк сахт хушам омада буд; одамҳо пеши мактаб дар курсиҳо миёни гулзор нишаста буданд, офтоб фурӯ рафта буд ва ин нишаст фазою ҳавое дошт, ки дилро лабрези шодию фараҳ месохт, бӯе аз кадом рухдоди ширини дурро ба ёди ҷону тан меандохт. Болои сари ман низ як шохаи гул овезон буд, ҳангоми ҷунбиш ба рӯям мезад, бӯяш ба машомам меомад ва табассум гирди лабам менишаст. Рӯзҳои сафар мушоҳида кардам рӯи ҳавлиҳою саҳни мактабу бемористону роҳравҳо дар Кӯҳистони Масчоҳ пур аз гуланд. Шигифтангез бароям ин буд, ки медидам дар ҳотаҳо канори сабзиҷоту полезиҳо ҳам гул коридаанд ва гоҳе гули ҳотаҳо ба гунае зиёд буданд, ки меангоштӣ ҷои картошкаю пиёзу сабзӣ гул коридаанд.

Сокинони Кӯҳистони Масчоҳ ҳама кушодарӯю кушодадиланд, пас аз дидору гуфтугӯҳо мекӯшанд дастатонро фишоранд, дар оѓӯшатон бигиранд; пиндор дӯстони ҷонианд, ки аз дер чашмбароҳатон будаанд. Ва низ хеле фаъоланд, пайдост, ки баночор наомадаанд, донистану фаҳмидан мехоҳанд. Ҳамин гуна як нишасти ёдмон дар боѓи рустои Табушн барпо гардид. Аз миён ҷӯй мегузашт, шилдироси маҳину дилнавози об ба гӯш мезад, дасти чап майдони боқило буд, насиме нарму сабук аз сӯи Зарафшон меомад. Гуфтанист, ки боқило аз лӯбиёиҳои камёфт ва бисёр муфид аст, ки дар Кӯҳистони Масчоҳ парвариш мешавад. Мардуми ҳушёру кунҷкоби ин ҷо беш аз дигар рустоҳо моро ба гуфтугӯ мекашиданд ва шигифтангез он буд, ки занҳо низ пурсу посух мекарданд. Бибизуҳрои Саидбоқӣ, ки аз кадбонуҳои фаъол будааст, гуфт бисёре аз он дигаргуниҳои ба қонун иловагардида дар Кӯҳистони Масчоҳ кайҳост ҷорист. Ваъда медиҳам мавридҳои дигаре оид ба сури арӯсиро, ки қонуни нав манъ кардааст, худам аз миён мебарам...

Дар ҳама дидору гуфтугӯҳо мардум мегуфтанд танзим дар ноҳияи мо аз қадим побарҷо буд, даҳ сол аст, ки ба ҳукми қонун даромад ва инак чизҳои наве ба он илова шуд ва кори моро боз ҳам сабук кард.  

Ҳангоми сафар ба ноҳияҳои кишвар ҳамеша бо ҷавонмардоне дучор омадаам, ки самимияту садоқаташон беш аз дигарон аст, вале агар гӯям, ки дар Кӯҳистони Масчоҳ ҳама мардон ин сифатро доранд, дурӯѓ набошад. Як тан аз чунин мардони нексиришт Муҳаммадшариф Одиназодаи пизишк аз соати ба Ҳадишаҳр расиданамон бо "Нива"-аш ба мо хидмат мекард. Ҳамин "Нива"-и Муҳаммадшариф роҳҳои харобу дарози миёни деҳаҳоро сипардаву моро ба назди мардум мерасонид ва шабҳангом ба ҳобҷоямон бармегардонид. Дар бештари ҷоҳо роҳ аз камари кӯҳҳо мегузарад ва дар поин, ки партгоҳи тарсбор аст, Зарафшон ҷорист. Муҳаммадшариф, пиндор аз шоҳроҳи мумфарш мерафта бошад, башаст мошин меронад ва гаҳгоҳе барои ба чолае назадан ё ба санге барнахӯрдан ба гунае  хатарнок канори раҳ мебарояд, ки меангорӣ ҳамин инак "Нива" ба Зарафшон сарозер мешавад. Дар ин гуна лаҳзаҳо кадоме аз мо ӯро ҳушдор медиҳад, вай бепарво мегӯяд:

-Натарсед, бобо, ман ин роҳҳоя хуб медонам.

Ва "Нива" ҳамон ба чапу рост тоб хӯрдаву башаст пеш меравад.

Боре гирди хон сухан аз харобии роҳҳои Кӯҳистони Масчоҳ рафт, раиси ноҳия Раҷабзода гуфт, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба ин ҷо гуфта буданд, ки мушкили роҳатонро медонем ва нақшаи ҳалашро низ дар даст дорем, фурсат, ки расид, ба кор сар мекунем.

Рӯзи аввал шоми дер ба рустои Худгифи Соя хонаи Муҳаммадшариф омадем. Ба гуфти бошандагонаш Худгифи Соя аз рустоҳои камоб аст, ба вежа дар солҳои камборон киштзорону боѓу полезҳо беоб мемонанд, арчанд аз ҳар дараи Кӯҳистони Масчоҳ як осиё об берун меояд ва гоҳе рӯдаке шӯхоб ҷорӣ мешавад. Маврид аст бигӯям, ки Зарафшон оѓоз аз Кӯҳистони Масчоҳ то Айниву Панҷекат бештар аз жарфно меравад, заминҳои каронаҳояш аз оби зарфишонаш баҳра намебарад, танҳо дар Самарқанд ба ҳамворӣ мебарояд ва даштҳои паҳноварро ба гулистон бадал месозад...

Аммо он шаб кӯрпаю болиштҳои оҳарии Муҳаммадшариф бӯйи хуши матои нав мекард ва ман пеш аз он, ки болохона барояму роҳат даруни кӯрпа дароям, паси бом гузаштам ва то хаста шудани чашмҳоям тарокуми ҳаяҷонбарангези ситораҳою шохаи "пургули" Каҳкашонро тамошо кардам. Шукӯҳу зебоии асиркунандаю шодизои осмони шабонаи тобистонро танҳо дар куҳистон метавон дид, осмони тираю гардолуд ва нури занандаи чароѓони шаҳрин шукӯҳу зебоиро аз миён мебаранд, шояд барои ҳамин аст, ки бошандагони шаҳр бештар хашину хушку асабонию осемаанд.

 Дашти Сабаѓ ва Чашмаи Лоиқ

Ҳангоме ки рӯ ба Кӯҳистони Масчоҳ меоред, мегумонед дараест тангу пурсанг, ки ба андозаи кафи даст замини ҳамвор надорад. Аммо чанде ба сӯи офтобгард пеш рафтан гиред, кӯҳҳо гӯё барои тарсу бимро аз дилатон баровардан, аз каронаҳои Зарафшон ба дуртару дуртар мераванд, дара фарохтар мешаваду ҳамворӣ бештар ба чашм мерасад ва дили кас лабрези шодию фараҳ мегардад.Вале ҳангоме ки ба Дашти Сабаѓ мерасед ва соҳату вусъаташро дар дили кӯҳҳои сарбафалак мебинед, ованди тан оганда аз эҳсосоти ширин мегардад ва ин дарёфта ҷаҳони ботини касро то ба бекарон фарох мекунад. Дашти Сабаѓ ба 12 килорметр дарозию 400 ҳектор паҳноӣ ҳама сарсабзу шодоб асту гуна-гуна киштукор шудааст. Аз Сабаѓи пурпаҳно, ки гузаштед, ба рустои Ярм мерасед.

Деҳкадаи Ярм миёни меҳмонон, ба вежа адибону олимон бо мавзеъи Чашмаи Лоиқаш, ки дар гузаштаҳо Чашмахона ном доштааст, овоза дорад. Он рӯз мо ба рустои Худгифи Боло мерафтем ва аз он ҷо гузаштанамонро Муҳаммадшариф пештар гӯшзад карда буд. Ҳангоми аз русто ба русто омадан мошини раис ҳамеша аз пеш мерафт ва барвақттар аз мо ба ҷои дидору гуфтугӯ меомад. Ин навбат дидем ӯ сари роҳ, канори воҳае сабз бо ҳамраҳонаш назди лавҳе истода гуфтугӯ мекунад. Рӯи санги мармар акси устод Лоиқ ва поинаш як пора шеъри устод Гулназар ҳак шуда буд. Таърифи ин ҷою корҳои Муҳаммадраҷаби шарикдарсу дӯсти ҷонии устод Лоиқро борҳо шунида будам ва андак шикастадил шудам, зеро дидани чизе беш аз инро чашм доштам. Дар нишебии дасти рост боѓе ба чашм мезад, раис ба ҷавонмарди тануманду сурхрӯю кушодапешонӣ, ки дарк мешуд нигаҳбони ин ҷо буд, ишорате кард ва ҳама рӯболо шудем. Ин ҷавонмард аз картошкапарварони тардасти деҳаи Ярм Мансури Шариф будааст, хоҷагии деҳқонӣ дорад, ѓунучини ҳосил сар шудааст, мегӯяд аз ҳар ҳектор 60 тоннаӣ картошка мегирад. Мансур моро ба хонааш даровард, ҳавлиаш ҳота надорад, вале тозаву озода аст ва дар паҳлуи дараш як доман гул парваридааст.

Аммо он соат Мансур аз пешу мо аз пас боѓу ҳулбӯзорро гузашта ба сарчашма расидем. Ин ҷо аз дили замин чашма ҷӯш мезанад ва канораш бар фарози пояи баланд сардиси зарандуди устод Лоиқ устувор аст. Аз чашма ба боло кӯҳ асту поин боѓ, дар сарҳади ин ду нимпайкараи шоир устувор. Ба назарам чунин омад, ки ҳайкал фазои боѓу чашмаро мармузу ҳузнангез месохт. Гуфтанд дар оѓоз он ба гунаи дигар будааст, инро ки инак ҳаст, Муҳаммадраҷаб аз нав фармудаву ба наздикӣ овардаву гузоштааст. Аз чашмае, ки аз пояи ҳайкали устод ҷорист, як каф об нӯшидем; обе буд сарду ширин.

Он рӯз бунёнгузори ин воҳаи розомезу зебо Муҳаммадраҷаб Шарифзода набуд, вале ман ҳузурашро дармеёфтам, меҳру дӯстдориву садоқаташ ба адабиёту фарҳангро ҳис мекардам. Дар дурдасти дили кӯҳистон устувор кардани ҳайкали шоир рамзист; нишонест аз арҷгузорӣ ба адабиёти бузург ва фарҳанги бемонанди тоҷик. Чунин корро оне метавонад кунад, ки худ соҳиби фарҳангу маданияти баланд аст. Дӯсти рӯзноманигорам Шоҳмирзои Хоҷазод гуфт, Муҳаммадраҷаб танҳо ба дӯсту ҳамсолу ҳамдарсаш устод Лоиқ нимпайкара нагзоштааст, вай мухлису дӯстдори ҳама бузургони илму адаби тоҷик аст, ба наздикӣ дар саҳни мактаби рустои Ланглиф нимпайкараи Шайх Камолро устувор кард.

Муҳаммадраҷаб Шарифзода, марди бавиҷдону заҳматкашу ҳалолу ҳақпараст,ҳар ҷо ки будаасту ҳар коре кардааст, бар пояи виҷдону имон будааст. Дар корҳои ҳизб ҳам будаасту бори мудирии совхозу раисии колхозро низ ба дӯш доштааст ва хоҷагиҳои муфлису афтодаро ба сарватманду овозадор табдил додааст. Аз ин рӯст, ки ҳамдиёронаш ҳама ҷо номашро бо ихлосу эҳтиром ба забон меоранд.

Дар Кӯҳистони Масчоҳ ва рустои Ярми зодгоҳи Муҳаммадраҷаб низ регкӯҳҳо ба чашм мерасанд. Дар Ярм, дуртар аз манзили Мансур аз дили чунин як кӯҳ нақб мегузарад, ки шигифтангез ба назар мерасад. Мансур гуфт онро мардуми русто барои наздику осон кардани роҳ кандаанд, аммо маълум нест дар кадом аср. Дарозии нақб 35-40 метр будаасту имрӯз низ истифода мешудааст ва бошандагони русто соле як бор тозааш мекардаанд.

Седодарон

Аз вопасин дидор бо мардум дар деҳаи Худгифи Боло  бар асари дарозии роҳ говгум бармегаштем ва сахт хаставу шикаста будем. Муҳаммадшарифро як даст ба фармони мошину дасти дигар ба телефон буд ва ин кори ӯ дар роҳҳои хатарнок бештар моро нигарон мекард. Боре хабар дод, ки дар Мадрушкат бобои Нормуҳаммад интизорамон аст. Ман ба шӯр омадам ва гуфтам аз мошин намефуроям. Мадрушкат аз рустоҳои ободи Кӯҳистони Масчоҳ аст, дар даврони шӯравӣ маркази ноҳия будааст, кӯчаҳои чароѓону биноҳои инзамонӣ дорад, ба шаҳрак мемонад. Вақте ба Мадрушкат расидем, ки шаб фаро расида буд, назди бинои маѓозаи бузург нафаре чанд даст пеши бар истода буданд. Ман ҳамон ошуфтадил ба оне, ки назди мошин омад, "як пиёла чойи маҷбурӣ хуб нест" гуфтам; Бахтиёр низ хоҳиши "чойхӯрӣ" надошт. Мард табассум ба лаб "вақтатона зиёд намегирем" гуфт ва чун дидем раис аз мошин фуромад, ночор пиёда шудем. Ин дам пирмарде чобуку кушодарӯ бапайдо омад, "пеши потон мурам" гӯён ҳамаро як-як дар оѓӯш овард, сипас даст ба дуо бардошт ва дуояш ҳама шеър буд; вазъ ба якбора дигаргуна гашт, хастагӣ рафт.

Пирмарди меҳрубону сухандону шеърдӯст бобои Нормуҳаммад, аз даҳмардаҳои номдори даврони шӯравӣ будааст, ки дар 17-солагӣ бо роҳхати комсомол ба Данѓара сари моли колхоз рафтаву солҳои дароз чӯпонӣ кардааст ва роҳу равиши парвариши гӯспанди мериносро дар Кӯҳистони Масчоҳ бунёд гузоштааст. Баромадҷои ин гӯспанди маҳинпашму хушгӯшт Қафқозу Қазоқистон будааст ва то 6-8 кило пашм медодааст. Бобои Нормуҳаммад қисса кард, ки даврони чӯпониаш аз сад сар гӯспанд 92 ва гоҳе аз ин беш бара мегирифтааст. Аз соли 1962 то соли 1988 сарчӯпон будааст, бо медалҳои "Меҳнати шоён", "Меҳнати коммунистӣ", ордени "Револютсияи Октябр" сарфароз гаштааст. Аз Ҳофизу Мавлоною Ҳилолию Камолу Туѓрал анбон-анбон ѓазал медонад ва ба ҳавои Шашмақом мехонад.

Дар миёни суҳбат кадоме гуфт, бобои Нормуҳаммад якто аз ҳамон рубоиҳои масчоҳӣ шавад. Мӯсапед табақчаро ба даст гирифт, чашмонашро пӯшид:

Ёрам ба Тагобу ман ба дил нолунам,

Ёр гандуми сабзу ман нами борунам.

                          ***

Сабзина занак, ки ман

                                  ятимат бошам,

Ту гандуми сабзу ман

                                     заминат бошам.

                              ***

Ман ёрама мебарам ба худ

                                            дар Танаҷӯ,

Соѓу ба сараш остин

                                    таранги ҳулбӯ.

Мусаш мегӯм, мегӯд ту бачи берӯ…

Ин ҷо бобои Нормуҳаммад шояд шарм медорад, ки давоми рубоиро намехонад, табақчаро рӯи хон мемонад, аз омадани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯҳистони Масчоҳ гап мекушояд ва бо эҳтирому эҳсос аз сурудхониашу дидору гуфтугӯҳош қисса мекунад. Онҳо-се бародарон Нормуҳаммад, Абдуфарҳод ва Азизхоҷа аз овозхонҳои овозадори Кӯҳистони Масчоҳанд, сабки вежаи худро доранд, ки аз сарчашмаи фарҳангу ҳунари мардуми кӯҳистон об мехурад. Ба вежа овози махмалини бобои Нормуҳаммад дили шунавандаро тасхир мекунад ва гумоне овозхонии шодравон Ҳусейни Насриддинро ба ёд меоварад. Як дам пас ҷавонаке сози тор дар даст ба хона даромад ва Абдуфарҳоду Азизхоҷа низ ба навбат суруд хонданд. Ҳангоме ки мо оҳанги хестан кардем, бобои Нормуҳаммад ду даст рӯи сина монд:

-Пеши потон мурам, як шаб дар хонаи мо хоб равед…

Дидем, ки каме агар дер кунем, бобо намемонад аз дар бароем, зуд бархестем ва ӯ дили нохоҳам ҳамон гуна бо шеър фотиҳаи роҳи сапед дод.

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved