• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Шумо перомуни масъалаҳои гуногуни адабиёт, забон ва фарҳанг рисолаву мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ таълиф намуда, роҷеъ ба осор ва аҳволи адибони даврони мухталиф таҳқиқоти боарзиш анҷом додаед. Асарҳои илмиатон  "Фурӯғи Бастомӣ ва ғазалиёти ӯ" (1967), "Фаррухии Систонӣ" (1978), "Нишот ва Миҷмар" (1983), "Лирикаи Адибулмамолик Амирӣ" (1985), "Қоонии Шерозӣ" (1992), "Инсон. Адабиёт. Фарҳанг" (1993), "Паёми Фирдавсӣ" (2003), "Суннатҳои пойдори даврони пурбори адабиёт" (2008), "Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…" (2011), "Бузургдошти инсони нек" (2011), "Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон" (2012) ва ғайра равшангари  гӯшаҳои зиндагӣ ва осори бузургони илму адаби тоҷик ва таърихи адабиёти пурғановати он мебошанд.  Омода ва чоп намудани матни мунтахаби оммавии "Қобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус дар солҳои 1979 ва 2007 хидмати пурбаҳоятон  ба хонандаи хурдсоли тоҷик буд ва таҳияву чопи "Рубоиёт"-и Умари Хайём (1983), "Баргузидаи ашъори Шаҳриёр" (1984), "Ҳикояҳои нависандагони муосири Эрон" (1986), "Рӯзномаи сафари Искандаркӯл"-и Абдураҳмони Мустаҷир" (1989), "Гулбонги навҷавонӣ"-и Лоҳутӣ (1991), "Андарзномаи Рӯдакӣ" (1992), "Андарзномаи Ҳаким Носири Хусрав" (2003), "Ашъори мунтахаб"-и Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ (2008)  ва ғайра аз ҳамин қабил корҳои арзишмандатон мебошанд. Чоп шудани асарҳоятон дар Маскав, Теҳрон, Вашинтон, Боку, Машҳад, Қарочӣ, Кобул, Тошканд ва ғайра далели эътирофи асарҳоятон дар мамолики гуногун маҳсуб мешавад. Яке аз муаллифони нашри академии "Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои 19-20" (Маскав, "Наука", 1999) буданатон низ инро собит мекунад.

 

Дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ фаъолона ширкат намуда, котиби масъули Симпозиумҳои байналмилалии "Ҳазораи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ", "675-солагии Камоли Хуҷандӣ", "Таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон", "Анҷумани панҷуми байналмилалии устодони забон ва адабиёти тоҷику форс", "Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон" буданатон як самти фаъолияти босамари Шумост.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошед ва навиштаҳои  хонданиатон пайваста саҳифаҳои нашрияҳои онро пурмазмуну рангин менамоянд.

Хидматҳоятон  бо ҷоизаҳои илмию адабӣ, сипосномаҳо, унвони узви вобастаи АФ Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.

Шуморо дар остонаи 70-солагиатон самимона шодбош мегӯем ва саломатии бардавом, сарбаландӣ ва муваффақияти бештар орзумандем.

 

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved