• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

"Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол"-таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи  ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар ғоиб дар Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣгардид.

  ҷамъомадро президенти Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда,  зикр кард, ки ғояи асосии ин асари тозанашр мисли дигар китобҳои шоири маъруф аз  талқини ватандӯстӣ, худшиносӣва ҳувияти миллӣиборат буда, дар замони муосир, ки худшиносии миллӣ дар мустаҳкам намудани унсурҳои давлатдории тоҷикон  мавқеи хосса дорад, хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

 

Дар маҳфил олимон, шоирону нависандагон ва мухлисони ашъори ин шоири ватансаро иштирок намуда, аз ҷумла, Гулназар Келдӣ, Аскар ҳаким, Мирзо Муллоаҳмад ва Абдунабӣ     Сатторзода перомуни ин  китоби  тозанашр ибрози андеша намуданд.

Таъкид шуд, ки дар ин манзума шоир кӯшидааст собит созад, ки башар бо шинохти асли инсонии хеш ва решаҳои  таърихиаш натанҳо барои хонаи худ, балки барои хонаи ягонаи одамон - Замин хештанро бояд масъул бидонад.  

Ёдовар гардид, ки  ҳақназар ғоиб беш аз 50 сол аст, ки машғули фаъолияти босамари эҷодӣбуда, ин китоб 30-юмин маҷмӯаи ашъори ӯ ба ҳисоб меравад.

Силсилаи достонҳои ӯ "Эҳёнома", "ҳасрати Фирдавсӣ", "ҳасрати Эйнштейн", "Ашки Офтоб", "Сурӯши Хатлон" ва ғайра дар эҷодиёти шоир мақоми хосса доранд. Барои достони қаҳрамонии "Эҳёнома", ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, сазовори нахустин ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1989) гардидааст. Асари дигари шоир "Сурӯши Хатлон" ҳам саршор аз ғояҳои ватандӯстию худшиносӣва сабақомӯзӣаз  таърихи миллат буда, соли 2000 сазовори ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣгардидааст.

Дар достони "Сояҳои офтобрӯз", шеъру манзума ва силсилаи шеърҳои "Шоҳномаи умр", "ҷони ташна" (достони қаҳрамонии Сафар Амиршоев), "Фарзанди Офтоб", "Дардномае ба миллат" шоир назари хонандаро ба таърихи ибратбахш ва пурфоҷиаи Ватан нигаронида, таъкид кардааст, ки танҳо меҳри ҳурмуздӣмиллати ҳурмуздинажодро метавонад аз хашми аҳриманӣраҳоӣбахшад.

Шоир ашъори ҷудогонаи И. Бунин, И. В. Гёте,  Е. Евтушенко, С.Есенин, Г. Абашидзе, ҳ. ҳусейнзода, Э. Межелайтис, Н. Баратинский, А. Мухтор, Махдумқулӣ, Я. Колас, А. Орифовро ба тоҷикӣгардондааст.

Шеърҳои ҳақназар ғоиб  ба забонҳои дигар зиёд тарҷума ва нашр гардидаанд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved