• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

7-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рўи панҷ номинатсия идома дорад.

Дар оғози маросими бошукўҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  зикр намуд, ки  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  тибқи Амри Президент аз рўйи панҷ номинатсия бо фарогирии мавқеъҳои бештар баргузор мешаванд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти АМИ ҷТ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигарон сухан гуфтанд. Баъд аз анҷоми қисмати муқаддимавӣ озмун дар ҳамаи номинатсияҳо ба кори худ шурўъ намуд.

Нахуст дар озмун аз рўйи 5 номинатсия аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иштирок намуданд. Минбаъд бо ҳамин тартиб намояндагони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида мешаванд.

 Дар Китобхонаи миллӣ 5 толори махсус  барои ҳар номинатсия ҷудо шудаву озмун дар онҳо ҷараён дорад.

Шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун аз рўи 5 номинатсия  269 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин:

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик - 67 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик - 62 нафар;

-дар номинатсияи адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик - 54 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон - 61 нафар;

-дар номинатсияи шоирӣ - 23 нафар мебошад.

Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 58 нафар аз шаҳри Душанбе.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рўи ҳар номинатсия  ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия ба се гурўҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд, аз ҷумла;

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

-калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

 

АМИТ «Ховар»

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved