Дар Вазорати фарҳанг бо иштироки масъулон ва адибону донишмандон озмуни ҷумҳуриявии "Китоби сол - 2017" ҷамъбаст гардид. Ба озмуни мазкур китобҳои бадеию илмии адибону пажўҳишгарон, ки соли 2017 таълиф ва нашр шудаанд, пешниҳод гардиданд. Ҳайати тадорукот баъди таҳлилу баррасӣ ғолибони озмунро муайян ва бо мукофоти махсус сарфароз намуд.
Дар бахши назм "Замзама"-и Раҳмат Назрӣ, "366 ғазал"-и Муҳаммад Ғоиб, "Борони сабз"-и Сайидалӣ Маъмур, дар бахши наср "Андозчини рўзадор"-и Ато Мирхоҷа, "Даъват"-и Тоҳири Муҳаммадризо, "Зоопарк"-и Абдуғаффори Абдуҷаббор, дар бахши назми бачагона "Турнаҳо"-и Назрулло Тиллозода, "Пайроҳаи мурод"-и Муслиҳиддин Маҳмадалӣ, "Чашмаи дил"-и Рабоат Худойдодова, дар бахши насри бачагона "Афсонаи товус"-и Гулчеҳра Муҳаммадиева, дар бахши таҳқиқу пажўҳиш рисолаи "Шеър ва дониш"-и Рустам Ваҳҳобзода ва "Маромгўи ваҳдат ва истиқлолият"-и Қурбон Восеъ ғолиби озмуни "Китоби сол - 2017" дониста шуданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни "Китоби сол" ҳамасола гузаронида мешавад ва китобҳои сазовору арзишманд ва тозанашри адибону донишмандон қадрдонӣ мешаванд.
Copyright © 2017. All rights Reserved