• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Вақте ки дар хонадони Раҳмон Шариф  5-уми октябри соли 1952 писари сеюмашон таваллуд шуд, шодиву нишоти коргари совхоз ҳадду канор надошт. Худованд ба ӯ боз як дастёр бахшид. Ба ин муносибат сарвари хона хони зиёфат кушод ва аз Данѓараву атрофаш хешону дӯстонро даъват намуд. Албатта, барои барпо кардани ин маърака каму беш қарздор ҳам шуд. Обмон аз совхоз пули ночиз мегирифт ва  завҷааш, чуноне ки дар Шарқ маълум аст, машѓули кори хонаву тарбияти фарзандон буд.

 

Солҳои аввали баъди издивоҷ онҳо фарзанд надоштанд. Аммо Майрам   бо майлу раѓбат кӯдакони хешу наздиконро, ки чун дар ҳама оилаҳои тоҷикон дар хонадони Раҳмоновҳо кам набуданд, ба тарбият мегирифт. Ва ҳангоме худашон фарзанддор шуданд, Майрам боз ҳам бо иштиёқ тарбияти кӯдакони хешро идома дод. Аслан вай ҳеҷ гоҳ байни тифлони худу бегона фарқ намегузошт. Магар кӯдакон бегона мешаванд?

Ба писари сеюм Эмомалӣ ном ниҳоданд.

Айёми кӯдакӣ мушкилоташон кам набуд. Бале, он давронро магар бо тамоми маъно метавон кӯдакӣ номид? Бармаҳал лозим шуд, ки ба кору бори волидайн дар хоҷагӣ мадад расонад. Падар аз сари субҳ то шом дар совхоз заҳмат мекашид, модар саргарми ташвишҳои хона. Гову молро саришта менамуд. Ҳам   аз пайи чидану овардани ҳезум бояд шитофт. Бале, магар кору ташвиши хонадони деҳқон кам аст?

Падари Президент Раҳмон Шариф дар мушкилтарин даврон - соли 1992, андаке пеш аз он, ки писараш Эмомалӣ Сардори давлат шуд, аз олам чашм пӯшид. Бемории вазнин тақрибан даҳ сол азобаш дод. Падар махсусан пеш аз марг худро хеле бад ҳис мекард. Ва Эмомалӣ Раҳмон, ки қариб рӯзу шаб побанди кор буд, боз илоҷе ёфта сари қадам ба хона даромада, аз ҳоли падар воқиф мешуд. Вазъи саломатии ӯ бадтар мегардид. Шояд падар лаҳзаҳои вопасини умрашро ҳис карда зимни чунин як аёдат ба Эмомалӣ дуои хайр дод. Ин дидор ва вохӯрии охирини падар буд.

Фотеҳаи шахси калонсол, махсусан падар, барои тоҷикон муқаддас шуморида мешавад. Эҳтимол маҳз фотеҳаи охирини Раҳмон Шариф мадад расонд, ки писари ӯ аз имтиҳонҳои сангине, ки солҳои минбаъда рӯ ба рӯ омад, бигзарад? Лекин падар ба писар чӣ гуфт, танҳо худи Эмомалӣ медонад ва мо лозим надонистем инро аз ӯ бипурсем.

Баъдтар, дар соли 1995 Президент ба аёдати нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуѓзода ба хонаи ӯ ба Маскав рафт ва ба писари эшон муроҷиаткунон гуфт:

- Зариф, ба ту мушкил аст. Аммо бояд ту ба падари бемору нотавон хидмат бикунӣ. Ман ҳолати туро наѓз мефаҳмам. Даҳ сари сол падари ман низ ҳамин хел бистарӣ буд...

 

 

ҚУЛЛАИ СОМОНӢ

 

Субҳ барномаи мо таѓйир ёфт, - ба ҷойи ба Душанбе баргаштан Президент қарор дод, ки ба маркази ноҳияи Ҷиргатол, ки наздик аст, биравем.

Лек ният кард, ки аввал як сари қадам кони ангиштро аз назар гузаронад. Бале, маҳз он ҷо дар баландии тақрибан чор ҳазор метр аз сатҳи баҳр, дар Осиёи Миёна бузургтарин кон, кони ангиштсанги Назарайлоқ ҷой дорад.

Зуд ба он ҷо расидем - аз Ҳоит то кони ангиштсанг 54 километр масофа аст. Дар водӣ, сарфи назар аз субҳгоҳон аллакай гарм буд. Аммо ин ҷо одамон сару либоси зимистона пӯшида буданд. Чӣ ҷойи тааҷҷуб: чархболи мо болои барф нишаст.

Кон  воқеан аз кӯҳи ангиштсанг иборат мебошад. Ангиштро озод аз рӯйи замин бо экскваторҳо канда, ба мошинҳо бор мекунанд. Ягона норасоӣ набудани роҳи дуруст ба шумор меояд. Аз ин ҷиҳат истифодаи кон бо суръати суст пеш меравад. Алҳол, ин ҷо танҳо бисту чор кас доимӣ кор мекунанд. Роҳи хуб лозим аст, ки имкони ба воситаи мошинҳои пуриқтидор ба водиҳо кашондани ангиштсанг пайдо шавад. Албатта, аз рӯйи мақсади олӣ лозим аст, ки ин манбаи гаронбаҳоро ба вагонҳо бор карда, ба ҷойи даркорӣ фиристанд. Аммо ин, дар нақшаи оянда аст. Мутаассифона, ояндаи наздик ҳам не.

Алҳол ангиштсанг барои гарм кардани хонаҳои сокинони таҳҷоӣ, мактабу табобатхонаҳо ва дигар муассисаҳо фиристода мешавад. Лек ангишти Назарайлоқ аллакай дар оташдонҳои заводи арзизи Тоҷикистон аз санҷиш мегузарад. Агар сифати он ба металлургҳо хуш ояд, коркарди ояндаи кон бо маблаѓ таъмин хоҳад шуд.

Умуман Тоҷикистон ганҷинаи табиат аст. Ин ҷо тамоми унсурҳои ҷадвали Менделеев вуҷуд дорад, - боз кӯҳ - кӯҳ. Мисол кӯҳи Хоҷа Муъмин яклухт кони намаки ошист. Ва намакаш ончунон фаровон аст, ки агар онро ба рӯйи замин паҳн бикунед, намаки тоҷик болои тамоми кураи арз ва баҳру уқёнусҳоро мисли барф бо қабати 10 сантиметрӣ рӯпӯш мекунад.

Ҳоло зиёда аз 400 кони гуногуни маъданҳои фоиданок кашф ва таҳқиқ шудаанд, ки онҳо аз конҳои сӯзишворию энергетикӣ, ашёи хоми маъодини кӯҳӣ, маводи аввалия барои саноати кимиёӣ, масолеҳи сохтмон cap карда то металҳои нодири ранга иборатанд. Аз рӯйи захираҳои мис, нуқра, тилло, сурб, рӯҳ, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг, обҳои минералӣ Тоҷикистон дар олам яке аз ҷойҳои намоёнро ишѓол менамояд.

Дуруст аст, ки бисёре аз ин сарватҳои табиат дар синаи кӯҳҳо, ҷойҳои мушкилгузар ҷойгиранд, ки ин ба коркарди саноатии онҳо халал мерасонад. Бо вуҷуди ин, алҳол зиёда аз сад кон дар истифода аст.

Суҳбат дар сари кон кӯтоҳ гузашт, Президент чизҳои муҳимеро, ки барои худаш лозим буд, муайян кард ва мо сафарро идома додем.

Дар чархбол баногоҳ Президент моро ба кабинаи сарнишинон даъват кард.

-Ҳоло мо аз назди қуллаи Сомонӣ мегузарем. Шумо хоҳиш кардед, ки нишон диҳам, - садои муҳаррикҳоро пахшкунон гуфт ӯ.

Дастгоҳҳои аккосиро мегирем, - чунки ҷойи комилан муъҷизавианд.

Қуллаи Сомонӣ - ин собиқ қуллаи Коммунизм, баландтарин қулла дар Иттиҳоди Шӯравӣ, аз сатҳи баҳр 7495 метр баланд мебошад. Ин ибодатгоҳи кӯҳнавардони шӯравӣ соли 1999, вақте ки ҷумҳурӣ 1100-солагии давлатдории Сомониёнро ҷашн гирифт, аз нав номгузорӣ шуд. Вале таѓйири ном албатта ба қувваи кашиши ҷозибаи қулла таъсир нарасонд. Ва он имрӯз ҳам диққати кӯҳнавардонро аз саросари дунё, аз ҷумла аз Русия низ ба худ ҷалб мекунад.

Бояд гуфт, ки  дар Тоҷикистон қуллаҳои ҳархела беҳисобанд: ҳам барои кӯҳнавардони навомӯз, ҳам барои кӯҳнавардони соҳибтаҷриба интихоби қулла фаровон мебошад. Ва ҳоҷат надорад, ки ту кӯҳгард бошӣ, то моҳияти ин неъмати табиии мамлакатро бифаҳмӣ, -  танҳо аз болои чархбол ба вусъати беҳудуди қуллаҳо нигаристан бас аст. Ва барои ҳамин мамлакати тозабунёд дар навсозиҳои худ метавонад акнун бештар ба инкишофи туризми байналхалқӣ ва кӯҳнавардӣ диққат диҳад.

Эмомалӣ Шарифович дарҳол қуллаи барфпӯши дуреро нишон дода, хитоб мекунад:

-Ана он Сомонист!

Дар қатори кӯҳҳои барфпӯши бешумор, ки аз нурҳои офтоби саҳар медурахшанд, -  ин ҷо ба кадом самте нигарӣ, кӯҳҳои аз барф симгун ба чашм мерасанд! -  яке аз қуллаҳои бузургтарини дунё ба назар чандон пуршукӯҳ наметобад. Аз чархбол гумон мекунӣ, ки дигар қуллаҳо аз он баландтар ҳастанд.

-Не, онҳо наздиканд, -  шарҳ медиҳад яке аз сарнишинон. -  Лек мо дигар дур намеравем, бе ин ҳам хати парвозро каҷ кардем.

Ва танҳо вақте қуллаи Сомонӣ дар паси дигар қуллаҳо ниҳон гардид, мо шукӯҳу шаҳомат ва аҳаммияти манзараеро, ки акнун дида будем, дарк кардем.

Президент ба қуллаҳо, ки аз ин ҷо аз болои чархбол фатҳи онҳо назарфиребона осон менамуд, хомӯшона менигарист...

 

Тарҷумаи Абдулҳамид Самад

 

Аз китоби В. Сухомлинов, Г. Шалаев "Роҳ ба сӯйи созиш"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved