• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

22-юми июни соли равон бо ибтикори шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 90-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев маҳфили адабӣ таҳти унвони "Боғбони хоссакори наср" баргузор гардид, ки дар он адибону олимон, донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва ҳаводорони насри бадеӣ ширкат варзиданд.

 

Дар оғоз филми киностудияи "Тоҷикфилм" - "Дил дар кафи даст", ки ба ҳаёт ва фаъолияти Фазлиддин Муҳаммадиев бахшида шудааст, намоиш дода шуд. Сипас маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини авали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ҳусни оғоз бахшида, аз хидматҳои устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар соҳаи наср, драматургияву кино ва матбуоти тоҷик ёдовар шуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар хусуси фазилатҳои баланди инсонӣ ва ҳунари нависандагӣ ва асарҳои мондагори устод Фазлиддин Муҳаммадиев андеша ронда,  таъкид сохт, ки мо то ҳол ба таври бояду шояд хидматҳои беназири ин нависандаи чирадастамонро дар адабиёт, хусусан насри муосир, қадр накардаем. То имрӯз натавонистем пурра панҷилдаи асарҳои ӯро ба нашр расонем. Адабиётшиносон низ доир ба вижагиҳои ҳунари нависандагии ӯ ва навовариҳояш дар насри психологӣ ягон кори арзишманди илмӣ анҷом надодаанд. Ҳамчунин Саттор Турсун қайд намуд, ки устод Муҳаммадиев ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар адабиёт якрӯю ҳақгӯй буд ва ин хулқу хислати олии инсонӣ ному ҳунари нависандагии ӯро натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ маълуму машҳур гардонид.

Нависандаи шинохтаамон Абдулҳамид Самад, ки гардонандаи маҳфил буд, аз заҳматҳои устод Фазлиддин Муҳаммадиев дар тарбияи адибони ҷавон ҳарф зада, қайд кард, ки устод шабу рӯзҳои умри азизашро сарфи таҳриру такмили асарҳои ҳамқаламону шогирдон намуд, ки назири чунин ғамхорӣ нисбат ба адабиёт ва адибони ҷавон то имрӯз кам дида мешавад.

Ҳамчунин Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Камол Насрулло, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва ихлос аз ҳамкорию ҳамсафариҳояшон бо ин нависандаи дарёдиламон ёдоварӣ карданд. Гулназар Келдӣ аз шахсияти аҷиби устод Муҳаммадиев, зарофатгӯиву мавридшиносӣ ва ҷавонмардиҳои эшон, ки барои ҳамқаламон бояд намунаи ибрат бошад, мисолҳо оварда, таъкид сохт, ки эшон бетарафиро бешарафӣ медонистанд ва ҳеҷ гоҳ ноадолатию дурӯғ ва ноҳақиеро дида, бетараф намеистоданд, ҳатман бар зидди он овоз баланд мекарданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир аз намоишномаи "Арӯси охирини амиралмуъминин", ки ба қалами устод Фазлиддин Муҳаммадиев тааллуқ дораду чанд сол пеш ҳунармандони Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошта буданд ва худи ӯ дар он нақш бозидааст, қисса кард. Дар охир ӯ шеъри "Фарёди сукут"-и шоири шинохтаамон Гулрухсорро қироат намуд.

Дар анҷоми маҳфил духтари нависанда - Саодат Муҳаммадиева хотираҳояшро дар бораи падари бузургвор ба ҳозирин ироа намуд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved