• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Бахтиёр МУРТАЗО

 

 Алиҷон Каримович он рӯзро ҳаргиз фаромӯш накардааст. Магар чунин рӯзи маҳшарро аз ёд баровардан  мумкин аст? Зинҳор имкон надорад. Ягон бинокори асили сохтмони  неругоҳи барқи обии Роғун ин воқеаи мудҳишро аз хотираш зудуда наметавонад.

Он вақт ҳам Алиҷон Каримович бар дӯш вазифаи масъулиятноке дошт, ба мудирияти неругоҳи  Роғун роҳбарӣ мекард.

 

Охирҳои моҳи апрел ва хусусан рӯзҳои якум ва дуюми майи  соли як ҳазору  нӯҳсаду наваду се дар гирду атрофи Роғун аз осмон борони  пуршиддат мерехту мерехт ва шӯру ғиреву харобии зиёде бармеангехт. Ростӣ, Алиҷон чунин боришоти  шиддатнокро дар умри худ  бори аввал медид. Кулли онҳое, ки дар назди сарбанди неругоҳ ҷунбуҷӯл доштанд, саропо тар шуда буданд. Боронии Алиҷон шип-шилта гашта, аз таъсири тундбоди сернами соҳили Вахшрӯд ба ҷисму ҷонаш ҳавои сардӣ асар мекард. Вале ӯ аз ин маҳшаргоҳи  пурхатар дур шудан  намехост, дилаш ба заҳмати  тӯлонии садҳо ва ҳазорон нафар муҳандисон, механизаторон, нақбканон, бинокорон месӯхт ва ҷаҳду талош меварзид, ки бо ягон василае ёрию мададгорӣ намояд, то ин  обидаи бо неруи дастҷамъонаи  дӯстии халқҳо эъморгардида футур наравад.

Ҳине ки Алиҷон Каримович аз резиши нақбҳои  сохтмонӣ огоҳ шуд, қалбаш сахт фишурда гашт. Ин барои сарбанд  хавфу хатари калон дошт, вале сойи  Оби Шӯр бо обҳои гилолуди  худ сангҳои калон-калони якчанд  тоннагиро аз кӯҳҳо ғелонида ба поён меоварду ба обҳои кабудчатоби Вахшрӯд бархӯрд мекард. Албатта, ин хатари  боз ҳам мудҳиштаре дошт, аз зарбаҳои  обу сангҳои сойи Оби Шӯр дарё дам мехӯрд ва ба сарбанд фишор бештар мегардид.

Баъзе муҳандисон қабл аз оғози сохтмони сарбанди неругоҳи Роғун бунёд намудани садди сойи Оби Шӯрро ҳатмӣ меҳисобиданд. Алиҷон Каримович низ ба ҳамин ақида муътақид буд. Ӯ борҳо дар ҷаласаҳои техникӣ шурӯъ кардан ва суръат бахшидани  садди сойи Оби Шӯрро ба  муҳокима ва баррасӣ пешниҳод намуд, вале бо кадом сабабе бошад, ки роҳбарони  ҳамонвақтаи  баландпояи  сохтмон ба оғоз бахшидани эъмори садди сой аҳаммият намедоданд.

Алиҷон Кармович огоҳ буд, ки соли як ҳазору нуҳсаду ҳаштод аз шаҳри  Ленинград муҳандисони кӯҳшиносу хокшинос омада, бо мақсади  сохтмони дарвозаҳо дар сойи Оби Шӯр тадқиқот  бурданд. Ҳамон вақт тасмим гирифта шуд, ки дар минтақаҳои  гуногуни сой се дарвоза сохта, вақти зарурат шасти аҳримании  ин сой ва харсангҳои онро  бигиранд. Тадқиқоти он муҳандисони  ленинградӣ анҷом ёфт, нуқтаҳои сохтмони дарвозаҳо муайян гардиданд, вале афсӯс, ки худи дарвозаҳо бунёд нашуданд. Агар дарвозаҳо бунёд меёфтанд, шояд ин хатар ба сарбанд камтар меомад ё имкон дорад, ки умуман хатар  таҳдид намекард. Дар он лаҳзаҳо чунин фикру хаёлҳо тамоми ниҳоди Алиҷонро фаро гирифта буд.

Онҳое, ки ин воқеаро  бояд бозрасӣ мекарданд, хеле дер, яъне рӯзи сеюми май ба маҳали ҳодиса омаданд. Ҳангоме ки онон соҳилҳои Оби Шӯрро мушоҳида намуданд, дар ин ҷо селоб  як маҳшаре барпо карда буд. Чаҳоруми май маҷрои пуршиддати сойи Оби Шӯр сангҳои бузургро ҳамчу себ  дар рӯи мавҷ оварда, дарёи тезҷараёнро  тамоман баст  ва рӯд ба фурсати  кӯтоҳтарин дам хӯрд. Оби чиркини сойи Оби Шӯр баромадгоҳи тунели якуми сохтмониро  маҳкам намуд. Оби Вахш, ки бо тунели сохтмонӣ ҷорӣ мешуд, дам хӯрда, бо як ҳоли зоре кам-кам берун мерафт. Лаҳза ба лаҳза дам хӯрдани дарё афзун гардида, об то сақфҳои  нақбҳо расида буд. Қисматҳои поёни нақбҳо бо сабаби наздикӣ ба  сой комилан зери об монданд. Дар болои кӯпруки сеюм насосҳо бидуни таваққуф фаъолият доштанд ва обро аз нақб кашида ба дарё мерехтанд, вале қувваҳои ин насосҳо кифоят намекарданд, то ин ҳама  обҳоро фурӯ бикашанд. Ин манзараҳо ҳама  дар сафҳаи  хотироти Алиҷон Каримович абадӣ нақш бастаанд.

Рӯзи ҳаштум ва нуҳуми май ва хосатан шабонгоҳон борони сел боз ҳам пуршидаттар  борида, ба оби дарёи дамхӯрда фишор меовард. Супориш шуд, ки экскаватор, мошин ва булдозери  болои сарбандро ба тарафи нақби Т-7 ронанд. Бисёр нақбҳо аз  таъсири обҳои сой резиш карда буданд.

Шабонгаҳон минтақаи сарбанд тамоман  торик гашт, зеро симҳои интиқоли барқ гусаста гашта, барқро қатъ карда буд. Гоҳ-гоҳе тундар замину замонро  равшаноӣ мебахшид. Шаби нуҳуми май соати дую панҷ дақиқа фишори дарё ва сойи Оби Шӯр ба сарбанд ба нуқтаи олӣ расид ва он ба ин ҳама қудрати  аҳриманӣ тоб наоварду ба футур рафт…

Нақбҳои якум ва дуюми  сохтмонӣ пури обу гил шуда буданд, зеро дар чанд ҷои онҳо резиш ба амал омаданд. Обу гил ва сангу  шағал ба якчанд нақбҳои дигари нақлиётӣ низ дохил шуда, лабрез гардида буд. Кӯпрукҳои дуюму сеюмро об барканда, бо мавҷҳои худ дарҳам кашид. Чун сапеда дамид, ҳозирон аз сарбанди чиҳилу семетра ному нишоне наёфтанд. Заҳмати ҷонкоҳи  шашсолаи бинокорон, механизаторон, муҳандисон туъмаи обҳои дарё ва сойи Оби Шӯр гардида буд.

Тамоми ин фоҷиаҳо дар пеши назари  Алиҷон Каримович ба вуқӯъ пайвастанд. Аз дидани ин ҳама вайронаҳо дили вай шадидан  ба дард омад ва ӯ ботинан ба худ саволҳои зиёде медод: "Чаро ин садамаҳо воқеъ шуданд?"  "Мо дар куҷо ба саҳву хатоҳо роҳ додем?" "Барои чӣ сойи Оби Шӯрро дар вақташ лаҷом  назадем?"

… -Ин воқеаҳо  ба ҳамаи мо сабақомӯзанд ва албатта, ин сабақҳо набояд фаромӯш шаванд, - дуру дароз андешид Алиҷон Каримович…

Ба ҳамин минвол обҳои кабудчатоби  Вахшрӯд бисёр  ҷорӣ шуданд. Шукрона ба Яздони пок мегӯем, ки дар замони Истиқлолияти Тоҷикистони маҳбуб бо ташаббуси шахсии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи сохтмони Неругоҳи  барқи обии Роғун имконпазир гардид.

Алиҷон Очилов бо вазифаи хеле  пурмасъулияти  Директори  генералии  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Тоҷикспетсгидроэнергомонтаж" дар корҳои эҳёи  сохтмони  неругоҳи Роғун ширкат карда истодааст.

-Дар давраи эҳёи сохтмони Роғун мо фаъолияти худро бо барқарорсозии зеристгоҳҳо  оғоз намудем,- мегӯяд Алиҷон Каримович,- зеро ба иллати нобасомониҳои  солҳои навадум ягон зеристгоҳ коршоям набуд. Инчунин кулли хатти интиқоли барқи ҳудудҳои  сохтмон, чароғонии рӯзонаю шабонгоҳон дар нақбҳо то маъдани маводи  бинокории рақами понздаҳум ҳама бар зиммаи муассисаи мо гузошта шуданд ва ин корҳо аз тарафи мутахассисину коргарони мо бо сифати аъло анҷом пазируфтанд.

Лекин ман бояд зикр намоям, ки аслан  васлу насби таҷҳизоти калонҳаҷми сохтмони неругоҳ, масалан, генератор, трубина, дарвозаҳои об, кранҳои  муҳташами борбардор вазифаҳои муҳимтарини  ҶСК "Тоҷикспетсгидроэнергомонтаж" мебошанд…

Зодгоҳи Алиҷон Каримович деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод буда, дар гузашта минтақаи Оби Гарм низ ба қаламрави ҳамин ноҳия тааллуқ дошт. Аслан ниёгони ӯ аз шаҳри таърихии Истаравшан ҳастанд. Падараш ҳамчун муаллим ба Файзобод омада, хизмати мардуми  ҳамин маҳалро  иҷро кардаанд ва дар рустои Мискинобод хонадор шудаанд.

Алиҷон  дар мактаби миёнаи  рақами 10-и Мискинобод таҳсилро бо баҳои хубу аъло анҷом додааст. Ӯ духтур шуданӣ буд, вале бародараш Саидҷон роҳу равиши  Алиҷонро  ба таври дигар муайян намуд:

- Дар назди ноҳияи мо неругоҳи бузург  бунёд ёфта истодааст. Бинобар ин, айб аст, ки аз хонадони мо ягон нафар дар ин сохтмони умумихалқӣ иштироки фаъолона карда, саҳми сазовор нагузорад. Аз ин рӯ, ту бояд дар факултаи энергетикии Институти политехникӣ  бихонӣ ва муҳандис бишавӣ.

Ин пешниҳоди бародар ба Алиҷон писанд омад  ва ӯ  ба ин донишгоҳ дохил шуда, соли 1983 факултаи энергетикии  онро  бо муваффақият хатм намуд.

- Солҳои донишҷӯӣ бо ҳамсабақон дар яке аз минтақаҳои  сохтмони муҳташами  неругоҳи Роғун чанд моҳ таҷриба омӯхта будам,- ба хотир меорад Алиҷон Каримович,- ба ин ваҷҳ аз шаҳомату бузургии он  воқиф гардидам. Биноан хостам, ки  дар ягон сохтмони  нисбатан хурдтар каме кор омӯзаму таҷриба андӯзам ва сипас ба ҷавлонгоҳи Роғун биёям. Бо ҳамин ният ба заводи электрохимиявии Ёвон раҳсипор шудам ва дар он ҷо ба сифати электромонтёр ва сониян сардори  сехи таъмини  барқ ду сол кор кардам. Баъд ба тариқи  гузариш ба сохтмони оламшумули  неругоҳи Роғун ба кор омадам. Аввал дар раёсати хоҷагии энергетикӣ ба сифати монтёри барқи дараҷаи сеюм ва сипас ҳамчун устои ҳамин  қитъа ифои вазифа намудам ва дар замони бозсозии  горбачёвӣ котиби  кумитаи комсомолии сохтмон ҳам будам…

Инак, беш аз сӣ сол мешавад, ки ҳаёти Алиҷон Каримович ба ин сохтмони  сарнавиштсози  мамлакат вобаста аст. Ба тӯли ин солҳо ӯ вазифаҳои гуногуни масъулро анҷом дода, бисёр гармию сардиҳои  зиндагиро аз сар гузаронд, вале дар ҳеҷ гуна ҳолат аз сохтмони неругоҳи Роғун дил кандан натавонист, балки ҳамеша ба ободию эъмори он ҷон коҳонд ва тамоми маърифату маҳорати муҳандисии худу ҳамкоронро барои  зина ба зина боло бардошта шудани қомати ин  азамати энергетикии диёри маҳбуб равона намуд.

- Чи тавре ки маълум аст, ҳоло замони худидоракунӣ аст, - ба нақлаш идома медиҳад Алиҷон Каримович,- мо набояд ҳаргиз бекор  истем, мутахассисону  коргаронро бо меҳнат, яъне бо маош таъмин бикунем. Биноан ҳамаи инро ба инобат  гирифта, мо бо дигар корҳо низ машғул мешавем. Масалан,  бо мустаҳкамкунии равоқи толори мошинҳо, насби асбобҳои  ченкунӣ, бо усули гулмехзанӣ пойдор намудани деворҳо, ба кӯҳ дӯхтани қисми поёни  бетонии девори  толори мошинҳо, ҳамчунин бо усули  сементатсия қоим кардани ин деворҳо ва ғайра. Бо ин корҳои муҳим теъдоди зиёди мутахассисини мо машғуланд.

Алҳол бист адад дастгоҳи пармагарӣ гирифтем, ки дар ҳар як дастгоҳ се нафар масъулини мо бо навбат хизмат менамоянд. Прораби гурӯҳи пармагарон, мутахассиси ҷавон Муродалӣ Раҳимов мебошад, ки дастпарвари факултаи сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст.

Роҳбари басти дуюми  пармагарон дастпарвари  Донишгоҳи Маскав оид ба иншооти гидротехникӣ Анвар Каримов мебошад. Ба қитъаи махсуси насби асбобҳои ченкунӣ мутахассиси ҷавон Низомиддини Раҷаб роҳбарӣ мекунад, ки  Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Чанде пеш дар соҳили чапи Вахшрӯд пойгоҳи истеҳсолӣ бунёд кардем, ки  дар он васлу насби калонҳаҷми таҷҳизоти неругоҳ амалӣ намуда мешаванд. Масалан, генератор, трубинаи неругоҳро дар ин ҷо аввал васли санҷишӣ ва калонҳаҷм намуда, сипас онҳо дар кратери  мошинҳо насб карда мешаванд. Прораби масъули  пойгоҳи истеҳсолӣ муҳандис Фирӯзи Неъматулло буда, ӯ ҳам факултаи сохтмони  Донишгоҳи  техникии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Чи навъе ки маълум аст, агрегатҳои навбати аввал солҳои ҳаштодуми  асри гузашта  оварда шуда буданд. Биноан барои муайян намудани  ҳолати техникии таҷҳизоти онҳо насби санҷишии ин агрегатҳо зарур шуд. Бо ҳамин мақсад кормандону муҳандисини ҶСК "Тоҷикспетсгидроэнергомонтаж" бо мутахассисини украинӣ - намояндагони заводҳои "Трубоатом" ва "Электротяжмаш"-и шаҳри Харков васли санҷишии  трубина ва генераторро гузарониданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳамкории ҶСК "Тоҷикспетсгидроэнергомонтаж" ва мутахассисини харковӣ доимӣ буда, барои таҷрибаандӯзӣ ва такмили малакаи барқофарони мо хеле муфид аст. Чанде пеш як гурӯҳ муҳандисини тоҷик ба шаҳри Харков ба сафари хидматӣ рафта, дар муассисаи  тавлидотии  генераторҳо - "Электротяжмаш" дар амалиёти  васлу насби втулкаи генератор бо васли наставка аз наздик ширкат варзиданд ва донишу малакаашонро такмил намуданд. Санҷиш исбот кард, ки мутахассисини  ҷавони мо  дар ин бобат маърифати назаррас дарёфтаанд.

Ҳоло мутахассисини украинӣ ва муҳандисини тоҷик дар майдончаи толори  мошинҳо бо васлу насби таҷҳизоти калонҳаҷм машғул  гардида, статер ва ротори генераторро пайванд карда истодаанд. Муҳандисони ҷавони  муассисаи  "Тоҷикспетсгидроэнергомонтаж" алҳол бо маслиҳати шеф - инжинер ва мутахассисини пешбари  заводи шаҳри Харков дар васлу насби мошини шашуми  неругоҳ ширкат варзида, сипас онҳо ин амалиёти агрегати панҷумро худашон мустақилона иҷро карданианд.

- Ҳадафи мо он аст, ки мушкилоти корҳои  худамонро  иҷро намоему муҳтоҷи хориҷиён набошем,- бо ҳисси баланди ватандӯстӣ андешаронӣ мекунад Алиҷон Каримович.- Мо бояд кадрҳои ҳунарманд ва баландпояи  худро ба камол  расонем ва эҳтиёҷманди ғайр нашавем. Зеро сарвати асосии  диёрамон об аст ва тавлидоти  барқи об вазифаи  муҳимтарини мост.

Чанд моҳ муқаддам аз раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ба телефони дастии ӯ занг заданд:

 - Алиҷон Каримович, маъмурияти донишгоҳ шуморо раиси комиссияи имтиҳоноти давлатии шуъбаҳои неругоҳҳои барқӣ таъин карданист.

- Барои ин ман бояд чӣ кор кунам? - пурсид Алиҷон Каримович.

- Қаблан раёсат хоҳиш дорад, ки шумо барои иҷрои  ин вазифа розӣ шавед, мо ҳуҷҷатҳои  давраи таҳсилоти шуморо омӯхтаем, сонӣ ба донишгоҳ биёед.

- Хайр, ҳуҷҷатҳоро омӯхта бошед, ман розӣ ҳастам, - посух гуфт Алиҷон Каримович.

Аслан ӯ тасмим гирифта буд, ки як рӯз ба донишгоҳи азизаш биёяду бо устодон маслиҳат карда, аз ҳисоби беҳтарин  дастпарварон сафи ҳамкорони худро  афзун намояд. Акнун бо анҷом додани ин масъулият ба амалӣ намудани тасмимоти андешидаи худаш ҳам имконияти  мусоиде фароҳам  омадааст. Ҳамин тавр ҳам шуд, Алиҷон Каримович раиси имтиҳоноти  давлатӣ гардида, донишу маърифати муҳандисини ояндаро саҳеҳан санҷид ва ба ҳамин ваҷҳ як гурӯҳи онҳо пас аз сипарӣ намудани хидмати тайёрии ҳарбӣ ба ин сохтмони тақдирсози Ватан ба кор шомил шуданд.

- Имсол дар муассисаи мо ду навгонии хурсандибахш ба амал омад,- бо табъи болида қайд менамояд Алиҷон Каримович,- чи хеле ки дар боло гуфтам, дар деҳаи Киштроғ, ки дар соҳили чапи Вахшонрӯд  воқест, пойгоҳи истеҳсолиамон фаъол гардид. Дар ин пойгоҳ устохонаҳои гуногун бо асбобу афзори  зарурӣ мавҷуданд ва мо васли  калонҳаҷми  таҷҳизоти  нерӯгоҳи Роғун ва дигар неругоҳҳоро бо дили пур  ва эътимоди комил ба фарҷом расонида метавонем. Навгонии дигар он аст, ки муҳандисони мо ду крани пуриқтидортаринро дар толори мошинҳои  неругоҳи Роғун фаъол сохтанд. Ин кранҳо бо супориши  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи "Сибтяжмаш"-и шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бунёд шуда, ҳар яке панҷсаду панҷоҳ тонна бор бардошта метавонад. Алъон ин кранҳо дар ҷаҳон назир надоранду Худоро шукр, ки дар кишвари азизи мо ҳастанд.

Як бинои пайгоҳи истеҳсолӣ махсус ба корҳои оҳангарӣ ҷудо карда шудааст ва дар он крани чорпояи ҳафтоду панҷтоннагӣ фаъолият дорад. Ҳоло қисматҳои зиёди гидроагрегатҳои  шашум ва панҷум дар ҳамин ҷо  ба шакли калонҳаҷм васл гардида, сипас дар толори мошинҳо насб карда мешаванд.

Мо натанҳо дар Роғун, балки дар дигар иншооти марбути  муассисаи Барқи Тоҷик ҳам хидмат менамоем. Аз ҷумла, дар неругоҳи Норак дарвозаи  курашакли  обқабулкунаки  агрегати ҳаштум, инчунин дарвозаҳои  неругоҳҳои Бойғозӣ ва Сарбандро таъмир кардем.

- Ғайр аз ин, дар сохтмони роҳи  оҳани Душанбе - Ёвон корҳои таркиширо иҷро намудем,- ба таври  илова мегӯяд ӯ,- пойгоҳи  истеҳсолии мо ба ҷумҳурӣ ба тӯли садсолаҳо хидмат хоҳад кард.

Алиҷон Каримович ҳамчун муҳандис ва директори генералии ҶСК "Тоҷиксгэм" мамнун аст, ки бо нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи сохтмони неругоҳи Роғун саҳми хоксоронаи худро  гузошта истодааст.

- Роҳбарияти сохтмони  неругоҳи Роғун супоришҳои Сардори давлатро дар бораи баланд бардоштани сифати кор маҳаку мизони доимӣ ҳисоб менамоянд,- мегӯяд ӯ.- Тамоми нақбҳо, обгузарҳо, толорҳо ва кулли қисматҳои дигари неругоҳ ба дараҷаи хеле баланд бозсозӣ шудаанд. Хусусан дар сойи Оби Шӯр садди мустаҳкаме сохта, бар фӯки он лаҷоми қавие андохтаанд, ки минбаъд он саркашӣ ва девонагӣ нахоҳад кард.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved