• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

19-уми марти соли равон ба пешвози Њамоиши байналмилалии шоирони форсигўи њавзаи Наврўз дар Хонаи адибони Иттифоќи нависандагони Тољикистон мањфили шеъри шоири маъруф Рустами Вањњоб баргузор шуд. Дар мањфил адибону донишмандон ва донишљўён њузур доштанд. Раиси Иттифоќи нависандагон Низом Ќосим дар оѓоз баргузории Њамоиши мазкурро падидаи бисёр муњими адабї дониста, изњори умед кард, ки он дар сатњи баланд ва шоиста доир хоњад шуд. Номбурда Рустами Вањњобро аз љумлаи шоирони маъруфу донишманд номида, мањфилро њусни ифтитоњ бахшид.

Сипас мањфил бо шеърхонии Рустами Вањњоб ва иљрои сурудњои аз матни шоир эљодшуда аз љониби Њунарманди халќии Тољикистон Амриддини Кабир љараён гирифт. Њамчунин чанд шеъри шоирро ровиёни хушовоз ќироат намуданд, ки писанди њамагон гардид.

Мањфил бо иљрои суруди «Ватан гуфтам» ба анљом расид.

Шеъру сурудњоро њозирин бо бо табъи болидаву кафкўбињои пурмављ ќабул карданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved