• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАЛҚИ МО ПАЙВАНД БОШАД БО КИТОБ

 

7-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рўи панҷ номинатсия идома дорад.

Дар оғози маросими бошукўҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  зикр намуд, ки  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  тибқи Амри Президент аз рўйи панҷ номинатсия бо фарогирии мавқеъҳои бештар баргузор мешаванд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти АМИ ҷТ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигарон сухан гуфтанд. Баъд аз анҷоми қисмати муқаддимавӣ озмун дар ҳамаи номинатсияҳо ба кори худ шурўъ намуд.

Нахуст дар озмун аз рўйи 5 номинатсия аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иштирок намуданд. Минбаъд бо ҳамин тартиб намояндагони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида мешаванд.

 Дар Китобхонаи миллӣ 5 толори махсус  барои ҳар номинатсия ҷудо шудаву озмун дар онҳо ҷараён дорад.

Шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун аз рўи 5 номинатсия  269 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин:

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик - 67 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик - 62 нафар;

-дар номинатсияи адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик - 54 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон - 61 нафар;

-дар номинатсияи шоирӣ - 23 нафар мебошад.

Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 58 нафар аз шаҳри Душанбе.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рўи ҳар номинатсия  ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия ба се гурўҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд, аз ҷумла;

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

-калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

 

АМИТ «Ховар»

 

САВГАНДИ ВАТАНДОРӢ

 

30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дўстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

АҲДИ ҶАВОНМАРДӢ

Илҳом аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дасти деҳқон баски ҷунбондаст маҳди Пешво,

Содаву пурбовару сахт аст аҳди Пешво.

«Ман будам бо халқаму бо халқ ҳастам умрбод!» –

Ин шакар омад бурун аз кони шаҳди Пешво.

 

«Ҳамнафас бо халқи худ ҳастам, қасам бар Зоти Пок,

Чун маро танҳо зи халқам қудрату неру бувад».

Ҳар кӣ бошад бо Худо, оре, бувад бо халқи худ,

Ҳар кӣ бо халқ аст, оре, бо Худо ҳам ў бувад!

 

Халқи тоҷик Пешвояшро раёсат додааст,

Пешво бар халқи худ эъҷози ваҳдат додааст.

Халқи тоҷик Пешвояшро муҳаббат додааст,

Пешво бар халқи худ осуда давлат додааст.

 

Дар ҷаҳони қудрати дороиву ғавғову кин

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ доротарин.

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ донотарин,

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ волотарин!

 

«Аҳди ман аҳди ҷавонмардист бо халқу Ватан,

Ҷон ба ҷон бо халқ ҳастам, бо Ватан ман – тан ба тан!»

Пешво гўяд, ки дар ҳар ҳарфи худ дорад ниҳон

Қудрати Роғуну волоии Парчам аҳди ман!

 

Гарчи ҳар дам медиҳад олам зи хавфи нав хабар,

Давлатамро ҳифз месозам ман аз хавфу хатар!

Ин амонатро хиёнат ман накардам ҳеҷ гоҳ,

Ҳам намебахшам хиёнатро ба ҳар шахси дигар!

 

Парварад андешаи ман раҳнамоии дигар,

Кори дигар, фатҳи дигар, раҳкушоии дигар.

Ман барои гулшукуфти ин Ватан дорам ҳанўз

Дар бисоти хеш сад ҷони фидоии дигар!

Ато Мирхоҷа

ПОДОШИ ЗАҲМАТУ ИСТЕЪДОД

 

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Идомаи: ПОДОШИ ЗАҲМАТУ ИСТЕЪДОД

ПАДАРИ ҒАМХОРИ ХАЛҚ

 

Ифтихормандам, ки соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси эътимодноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам.

Соли як ҳазору нуҳсаду шасту нўҳ ба кишвари Афғонистон сафар намуда, дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ - Мазори Шариф - Шибирғон ва Мазори Шариф - ҳайратон (рў ба рўи шаҳри Тирмиз) тарҷумон будам. Он вақт ин мамлакати хеле қафомонда молу амволро дар роҳҳои каҷу килеб ва серчангу пурлой бо қофилаи маркабу аспу шутур интиқол менамуд. Давлати Шўравӣ дар Афғонистон умуроти  беназири ободониро анҷом дода, роҳҳои замонавии асфалтпўш эъмор кард ва тамоми марказҳои вилоётро бо ҳамдигар ва ба пойтахти кишвар васл намуд.

Идомаи: ПАДАРИ ҒАМХОРИ ХАЛҚ

ХУШ ОН ШЕЪРЕ…

 

ХУШ ОН ШЕЪРЕ…

Ба муаллифи Суруди миллӣ

Гулназар Келдӣ

Хуш он шеъре,

Ки бошад инъикоси қудрату

азму мароми халқ;

Идомаи: ХУШ ОН ШЕЪРЕ…

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved