• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

-Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 басо муҳим аст. Зеро рушди соҳаи сайёҳӣ аз чанд ҷиҳат афзалиятҳо дорад. Якум, таърих, фарҳанг, урфу одат, маконҳои таърихӣ, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро ба хориҷиён муаррифӣ мекунад. Дуюм, ҷойҳои нави корӣ муҳайё  ва сатҳи некуаҳволии мардумамон беҳтар мегардад.

Албатта, ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шуд ва боз корҳои дигар дар пешанд. Тавре Президенти кишварамон дар Паёми имсолаи хеш иброз доштанд: "Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст".

 

Илова бар ин, дар Паём зикр гардид, ки бо қарори Хукумати кишвар масъалаи муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ аз се рӯз то даҳ рӯзи корӣ дароз карда мешавад. Ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои хизматрасониро лозим аст, ки барои ҷалби сайёҳон ва будубошу маишат ва саёҳати хуши онҳо инфрасохтори муосир бунёд кунанд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Воқеан, имрӯз кишварҳои зиёд барои ҷалби сайёҳон ҷаҳду талош доранд, зеро ин соҳа ҳам ба давлат ва ҳам ба шаҳрвандон аз бисёр ҷиҳат фоидаовар аст. Чандин кишварҳое ҳастанд, ки қисми асосии даромади буҷети давлаташонро даромад аз соҳаи сайёҳӣ ташкил медиҳад. Аммо онҳо танҳо ба умеди омадани сайёҳони хориҷӣ нашуда, бештар ба туризми дохилӣ, яъне ҷалби шаҳрвандони хеш барои саёҳат дар дохили кишвар ҷидду ҷаҳд мекунанд, ки аз он низ фоидаи хуб ба даст овардан мумкин аст.

Ёд  дорам, ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) мо, донишҷӯён, натанҳо чандин шаҳрҳои Русия, балки Эрмитажу дигар осорхонаҳо, хона-музейи ашхоси таърихӣ, ҷойҳои муқаддас ва дигар макони шоёни диққати Ленинградро тавассути ширкатҳои сайёҳӣ тамошо карда будем. Дар маркази шаҳри Ленинград (Дворцовая площадь) автобусҳо меистоданд ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ бо баландгӯякҳо меҳмонон ва сокинони шаҳрро ба саёҳат даъват мекарданд. Ин навъи саёҳат аз он ҷиҳат хуб аст, ки барандаи экскурсия батафсил дар бораи ҷойҳои тамошобоби шаҳр ба сайёҳон қисса мекунад.

Аммо дар кишвари мо ин намуди саёҳат умуман вуҷуд надорад, ҳол он ки бисёр нафарон метавонистанд тавассути он бо ҷойҳои таърихии кишварамон аз қабили Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, ёдгориҳои Саразми куҳан, Чилучорчашма, Чилдухтарон, Искандаркӯл, баҳри Норак ва ҳоказо шинос гарданд. Метавон дар пойтахтамон низ чунин саёҳатро ташкил дод ва хоҳишмандонро бо Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллӣ, Боғи Ирам, Китобхонаи миллӣ, Хона-музейи устод Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Гурминҷ Завқибеков, Зиёдулло Шаҳидӣ, Наврӯзгоҳи пойтахт, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳоказо шинос кард. Зеро ҳар рӯз садҳо нафар одамон аз ноҳияҳои дурдаст ва хориҷи кишвар ба тамошои пойтахт меоянд ва метавонанд аз ин намуди хизматрасонӣ истифода кунанд.

Барои омӯхтани ин соҳа мо метавонем дур нарафта, таҷрибаи ҳамсояҳоямон - ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро биомӯзем. Албатта, аввали ҳар кор душвор аст, аммо онро оғоз кардан лозим. Ман бисёр нафарон ва коллективҳоро медонам, ки худашон барои тамошо мошин киро карда ба ин ё он шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон мераванд. Агар ширкатҳои сайёҳӣ ин корро ба роҳ монанд, шаҳрвандон метавонанд бо харҷи кам саёҳаташонро анҷом диҳанд. Ин намуди саёҳатро метавон бо микроавтобус, автобус ва ҳатто дар самти ҷануб бо қатора анҷом дод. Барои ин ширкатҳоро лозим аст, ки дар ихтиёри худ автобусҳои бароҳату барои сайру саёҳат муҷаҳҳаз, роҳбаладҳои кордидаи аз маконҳои таърихии кишварамон ва ё  ҷойҳои тамошобоби он хуб огоҳ, дошта бошанд. Метавон чунин саёҳатро аввал дар як моҳ ё ҳафтае як бор ташкил кард, то мардум ба он одат кунанд. Барои ин дар пойтахт бояд ҷойеро интихоб кард, ки серодам асту сайёҳон зиёд мераванд ва имконияти барои автобусҳо истгоҳ ташкил кардан дошта бошад. Баъд таблиғоти саёҳатро ба воситаи шабакаи Интернет, радиою телевизион ва рӯзномаю афишаҳо ба роҳ мондан даркор.

Шояд дар аввал ба назари дастандаркорон ин кор душвор ва камдаромад намояд, аммо агар онҳо оҳиста-оҳиста мардумро ба ин навъи саёҳат одат кунонанд, он рӯз дур нест, ки саёҳати дохилӣ дар ҷумҳуриамон тарафдорони зиёд меёбаду рушд мекунад.

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved