• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Муқаддима:

САРЧАШМАИ МУЪТАБАР

Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» дар баробари анҷоми вазифаи асосии худ, ки нашри осори арзишманди адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ба манбаи муътабар ва сарчашмаи пурфайзи маърифатию пажӯҳишӣ табдил шудааст. 
Бисѐре аз муҳаққиқон дар тавсифи ин маҷалла ибораи «Солномаи адабу фарҳанги Тоҷикистон»-ро ба кор бурдаанд. Дар ин таъбир аслан муболиғае ва такаллуфе нест, зеро ин Нашрияи 90-сола, ки бо чопи нахустин шумораи худ ба унвони «Дониш-биниш» («Раҳбари дониш») дар соли 1927 ҳадафи худро иборат аз табъу нашри асарҳои асили адабиѐти миллӣ ва ҷаҳонӣ ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои таърихию маърифатӣ эълом намудааст, то имрӯз ба идомаи ин рисолати бомуваффақият талош намудааст. 



Дар натиҷа ҳамаи маводи чопшуда дар «Садои Шарқ» дар муддати солиёни зиёд ба шарофати интихоби масъулиятшиносона ва таҳриру такмили мутахассисонаи осори интишорӣ эътибори манбаъ ва сарчашмаи илмию пажӯҳиширо доро гардидаанд. 
Натанҳо муҳаққиқони ватанӣ, балки донишмандон, ховаршиносон ва умуман аҳли мутолиаи кишварҳои хориҷӣ низ ба маводи интишорӣ дар ин нашрия эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла ховаршиносони маъруф Ян Рипка ва Иржи Бечка хонандагону муаллифони доимии ин маҷалла буда, дар таҳқиқоти худ аз он истифодаи фаровон намудаанд. Мудир ва сардабири маҷаллаи маъруфи «Бухоро» (Эрон) Алии Деҳбошӣ менависад: «Имрӯз касеро намеѐбем, ки бихоҳад дар бораи таъриху фарҳанги Тоҷикистон ҳатто мақолае бинависад ва бениѐз аз давраи маҷаллаи «Садои Шарқ» бошад». 
Нашрияи миллии «Садои Шарқ» дар остонаи ҷашни 90-солагии нашрия тасмим гирифт, ки дар ҳудуди имконоти мавҷуд, ин кори заруриро идома бидиҳад. Бо ин ният дар навбати аввал феҳристи 12 соли ахири маҷалла (солҳои 2006-2017) таҳия ва ба чоп омода гардид. 
Дастрасӣ ба ин кор пеш аз ҳама ба шарофати ҳифзи матнҳои электронии маҷалла дар тамоми ин солҳо муяссар шуд. 
Қобили қайд аст, ки ҳозир ва дастрас будани ҳам феҳрист ва ҳам матнҳои комили маҷалла дар баробари нусхаҳои коғазӣ ба сурати электронӣ истифодаи ин маводро ба маротиб осон мегардонад. Ҳар нафар муроҷиаткунанда метавонад аз бойгонии электронии идораи маҷалла маводи заруриро дархост намояд. 
Зимни таҳия ҳам ба сабаби тангии фурсат ва ҳам ба мулоҳизаи он ки маводи ин феҳрист чандон зиѐд нест ва сурати электронӣ низ пайдо кардани муаллиф ва маводро осон месозад, феҳрист ба тартиби замонӣ – ҳарсола ва бахшҳо (рубрикаҳо), яъне ба ҳамон сурате, ки ҳар сол дар ахири шумораи 12 ҷой дода мешавад, танзим гардид. 
Танҳо баъзе таҳрироти ҷузъӣ, аз ҷумла ҳазфи баъзе сарбахшҳо (рубрикаҳо), ки моҳиятан такрори якдигарӣ мебошанд, лозим дониста шуд. 
Ҳайати кормандони «Садои Шарқ» умед доранд, ки дар оянда битавонанд, қисмати феҳристнигорӣ нашудаи маҷалларо низ вориди феҳрист намоянд. Дар анҷоми ин кори муҳим аз раҳнамоии ҳаводорони маҷалла ва мутахассисон сипосгузор хоҳем буд.

Нусхаи электронии Феҳристи мазкур низ дар нишасти илмию адабӣ ба муносибати 90-солагии "Садои Шарқ" рӯзи 25-12-17, соати 14 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон ба ҳамаи ҳаводорон пешкаш мегардад. 

Феҳристи маҷаллаи "Садои шарқ"  

                                          

 

 

РУСТАМ ВАҲҲОБ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved