• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Қабл аз он, ки чизе дар бораи Истиқлол ва нақши он дар ибтикороти адибони Хатлон бинависам, мехоҳам воқеаеро аз рўзгори худ нақл намоям, ки шояд   як андоза рўҳияи истиқлолхоҳ доштани ҷавонони тоҷикро дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ баён намояд.

 

Соли 1988. Мавҷи бозсозӣ деворҳои оҳанини артиши шўравиро низ убур карда буд ва як навъ ошкорбаёнӣ миёни аскарон дар масъалаҳои фарҳангӣ  мушоҳида мегардид. Ҳамон вақт дар қисми низомӣ шеър гуфтани маро огоҳ гаштанд. Сабабаш  чанд шеъри дар Тоҷикистон чопшудаам буд,  ки тавассути нома бароям фиристоданду командирҳо аз он огоҳ шуда, дар ҷамъомади аскарон рўзномаро ба ҳамагон нишон дода, бароям хамчун шоири оянда муваффақият хостанд. Ростӣ, эҳтироме, ки афсарони рус барои як сарбози шоир қоил буданд, беш аз ҳадди тасаввур буд. Яке аз афсарон, ки бо забони русӣ шеър мегуфту маҳалли хидматаш ҳам аз мо ҷудо буд,  дар вақтҳои фориғ шуданаш аз кор  маро суроғ карда, наздаш даъват менамуду соатҳо дар бешазори назди қисми ҳарбӣ бо ҳам сайру гашт ва суҳбат мекардем. Ҷолиб ин буд, ки дархост мекард барояш бо забони тоҷикӣ шеър бихонам ва чун мепурсидам, ки ў аз шеъри забонаш нофаҳмо чӣ суд мебардорад, мегуфт, ки шеър ниёз ба тарҷума надорад.

Ҳамон вақт ман ва рафиқи бисёр наздики арманиям Оганесянро, ки аз донишгоҳ ба хидмат гирифта буданд, муҳаррири газетаи деворӣ интихоб намуданд. Боре ман ба сардори қисми низомӣ арз кардам, ки чаро сарбозон гуногунмиллатанд, вале газета бояд ҳатман бо забони русӣ навишта шавад? Сардор каме фикр карду пурсид, ки фикри ту чист? Пешниҳод кардам, ки   газетаи навбатиро бо мақолаҳои забонашон тоҷикӣ ороиш медиҳам. Розӣ шуд ва ҳамчунин ҳам кардам. Барои он, ки тамаддуни қадима доштани миллатамро собит кунам, баъзе сарлавҳаҳоро бо хатти форсӣ навиштам. Аҷобат дар он буд, ки вокунишҳо мусбат  буданд ва ҳамхидматҳо меомаданду маро оғўш карда, суханҳои нек мегуфтанд.

Ҳафтаи дигар Оганесян хост газетаро бо хатти арманӣ ороиш диҳад, аммо сардор розӣ нашуд. Чун Оганесян пурсид, ки чаро ба Салимов мумкин асту барои ў не, сардор маънидорона ба мо нигаристу гуфт: Потому что Салимов поэт!

Ёдовар шуданам аз ин қисса бадон маънист, ки миллатҳои огоҳу бедор ҳамеша рисолати шоирро гаронтар аз рисолати дигарон медонистанд. Афсари рус ҳам бо он посухи кўтоҳ ҳушдорам дода буд, ки шоир муваззаф аст дар тиратарин шабон чароғи умеди миллатро фурўзон нигоҳ дорад. Чароғи умеде, ки фатилаву равғанаш ғурур ва ифтихори миллист.

Аслан, истиқлоли баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба даст омадаро намешавад барои миллати мо як воқеаи ногаҳонӣ номид, агарчи на ҳама тавони пазириши онро доштанд. Қишри пешқадами ҷомеа тавассути асарҳои устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва махусусан шеърҳои бедорфикронаву ватанхоҳонаи шоирони тавоно Ғаффор Мирзо, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ  кайҳо чунин  орзуро дар дил мепарвариданд. Мутаассифона, аз ин неъмати осон ба даст омада гурўҳҳои манфиатталаб тавре истифода бурданд, ки сур ҷои худро ба сўг дод.

Маълум аст, ки яке аз нуқтаҳои доғи ҷанги шаҳрвандӣ  Вахшонзамин буд. Он маҳфили адабие, ки бо роҳбарии шоир Пиримқул Сатторӣ то замони ҷанг амал мекард, замони даргириҳо пароканда шуд. Пас аз барқарории сулҳу фаро расидани замони осоишта, вақте ки имкони андаке барои эҷод муяссар гардид, дубора дар ин ҷо шуъбаи адабӣ фаъол гардид. Офоқ, Хайрандеш, Эшмуҳаммад Донахонов, Сайдулло Ятимов, Зариф Ибод, Сайдаҳмади Ҳасан, Зайниддини Ҷомӣ, Ғаффоралӣ Сафар, Хомарахш, Гулҷаҳон Ҳалимова, Амиршоҳи Хатлонӣ, Чўпон Бадал, Усмон Билолӣ ва Сайдулло Амин аз зумраи қаламкашоне ҳастанд, ки эҷодиёташон бо замони истиқлол рабт мегирад ва онҳо ҳамеша бо навиштаҳои худ мардумро ба ваҳдату якдилӣ даъват менамоянд.

Истиқлол имкон фароҳам  овардааст, ки ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои рушди истеъдодашон  аз шароити мувофиқ истифода кунанд. Ҳар ҳафта дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳин маҳфили адабӣ баргузор мегардад, ки дар он навиштаҳои эҷодкорони навкор аз ҷониби адибони баркамол ва донишмандони соҳаи адабиёт мавриди омўзишу таҳлил қарор мегиранд. Чи дар сатҳи вилоят ва чи дар сатҳи ҷумҳуриявӣ онҳо дар машваратҳои адибони ҷавон  иштирок варзида, маҳорати эҷодии худро сайқал медиҳанд. Имрўзҳо Аъзами Рауфзод, Садриддини Ҳасанзод, Кароматулло Садиров, Алиҷони Сарбандӣ, Саида Муҳиддинова, Зеварӣ, Зуҳал ва Сафармуҳаммади Аҳмад моро умед мебахшанд, ки дар ояндаи наздик бори адабиёти минтақаро ба дўш мегиранд. Ба нақди адабӣ рў овардани суханшиносоне ба мисли Дилҷў (Раҷабалӣ Худоёрзода) ва  Ҳасани Муродиён далели он аст, ки минбаъд танқиди адабӣ низ дар водии Вахш ба худ роҳ боз хоҳад кард.

Роҳбарияти вилоят барои мулоқоти адибон бо мардум ва сафарҳои эшон ба ноҳияҳо имконоти созгор фароҳам овардааст ва таъсиси ду ҷоизаи адабӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон, ки ҳамасола  асарҳои беҳтарин ба он пешбарӣ мегарданд, гувоҳи ғамхории мақомоти иҷроияи маҳал дар ин самт мебошад.

Мехоҳам ин навиштаро бо як воқеаи дигар аз ҳаёти сарбозиям хотима бахшам. Ҳафтаи аввали ба қисми низомӣ рафтанамон буд, ки  баҳсе барои ба даст гирифтани интизом шурўъ шуд. Ман, ки парвардаи мактабу адабиёти шўравӣ будам, ба миён даромада бо овози баланд: - Бас кунед, рафиқон, айб аст, охир мо одамони советӣ ҳама ба якдигар бародарем,-гуфтам. 

Бале, ойини ҳамзистии осоишта  муҳаббату дўстӣ мехоҳад, аммо бе доштани тавону қудрати муҳофизати худ нияти некро ҷомаи воқеият пўшонидан номумкин аст. Аз ин рў, аз тамоми сокинони кишвар дархости онро дорам, ки пайи таҳкими Истиқлоли кишвар камари ҳиммат банданд ва таъкидоди Президенти кишварро дар масъалаи аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳамеша дар ёд дошта бошанд.

Ҷашни Истиқлол барои ҳамватанон хуҷаставу ҳумоюн бод!

ОЗАР,

котиби масъули бахши бохтарии ИНТ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved