• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Нашрияи "Общеписательская литературная газета"-и Русия  мақолаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим -"Надежда светлая души взволнованной моей"-ро дар тарҷумаи нависанда Мансур Суруш ба табъ расонд.

 

Қаблан чопи навиштаҳои нависандагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар нашрияҳои Москва рухдоди муқаррарӣ буд. Аммо баъди пошхӯрии он давлати бузург робитаҳои адабӣ камтар шуданд. Алҳол адибон аз эҷодиёти якдигар хеле кам огоҳанд. Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон (МСПС) дар Москва ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои пешина ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои эҷодӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад, ки он ҷавобгӯи сиёсати дӯстонаю ҳамгироии роҳбарони кишварҳои ИДМ мебошад. Ва ба нашр расидани мақолаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро метавон натиҷаи чунин ҳамкориҳо арзёбӣ кард.

 Мақолаи мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ бахшида шудааст, ки ному осораш дар қаламрави собиқ СССР маълуму машҳур буд. Хонандаи рус аз мақолаи мазкур огоҳ мешавад, ки  Лоҳутӣ соли 1922 шӯриши ранҷбаронро бар зидди шоҳи Эрон роҳбарӣ намуда, баъди саркӯб шудани он ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор кардааст. Ҳарчанд ӯ бо роҳбарият ва доираҳои сиёсию адабии Шӯравӣ шиносу соҳибэҳтиром буд ва метавонист дар дилхоҳ гӯшаи он ватани паҳновар зиндагӣ ихтиёр кунад, аммо вай ба Тоҷикистон омад.  Лоҳутӣ дар "Тарҷумаи ҳол" менависад: "Душвор аст қисмати шоире, ки аз ватану ҳамватанони хеш дур афтодааст. Ва ман вақте фаҳмидам, ки Тоҷикистони Шӯравӣ ном ҷумҳурие ҳасту мардумаш осори Фирдавсию Саъдиро мисли эрониён мехонанду арҷ мегузоранд, аз ҳизб хоҳиш кардам, ки маро ба он ҷо фиристад".

Лоҳутӣ Тоҷикистонро сидқан ватани дувуми хеш хонд ва онро суруд: "Эй умеди дили рамидаи ман!" Ин шоири мубориз кишвари мо ва мардуми азизи онро дӯст дошту ба хидматаш камар баст. Ӯ мегӯяд: "Ман тоҷикон ва пойтахти онҳо - Душанберо мисли ватани худам дӯст медорам ва ҳеҷ кас наметавонад шуълаи ин ишқро дар дили ман хомӯш кунад".

Моҳи декабри соли гузашта дар Тоҷикистон 130-солагии  шоири бузург бошукӯҳ таҷлил гардид. Алҳол куллиёти ҳафтҷилдаи  ӯ ба чоп омода мешавад.

 М. Илҳомӣ,

шореҳи адабии АМИТ"Ховар"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved