• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки 18-уми майи соли 2018 риштаи ҳаёти Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, адиби ҷаҳоншумули тоҷик, арбоби барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ Муъмин Қаноат канда шуд.

 

 Ин сухансолори нодирагуфтор дар солҳои 50-уми асри гузашта бо андешаҳое саршор аз ифтихори миллӣ ва назарҳое тоза дар шаклу дарунмояи шеър ба майдони адабиёт қадам гузошт ва назми тоҷикро ба зинаҳои баландтаре бардошт.

 Муъмин Қаноат 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаихуми вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, нахустин шеърҳояшро ҳангоми таҳсил дар мактаб-интернати ноҳияи Ғарм сурудаву дар рӯзномаи ноҳиявӣ чоп кардааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм дар соли 1951 муҳассили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, ҷиддан ба кори шеър машғул гардид ва осори гаронбаҳои адибони классику муосири ҷаҳонро омӯхта, дар ҳамин айём ба кашфи зарфияту имкони шеъри нав даст ёфт ва дар соли панҷуми таҳсилаш чанд намунае дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расонд.

 Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1956 Муъмин Қаноат бо тамоми ҳастӣ ба кори эҷодӣ дода шуд, дар муддати даҳ соли фаъолият дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» чун шоир камол ёфта, дар сафи адибони тозакор ва номвари Тоҷикистон қарор гирифт.

 Соли 1968 муовини аввал ва аз соли 1976 котиби якуми садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардида, ин вазифаро то соли 1991 адо намуд. Солҳои минбаъда аввал Кумитаи сулҳ, сипас Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро сарварӣ намуда, тайи солҳои 1996-2001 муовини раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, дар солҳои гуногуни фаъолияташ вакили Шӯрои Олии ИҶШС (1979-1991), узви Кумитаи Мукофотҳои ленинӣ ва давлатии ИҶШС  дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, узви Кумитаи шӯравии ҳамдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

 Муъмин Қаноат чун дастпарвар, номбардор ва пайрави содиқи мактаби адабии устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода дар шеъру достонҳояш талошу муборизаи инсони пӯянда ва ҷӯяндаю давронсозро ба хотири шукуфоии Ватан ва хушбахтию саодати инсон тараннум намуда, пирӯзии сулҳ бар ҷанг, хирад бар бехирадӣ, нур бар торикӣ, адл бар зулм, ҷасорат бар тарсуӣ, озодагӣ бар бандагиро меҳвари асарҳои мондагори хеш қарор додааст. Устод ин ормонҳои олии башариро бахусус дар достонҳояш –  «Мавҷҳои Днепр», «Достони оташ», «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон – исми ман», «Падар», «Ситораи Исмат»,  «Гаҳвораи Сино», «Ҳамосаи дод», «Масъуднома» бо забони фасеҳу баёни сареҳ ба тасвир гирифта, дар инкишофи жанри достон дар адабиёти тоҷику форс корномаи бузурги эҷодӣ нишон дод. Ӯ ба адабиёти тоҷик тавону мадори тоза бахшида, мактаби эҷодие ба вуҷуд овард, ки дар он адибони номваре чун Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Қутбӣ Киром, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Фарзона, Абдулҳамиди Самад, Саттор Турсун, Сайфи Раҳим, Ҷонибеки Акобир, Баҳманёр ва дигарон ба воя расиданд.    

 Муъмин Қаноат аз пурнашртарин шоирони тоҷик дар тамоми ҷаҳон аст. Осораш борҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испанӣ, муғулӣ ва ғайра чоп шудааст.

 Хидматҳои устод Муъмин Қаноат бо як қатор ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидаанд. Ин абармарди арсаи фазлу адаб бо ашъори баланду нотакрор, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва хизматҳои бедареғаш дар худшиносиву худогоҳӣ, полудагии забону баён ва муаррифии Тоҷикистони азизу адабиёти нобаш маҳбуби ҳар фарди ин марзу бум  буду ҳаст ва хоҳад монд.

 

 

 

 

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved