• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҷашни 90-умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар баргузор гардид. Нахуст иштирокчиён аз хона-музейи шоир дидан намуда, дар пояи нимпайкарааш гулчанбар гузоштанд.

Дар чорабинӣ адибону рӯзноманигорон ва ҳунармандону адабиётшиносон аз гӯшаву канори кишвар ширкат варзида, аз ҳаёту фаъолияти шоир ҳарф заданд.

Низом Қосим, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, девони Ашӯр Сафарро муаррифӣ намуда, баён дошт, ки шоир ба адабиёт бо маҷмӯаи нахустини ашъораш - "Ибтидои роҳ" қадам гузошта, аз ҷониби мухлисони адабиёт ва устодони сухан баҳои сазоворро соҳиб гардид.

- Ашӯр Сафар аз оғоз ба назари устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Ғаффор Мирзо афтода, дар кӯтоҳтарин муддат собит намуд, ки ӯ дар эҷоди асарҳои ғиноиву ҳаҷвӣ ҷиддӣ ва масъулиятшиносу пуртакопӯст, - афзуд Низом Қосим.

 

Мавсуф баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба сифати хабарнигори Радиои ҷумҳурӣ, сипас ҳамчун мудири шуъбаи рӯзномаи "ҳақиқати Кӯлоб" фаъолият бурда, дар ин росто аз кори омӯзгорӣ лаҳзае фориғ набудааст. Бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ, инчунин пайваста шеър мегуфт, дар шаҳр маҳфилҳои эҷодӣ ташкил мекард, ба тарҷумаи осори адибони халқҳои дигар машғул мешуд ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои кор ҳамчун инсони меҳнатдӯст ва ҳимоятгари манфиати ҷамъият худро нишон дода тавонистааст.

- Шоир як умр маскуни шаҳри Кӯлоб буд. Ӯ мубаллиғи дӯстию рафоқат, рафиқи ҷонии аҳли адабу ҳунар буд ва бо ҳамин аз хотираҳо зудуда намешавад, - изҳор дошт муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Саломиддин Каримзода.

Шоир бавижа дар гуфтани шеъри ҳаҷвӣ ва баёни ҳунармандонаи дарду ормони мардуми меҳнаткаш дасти қавӣ дошт. Намунаи шеърҳояш ба забонҳои русӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва дигар забонҳо тарҷумаву нашр гардида, китобҳои алоҳидаи ашъораш  таҳти унвони "Плоды жизни", "Цветок луны" (Маскав) бо забони русӣ ва "Гулчини ашъори Ашӯр Сафар" дар Эрон ба хати форсӣ интишор ёфтаанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад таъкид дошт, ки Ашӯр Сафар бо сухани ширину табъи латиф дар байни мардум маҳбубияти хосса пайдо кард ва ҳамин аст, ки имрӯз пиру барно зикри хайрашро мекунанд. Шоир солҳо омӯзгори мактаби нобиноён буд ва дар давоми зиёда аз 45 сол таълиму тарбияи фарзандони халқро бар дӯш дошт. Дар баробари ин, фарзандони худро низ ҳамчун инсонҳои нек тарбия карда, дар хидмати ҷомеа гузошт. Имрӯзҳо чароғи хотиру маҳфили адабии ӯро писаронаш Гурез Сафар ва Файзи Ашӯр фурӯзон нигаҳ медоранд.

Дар маҳфили ёдбуд, инчунин, адибон Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, ҳақназар ғоиб, Муҳаммад ғоиб, Камол Насрулло, Парда ҳабиб, Муҳтарам ҳотам, Давлат Сафар, олимон Умар Сафар, Зафари Мирзоён, санъаткорон ҷамшед Исмоил, Файзалӣ Ҳасан, Раҳматулло Ҳошим ва ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд.

Бузургмеҳри Баҳодур

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved